АЛЯСКА ЧӢ ТАВР МУЛКИ АМРИКО ГАРДИД?

То нимаи аввали асри XIX Аляска, ки ҳамҳудуд бо уқёнуси Яхбастаи Шимолист, дар ихтиёри Русия буд.

То нимаи аввали асри XIX Аляска, ки ҳамҳудуд бо уқёнуси Яхбастаи Шимолист, дар ихтиёри Русия буд. Харитаҳое, ки  таърихи нисбатан куҳантари оламро инъикос кардаанд, дар қитъаи Амрико, аниқтараш қисми шимолии он низ аз мавҷуд будани заминҳои Русия гувоҳӣ медиҳанд. Вале он ҳудуд баъдтар моли ИМА қарор гирифт. Дар харитаи сиёсии дунёи имрӯза ба ду қисми аз ҳам ҷудои ИМА дучор меоем, ки дар шимолӣ ва ҷанубии Канада ҷой гирифтаанд.
Назар ба маълумоти манбаъҳои таърихӣ, дар ҳазорсолаи III то милод қабилаҳои эскимосҳо аз гулӯгоҳи Беринг гузашта, дар Аляска маскун шудаанд. Аз русиягиҳо аввал соли 1648 сайёҳ Семён Дежнёв ба ин ҳудуд қадам гузошт. Аммо кашфи ҳақиқии Аляскаро соли 1741 Витус Беринг ба амал баровард. Аз ҳамон вақт эътиборан Аляска мулки империяи Русия ҳисоб меёфт. Зуд-зуд задухӯрдҳо ба амал меомаданд дар ин қаламрав. Соли 1745 мулкдор Неводчиков бо киштиаш «Святой Евдоким» ба ин ҷо ҳуҷум карда, қабилаи маҳаллии алеутҳоро шикаст дод. Соли 1773 баҳрнавард Григорий Шелехов бо 192 нафар дар Аляска бунёдкорӣ намуд, ба шаҳраки Унасашка асос гузошт. 
Ба ин ҷо ворид шудани 8 нафар роҳиб ва бо ташаббуси онҳо барпо шудани аввалин ибодатхона низ дар манбаъҳо қайд ёфтаанд.
Сокинони маҳаллӣ шартан «ҳиндуҳо» (индеетс) номида шуда, онҳо асосан аз амрикоиҳо яроқу аслиҳа мехариданд ва алайҳи русҳо муқобилият нишон медоданд. Задухӯрдҳо байни лашкари рус ва ҷанговарони ҳинду солҳои 1802-1805 авҷ гирифтанд.
Боигарии асосии Аляска пӯсти гурбаҳои баҳрӣ ба шумор мерафт. Тоҷирони рус ба он таваҷҷӯҳи зиёд нигаронда, бинобар афзудани талабот ба мол гурбаҳои баҳрӣ қариб нест шуданд.
Аввалин губернатори Аляска Александр Баранов буд ва барои муътадил сохтани ҳаёт дар ин сарзамини барфпӯш саъйи зиёд кард.
Подшоҳӣ ба Аляска беписанд менигарист, «дарди сар»-и зиёдатӣ мешумурд. Баъди ҷанги Қрим, ки сустии флоти ҳарбии русро ошкор сохт, император Александри II бо маслиҳати сарфармондеҳи флоти баҳрӣ Константин Романов ба фурӯхтани Аляска қарор кард. Мувофиқи қарори императори Русия 3 майи соли 1867 Аляска ба 7 миллиону 200 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Русҳо, аз рӯи кор, аз мавҷудияти захираҳои зиёди тилло дар Аляска бехабар буданд ва бо баҳои ночиз онро фурӯхтанд.
Солҳои 1880-1896 дар ин ҷо тақрибан 1000 тонна тилло истеҳсол карда шуд, ки бо қимати соли 1905 14 миллиард доллар арзиш дошт. 

К. САЛОМОВ,
омӯзгори фанни таърих.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: