АМАЛИ НЕК ДАР МАКТАБ

Дар мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ амали хубе ба ҳукми анъана даромадааст.

Омӯзгорон Дилмурод Қӯзиев ва Ҳикмат Ҳикматов ҳар бор 40-50 дона китоби тозанашр ва ё китобҳои кӯҳнанашрро пешкаши дӯстдорони китоб мекунанд. Аз як тараф бо ин амали нек хонандаро  бо вазъи муҳити адабии кишвар ошно намоянд, аз ҷониби дигар завқи хониши бадеии хонанда афзун гардида, бедорӣ ва худшиносии ӯ ташаккул меёбад. 
Чанд рӯз муқаддам чанд номгӯй китоб, аз ҷумла  “Ватанҷон” ном маҷмӯаи шеърҳо барои наврасони Абдурасул Иброҳимзодаро харид кардам.   
Бегоҳӣ дар хона будам, телефон садо дод. Гӯшакро гирифтам. Набераи чаҳорсолаам Бунёд занг мезад. 
– Бобоҷон, ба ман китоб биёред. Имрӯз аз кӯдакистон ба ман китоб доданд, –  садо омад аз гӯшак. Ва шеърҳо хонд... 
Ёдам омад. Чанде пеш ба шаҳри Навоӣ рафта будам.  Бо Бунёд растаҳои китобро давр мезадем. Китобчаеро ба дасташ додам. Расмҳояшро тамошо кард ва китобро рӯйи раста гузошт. 
– Ин намешавад, дигарашро гиред. 
– Хуб, «амри подшоҳ воҷиб аст»,– гуфтам дар ҷавоб. 
 Аз растаи дигар китобчаеро интихоб кард, ки расмҳои рангаи зиёд дошт. 
Субҳи дигар ба мактаб рафта, китоби баргардондаамро ҷӯё шудам. Як дона монда будааст. Хушнудона китобро гирифтам. 
Бешубҳа, маҷмӯаи “Ватанҷон” барои  наврасони томактабӣ  ва  синфи  хурди  мактабӣ дастурамали хуб аст.  Дар  шеърҳо Ватан, меҳру муҳаббат ба волидон, дӯстдори табиат будан бо лаҳни бачагона хеле хуб тараннум ёфтааст.  Аз боби банди басти шеърҳо чизе гуфтанӣ нестам.  Вале аз рафиқони  мураттиб чанд дархост дорам. 
Аввалан, беҳтар аст, ки муҳаррир китобҳои чопшавандаро бодиққат таҳрир намояд.  Кӯдак ҳар як чизи дидаву шунидаашро айнан қабул мекунад.  То дер онро фаромӯш намекунад.  Иштибоҳоти имлоӣ хонандаро низ ба талаффузи дурушту иштибоҳ дучор месозад.  Дар саҳифаи  27 калимаи «фаровон» чун «фароваон» омада, дар саҳифаи 37 “Ҳарифонаш гаранг аст”-ро мехонем, ки сактадор асту шумораи мубтадою хабар мутобиқат надорад. Ба хонандаи хурдсол бехато пешниҳод намудани китоб беҳтар аст. 
Муқоваи китоб хеле хуб оро дода шудааст.  Агар расмҳои дохили китоб ҳам ранга оро дода мешуданд, нур болои нур мебуд.  Шавқу ҳаваси хурдсолон ба китобхонӣ чандин маротиб меафзуд.  Зеро кӯдакон ба расмҳои ранга завқи беандоза доранд.  Нархи китоб боло равад ҳам, китоби хуб харидор ва хонандаи худро меёбад. 
Айни замон асарҳои “Мактаби кӯҳна”-и Устод Айнӣ, “Ривояти суғдӣ” ва “Достонҳои Шоҳнома”-и С. Улуғзода ва дигар адибонро нашр намудан мувофиқи мақсад аст. Бешубҳа, ин гуна асарҳо дар бедорӣ ва худшиносии хонандаи тоҷики кишвар саҳм мегиранд. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми                                                                                                                                                                                   ноҳияи Нурато.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: