АЛПОМИШ РАМЗИ ДИЛОВАРӢ ВА САДОҚАТ

Ин достон эпоси қаҳрамонии халқиест, ки ҳамчун асари мустақил дар байни як қатор халқҳои туркзабон-ӯзбекон бо номи «Алпомиш», қазоқҳо ва қароқалпоқҳо бо номи «Алпамис», олтоиҳо бо номи «Алипманаш», бошқирдҳо бо номи «Алпомиша ва Барсинхилуд», тоторҳо бо номи «Алпамша» маъмул аст.

«Алпомиш» аз ҷиҳати пайдоиш ба замонҳои қадим, давраҳои модаршоҳӣ ва қабилавӣ мансуб аст. Дар ҳамаи нусхаҳои миллии ин достон асоси сюжет ҳамранг аст: дар қисми аввал сафари Алпомиш барои ба даст овардани Барчинойи нозанин ва мусобиқаи ӯ бо дигар талабгорони Барчиной, ғалабаи ӯ дар ин мусобиқа, тӯйи никоҳ, дар қисми дуввум юриши Алпомиш ба муқобили ҳокими қалпоқ Тойчахони тороҷгар ва ба чоҳ партофта шуда, ҳафт сол дар он ҷо маҳбас мондани ӯ тасвир мешавад. Озод шудан, ба назди Барчиной баргаштан, ӯро дар шаби тӯй аз дасти дигар талабгораш халос кардан ва писарчааш Ёдгорро дидани Алпомиш пуртаъсир нақл мегардад.
Бояд гуфт, ки ин достон дар байни мо тоҷикон низ бо хислатҳои муҳимаш маълуму машҳур аст. Чунончи, суруду бадеҳаҳои халқие, ки аз ҷониби бахшиҳо гуфта шудааст, аз доираи достонҳои қаҳрамонӣ хориҷ шуда, эҷодиёти анъанавии афсонаҳои қаҳрамониро дар бар гирифтааст. Ба ҷустуҷӯи Қарохон сафар карда, дар иҷрои шартҳои Барчиной ном шоҳдухтари зебо корномаҳо нишон додани Алпомиш ва ӯро ба занӣ гирифта баргаштан, Қултои золимро мағлуб намуда, зан ва хешу таборашро наҷот додани ӯ мундариҷаи достони «Алпомиш»-ро ба забони тоҷикӣ ташкил медиҳанд. 
Ҳамин тавр, ҷиҳатҳои хоси достони «Алпомиш» дар тасвири образҳо ва баёни воқеаҳо зоҳир мегардад. Алпомиш баҳодури софдил ва накӯкор аст, дар шахси хоҳараш Қалдирғоч ва ҳамсараш Барчиной, дӯстонаш Қароҷон ва Кайқубод беҳтарин хислатҳои халқ - диловарӣ, олиҳимматӣ, садоқат ва вафодорӣ таҷассум ёфтааст.

Солеҳи МУҲАММАДҶОН, 
ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: