Президентҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дар ҳайати васеъ бо иштироки намояндагони ду мамлакат гуфтушунид карданд.
Роҳбари давлати мо бо қаноатмандии бузург вусъати мустақим ва пешрафтро бинобар тамоми самтҳои ҳамкории бисёрҷанба ва муфиди тарафайни ӯзбекистониву туркманистонӣ қайд намуд.
– Дар тӯли ҳазорсолаҳо халқҳои ӯзбек ва туркман паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зисту зиндагӣ карданд ва ҳамеша барои якдигар такягоҳ буданд, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев. Тӯли моҳҳои охир сарони ду давлат, инак бори шашум мулоқот мекунанд, ин нишондиҳандаи равшани муносибатҳои махсуси байни Ӯзбекистон ва Туркманистон аст.
Президенти мамлакати мо хидматҳои бузурги раиси Маслиҳати Халқии Шӯрои Миллии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро дар ташаккулёбии пойдевори мустаҳками ҳамкории замонавии мунтазам инкишофёбандаи ӯзбекистониву туркманистонӣ зикр намуд.
Таъкид шуд, ки иқтисодиёт ҳамчун муҳаррики муносибатҳои дуҷониба хидмат мекунад ва бояд барои истифодаи имкониятҳои бузурги кишварҳои мо саъю кӯшиши бештар карда шавад. Чунончи, тӯли солҳои охир савдои тарафайн суръати баланд пайдо кард.
Қайд гардид, ки минбаъд пурзӯр кардани робитаҳои байни доираҳои корчаллон, ҳамчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳо барои Минтақаи савдои наздисарҳадии ӯзбекистониву туркманистонӣ хидмат хоҳад кард, ки ба он имрӯз сарони ду давлат оғоз мебахшанд.
Ҷонибҳо ба рушди лоиҳаҳои кооператсионӣ эътибори махсус доданд.
Дар бораи пурзӯр кардани кор бинобар ташаккул додан ва татбиқ намудани лоиҳаҳои нав дар секторҳои бартаринок, аз ҷумла саноат, энергетика, соҳаи кимиё ва хоҷагии қишлоқ муоҳида ба имзо расид.
Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои стратегии ҳамкории тарафайн муайян гардид. Сарони давлатҳо ба муоҳида расиданд, ки гузаргоҳҳоро бинобар хатҳои Шарқ – Ғарб ва Шимол – Ҷануб, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои бандари Туркманбошӣ фаъолона инкишоф диҳанд.
Дараҷаи ҳамкориҳои тарафайни ду мамлакат дар соҳаи об бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Ҷонибҳо якҷоя татбиқи васеъмиқёси Шартнома оид ба дарёи Омуро, ки дар Тошканд имзо шуда буд таъмин менамоянд.
Минбаъд беҳтар кардани робитаҳои байниминтақавӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои маданиву инсонпарварӣ аз ҷумлаи афзалиятҳо маҳсуб меёбад. Президентҳо зарурияти фаъолтар кардани ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои илм, таълим, санъат, кино ва сайёҳӣ тасдиқ намуданд.
Соли оянда Рӯзҳои маданият ва кинои тарафайн, ҷашнвораҳои ҷавонон бо ҷалби васеъи тамоми вилоятҳои давлатҳои мо баргузор хоҳанд шуд.
Барои муваффақ шудан ба мақсадҳои пешгузошташуда ба имзо расидани Баённома дар бораи амиқсозии шарикии стратегӣ омили муҳим мегардад.
– Мо муътақидем, ки саъю ҳаракатҳои муштаракамон ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории нек, шукуфоии ду кишвар хидмат хоҳанд кард, – изҳор дошт дар анҷоми гуфтушунидҳо роҳбари Ӯзбекистон.