Дар замони пойдоргардии тамаддуни исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (асрҳои VII-IX) дар сарзамини бостониамон марказҳои машҳуру маъруфи ҳадисшиносӣ ва фиқҳшиносӣ низ ташаккул меёбанд.
Дар замони тиллоии даврони нахустини Бедории миллии Шарқ (асрҳои IX-XII) бо ташаккули академияи улуми Маъмун («Дорул-ҳикма») як теъдод мутафаккирони барҷаста дар Мовароуннаҳр арзи вуҷуд намуданд, ки бо асарҳои нодири худ ба рушду равнақи илмҳои дунёиву динӣ, ҳадису фиқҳ саҳми бендоза калон гузоштаанд.
«Аз ҳамин тоифаи алломаҳои намоён, ки дар асри XII зиндагӣ ва эҷод кардаасту дар аҳди ҳукмронии Қарохониён (999-1212) ба мақоми фақеҳи бузурги замон расидааст, зодаи шаҳри қадимии Косон, воқеъ дар қисмати шимолии вилояти Фарғона Мавлоно Алоуддин Абубакр ибн Масъуд ибн Аҳмад ал-Косонӣ (1110-1191) мебошад», навиштааст муҳаққиқи таърихи ислом аз Миср Аҳмад ибн Мустафо Тошкӯбризода дар асари худ «Табақот ал-фуқаҳо» (Қоҳира, 1961,саҳ.202). Алоуддин Абубакр илмҳои ибтидоиро дар зодгоҳаш – Косон, ки яке аз марказҳои калони сиёсиву фарҳангии давлати Фарғона буд, мегирад. Сипас, барои пурракуниву мустаҳкамсозии дониши худ ба шаҳри Самарқанд меравад. Дар он ҷо ӯ бо устоди ояндаи худ, фақеҳи маъруфи замонааш Мавлоно Муҳаммад Алоуддин Абубакр Самарқандӣ (соли фавташ 1144) шинос мешавад ва таҳсили илмро таҳти роҳбарии ӯ идома медиҳад. Охири асри XII дар Мовароуннаҳр вазъияти иҷтимоиву сиёсӣ хеле пуршиддат гардида буд. Муборизаву талошҳо барои тоҷу тахт байни сулолаҳои Қарохонӣ ва Ғазнавӣ ба авҷи баландаш расида буд. Дар ин гуна шароити пурталотуму пурбӯҳрон аксарияти олимону шоирон тарки ватан намуда, роҳ ба кишварҳои Шарқи Наздик гирифта буданд. Алоуддин Абубакри Косонӣ низ ҳамроҳи устодаш маҷбур шуданд барои идомаи таҳсил ва фаъолияти эҷодӣ ба сӯи кишварҳои Рум ва Сурия ҳиҷрат намоянд. Зеро аз тохтутозҳои харобиовари соҳибони салтанат ҳеч кас дар эмин намонда буд.
Муҳаммад Алоуддин Самарқандӣ дар соҳаи фиқҳ донишманди маъруф ва беҳамто буд ва дар мадрасаҳо оиди қонунҳои шариат ва аҳкоми ислом бо маҳорати баланд дарс мегуфт. Абубакри Косонӣ яке аз шогирдони болаёқати ӯ буд. Ҳамҷоя бо сабақомӯзӣ асари машҳури фиқҳии устодаш «Тӯҳфат-ул-фуқаҳо» («Тӯҳфаҳо ба фақеҳон»)-ро мутолиа намуда, ҷавобан ба он асари машҳури худ «Бадоеъ-ус-саноеъ фи тартиб-уш-шароеъ» («Санъатҳои бадеӣ дар баёни тартибҳои шариат»)-ро таълиф менамояд. Ас-Самарқандӣ бо асари шогирдаш ошно гардида, ба тарзи баён ва ба дониши амиқи Ал-Косонӣ баҳои баланд медиҳад. Сипас, духтараш Фотимаро, ки ба шогирдаш андаке дилгармӣ дошт, ба Абубакри Косонӣ ба занӣ медиҳад. Фотима, ки дар оилаи алломаи бузург тарбия ёфта буд, сарфу наҳви забони арабиро мукаммал медонист, Қуръонро ёд гирифта буду дар соҳаи фиқҳ дониши амиқе дошт. Асари падараш «Тӯҳфат-ул-фуқаҳо»-ро аз ёд медонист. Аз ин сабаб тибқи хабарҳои маъхазҳои мӯътабар дар зери фатвоҳои падараш имзо ва мӯҳри Фотима низ ба чашм мерасид. Оиди дониши баланди Фотима ас-Самарқандӣ муаррихи араб Ал-Қурашӣ Абӯмуҳаммад Абдулқодир ибн Абулвафо ибн Муҳаммад ал-Мисрӣ дар асари худ «Ал-Ҷавоҳир ал-мудиъ фит табақот ул-ҳанафия» (Ҳайдаробод, 1913, ҷилди II, саҳ.244) чунин ёдовар шудааст: »Падарам дар бораи устоди мукаммали мазҳаби ҳанафия будани Фотима ва маротиби бисёр баъзе хатоҳои шавҳарашро дар баёни фатво ислоҳ намудани ӯ ва аз ҷониби Ал-Косонӣ қабул гардидани нишондодҳои завҷаашро бисёр ҳикоя мекард».Зимни истиқомат дар Рум ӯ дар мадрасаи Анталия ба толибилмон аз фанни фиқҳ дарс мегуфт. Дар баҳсу мунозираҳо Ал-Косонӣ фикри худро бебокона қатъи назар ба кадом тоифа мансуб будани сомеъон рӯирост ва ошкоро баён мекард. Аз ин лиҳоз, баёни фикрҳои аз нуқтаи назари ислом адолатноки ӯ ба ҳукмдорони замон хуш намеомад. Боре Алоуддини Косонӣ бо яке аз фақеҳони дарбори Салҷуқиён – Имом Шаръонӣ оиди як масъала баҳс мекунад ва бо далелу бурҳони қатъӣ фикри худро собит месозад. Бинобар ҳамин сабабҳо солҳои 80-уми асри XII Қилич Арслонхони Салҷуқӣ (ҳокими Анталия) Ал-Косониро аз вазифаи мударрисӣ озод карданӣ мешавад. Аммо вазири соҳибтадбири ӯ ба Арслонхон тариқи маслиҳат мегӯяд, ки чунин донишманди воломақомро бидуни ягон сабаб қатъи лавозим намудан ҷоиз нест, беҳтараш ӯро ба шаҳри дигар чун сафир равон бикунад. Ва соли 1148 Қилич Арслонхон Абубакр Косониро ба назди ҳукмдори шаҳри Ҳалаби Сурия Нуриддин Маҳмуд ибни Зангӣ мефиристад. Ибни Зангӣ Имом ал-Косониро бо хушнудӣ истиқбол мегирад ва ба ӯ роҳбарии мадрасаи аз ҷониби худаш бунёдгардидаи «Ал-Ҳаловия»-ро таклиф мекунад. Муддати тӯлонӣ (наздики 40 сол) Косонӣ дар мадраса ба толибилмон аз сарфу наҳв ва фиқҳ сабақ омӯхта буд. Аҳли Ҳалаб дар чандин муҳокимаву мунозираҳо дониши баланди ӯро шоҳид гашта буданд. Косонӣ соли 1191 дар шаҳри Ҳалаб вафот мекунад ва дар қабристони «Мақоми Иброҳим Халил», дар назди қабри завҷааш Фотима ас-Самарқандӣ охирин макони худро дарёфтааст. Тавре ки зикр гардид, аз Имом ал-Косонӣ ба мо асари мукаммал дар фиқҳ – «Бадоеъ-ус-саноеъ фит тартиб-уш-шароеъ» расидааст. Асар солҳои 1327-1328 ҳиҷрӣ мутобиқи 1910-уми милодӣ дар Қоҳира, дар 7 ҷилд чоп шудааст. Асар дар соҳаи фиқҳ манбаи муҳими дастурӣ буда, бинобар фикри шарқшиноси Британия В. Маделунг «асар нусхаи беҳамто ва нодиру намунаи баланди соҳаи илми фиқҳи Ҳанафия ба шумор меравад». Боз як асари дигарро, ки «Ас-султон ал-мубин фи усул-ад-дин» ном дорад, ба қалами Косонӣ нисбат додаанд, ки то замони мо нарасидааст. Ба қавли олими намоёни фиқҳ, муаллифи асари маъруф дар соҳаи фиқҳ «Кашфуз-зуннун» Ҳоҷӣ Халифа: «Китоб ба куллӣ ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам мазмуну мундариҷа ба ҷисми худ монанд аст». «Бадоеъ-ус-саноеъ» – дар байни китобҳои соҳаи фиқҳ беҳамтост ва мавқеву мақоми ба худ хосро дорад. Аз ин лиҳоз имрӯз низ қимати илмиву амалии худро аз даст надодаасту дар бисёр донишкадаҳои динӣ ва университетҳои Аврупо чун манбаи муҳими шарҳи қонунҳои шариат манбаи омӯзиш қарор гирифтааст. Аз ин боис омӯзишу тадқиқи ҳаёт ва фаъолияти илмиву эҷодии Мавлоно Косонӣ ва интишори мероси илмии ӯ дар замони имрӯзаи пуршиддат низ аҳамияти калонро дорост.
Абдулвоҳид НУРИДДИНОВ,
доктори илмҳои фалсафа.