Алишер НАВОӢ

ҒАЗАЛ

Ашрақат мин акси шамс-ил-каъси анвор-ул-ҳудо,
«Акси ёр андар қадаҳ бин» - омад аз ҷом ин садо.

Бошад андар ҷоми дил занги ғамон аз нақши ғайр,
Чун майи ваҳдат, ало, эй соқӣ, набвад ғамзудо.

Эй хуш он май, ки варо шуд чинии бишкаста зарф,
Ҷом шуд гетинамо, Ҷамшед гардад з-он гадо.

Ҷому май якҷо шавад,  аз баҳри ҷоме метавон
Сад ҷаҳон кардан нисор, аз баҳри май сад ҷон фидо.

Мешавад дар дайр расво ҳушманд, эй муғбача,
Ҷоми май гирӣ, аз ин девона мекун ибтидо.

То ки аз он май шавад дар ҷоми ботин ҷилвагар
Чеҳраи мақсуд, гардад маҳв он дам муддао.

Байни ҷому май биёяд дар амал тавҳиди хос,
Лафзи ҷому май бигардад худ ба як номе адо.

Ту дар он фикрӣ, ки ҷому бодаи дигар бувад,
Бехабар нафйаш макун майхорагонро, зоҳидо.

Ташналаб маншин, Навоӣ, чун зи соқии азал
Ҳар дам ояд «Ишрабу ё айюҳал-атшон» нидо.

Тарҷумаи  ХУСРАВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: