АЛЛАИ МОМОИ ЗАМИРА

Дар рафти кору рӯзгор баъзан воқеаҳое рух медиҳанд, ки дар хотираамон сахт нақш мебанданд.

 Чанд вақт инҷониб дар дил нияте доштам, ки дар ин бора чизе иншо намоям. Солҳои охири қарни гузашта   раиси иттифоқи касабаи ноҳиявии муаллимони Шофиркон Ширин Олимов гуфт, ки кори маслиҳатие ҳаст ва барои ин кӯмаки амалии шумо лозим.
Баъд аз сӯҳбат аён гардид, ки роҳбарони шуъбаи маорифи халқи ноҳия бахшида ба Иди Наврӯз байни муаллимон озмуне амалӣ намуданианд, ки бояд омӯзгорон дар он истеъдоди дигари хешро пешкаш гардонанд. Баҳри ин мақсад аз тарафи иттифоқи касаба маблағе ҷудо кардааст, бояд муаллимон мукофотонида шаванд.
Банда низ дар сафи ҳайати ҳакам будам, ба шарте ки аз тарафи радиои ноҳия бо рафти мусобиқа шунавандагонро шинос намоям.
Рӯзи сеюми озмун муаллимони мактаби рақами 15 ба саҳна баромада, мухаммасхониро ба забони модарӣ оғоз карданд. Баъд зани тахминан 35-40 сола бо гаҳвораву кӯдак ба саҳна баромад. 
Болои гилеми навакак ба саҳна паҳнкардашуда кӯрпача густурд ва гаҳвораро болои он гузошта, кӯдаки 1,5-2 соларо дар он баст. Ҳазориспанд дуд кард. Сураеро аз Қуръони карим қироат карда, гуфт, ки модар бо як бозу гаҳвораро, бо дигараш зиндагиро таконда, бо меҳр аллагӯён оламро меҷунбонад, бо аллаи модар ба ҷисми кӯдак аввало ҳисси меҳрубонӣ, ватандӯстӣ ҷой мешавад.  Бачае, ки дар кӯдакӣ аз модараш алла шунидааст, нисбати касе бадиро раво намебинад. Алла сурудест, ки ба ҷисми кӯдак ҷасоратро ҷо мекунад. Акнун барои шумоён аллаеро мехонам, ки бибиҷони меҳрубонам дар замонаш барои мо хонда будаанду имрӯзҳо барои набераҳои ширину шаккари худ мехонанд:

Алло мегӯм бароятон,  
Дар гаҳвора сарҳоятон. 
Алло, алло, гулам бошед,  
Саҳархез булбулам бошед. 

Алло, алло, дади бобош,  
Қурбонат шавад бобош. 

Алло, алло, гули бибеш,  
Доим обод бошад хонеш.  

Алло, алло, гули коко,  
Ба хизматаш доим тоғош.

Ва ниҳоят вақти ҷамъбасти озмун фаро расиду натиҷаҳо аз ғалбери ҳакамон гузашт. Аз рӯи натиҷа аллаи тоҷикӣ холи аз ҳама баландтаринро гирифт ва ба озмуни вилоятӣ тавсия карда шуд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ барои телевизиони вилоятӣ бо ҳамроҳии масъули барномаҳои тоҷикӣ Матлуба Одинаева аз хонаи Замира Ҷумъаева намоише оиди маросимҳои мардумӣ ба навор гирифтем. 
Ҷавоне давутоз дар хизмат буд. 
– Ҳамон кӯдаке, ки дар озмун ба гаҳвора баста будам, ҳамин кас мебошанд, – гуфт Замираапа табассумкунон. 
Дар озмун аллаҳо ба чор забон садо дода бошанд ҳам, аллаи тоҷикӣ чун «Ушшоқи Самарқанд»-и Берта Давидова ба дили ҳозирон ҳузур бахшида буд. Замира Ҷумъаева имрӯз гарчанд даврони пирӣ меронад, ҳамоно момои пурдида дар хизмати мардум дар саф аст.

Алимурод ТЕМИРОВ,
вилояти БУХОРО.

Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: