Амалиёти «Меҳр» – усули ӯзбекистонии бозгардонии занону кӯдакон аз минтақаҳои зиддиятнок
Дар Тошканд (14 майи соли равон) Ҷамъомади нахустини Шӯрои коршиносии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои реабилитатсия ва реинтегратсияи бозгаштагон: ҳамкорӣ барои ҷаҳони бехатар баргузор шуд. Таклифи мазкур аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев дар доираи «Дурнамои муштараки ҳаракат бинобар татбиқсозии Стратегияи ҷаҳонии зидди террористии СММ (ДМҲ), ки 3-4 марти соли 2022-юм созмон дода шуда буд, пешниҳод гардид. Ин чорабинӣ якҷо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раёсати зиддитеррористии СММ, Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ, САҲА бо дастгирии Идораи стратегӣ ва тадқиқоти байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, як қатор вазоратҳо ташкил карда шуд.
Амалиёти «Меҳр», ки аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон татбиқ мегардад, ба бозгардонии садҳо нафар занону кӯдакон аз минтақаҳои зиддиятнок дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон нигаронида шудааст.
Мақсади амалиёти мазкур таъмин сохтани ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии вай дар шароити мубориза бо терроризм ба шумор меравад.
Нотиқи махсуси СММ оид ба масъалаҳои рағбатноксозӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсону озодиҳои асосии ӯ дар шароити мубориза ба муқобили терроризм Финула Ни Илан ба муносибат бинобар бозгардонӣ, ки дар Ӯзбекистон истифода мешавад, баҳои баланд дод. Ин муносибат ба равандҳои муттаҳид сохтани оилаҳо ва ҷомеа нигаронида шуда, ба сифати намунаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи бозгардонӣ пазируфта мешавад. Вай ба ҳифзи ҳам манфиати кӯдак, ҳам таъмин сохтани реинтегратсияи мукаммали бонувоне, ки аз минтақаҳои зиддиятнок баргардонида мешаванд, эътибор медиҳад, инро бартарии соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ меҳисобад.
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ташаббуси ҳозирҷавобӣ ба вазъияти мазкур пешоҳангони ҷаҳонӣ дар соҳаи бозгардонӣ ва реинтегратсияи шаҳрвандони худ гардиданро ба зимма гирифтанд. Дар ҳолати то моҳи марти соли 2024-ум беш аз 2100 шаҳрванд дар ҷараёни амалиёти башардӯстона, ки кишварҳои минтақа созмон доданд, ба минтақа баргардонида шуданд. Аз ҷумла, Қазоқистон 754, Қирғизистон 511, Тоҷикистон 381 ва Ӯзбекистон 531 нафар шаҳрванди худро ба ватан баргардонданд.
Баъд аз бозгаштан шахсони баргардонидашуда, аксаран занон ва кӯдакон, аз барномаи оид ба реабилитатсия гузаштанд, ки чораҳои мушаххасро бинобар ба онҳо ёрӣ додан бобати қаробат пайдо карданашон дар оила ва ҷамъият дар назар дорад. Дар натиҷа ҳар кадом кишвар таҷрибаи зарурӣ ҳосил кард. Бо дарназардошти саъю кӯшишҳои минбаъдаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бобати бозгардонӣ, аз ҷумла нисбати кор бо ашхоси мураккаб, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд, мубодилаи таҷриба ва пурзӯр кардани ҳамкории байни коршиносони минтақавӣ ба саъю кӯшишҳои умумиминтақавӣ мусоидат менамоянд.
Ҳазорҳо нафар занону духтарон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон боздошта ё худ дар лагерҳои шимолу шарқии Сурия нигоҳ дошта шуданд. Аксарияти онҳо ба таҷовуз, зӯроварӣ ва шаклҳои дигари муомилаи қатъӣ гирифтор шудаанд, ки ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқат намекунад ва бинобар ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамчун ҷазо маънидод карда мешавад. СММ аз бисёр кишварҳо даъват ба амал овард, ки бозгардонии чунин ашхосро ба ватанашон таъмин намоянд. Ҳукумати Ӯзбекистон ба ин даъват оҷилона ҳамовоз шуд, шаҳрвандони худро бозгардонд ва онҳоро аз зӯроварӣ ҳифз намуд. Зиёда аз ин ин ашхос бо ҳуқуқҳои асосӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шуданд. Ин шаҳодати он мебошад, ки ҳам роҳбарият ва ҳам халқи Ӯзбекистон нисбати тақдири ҳамватанони худ бефарқ нест.
Саъю ҳаракати ба ин маънӣ анҷомдодаи Ӯзбекистонро метавон хеле хуб арзёбӣ кард, чунин саъю ҳаракат нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар арсаи байналхалқӣ низ дастгирӣ ва эътироф карда мешавад. Санад ва рақамҳои зерин инро қотеъона тасдиқ менамоянд. Аз оғози соли 2019-ум мувофиқи фармоишоти Президенти Ӯзбекистон таҳти унвони «Меҳр» амалиёти башардӯстона татбиқ карда мешавад, ки мақсади он ба роҳ мондани бозгардонии ҳамватанонамон аз лагерҳои кишварҳои Шарқи Наздик аст, ки онҳо нигоҳ дошта мешуданду дар онҳо амалиётҳои ҳарбӣ идома доранд. Ҳангоми татбиқ намудани амалиётҳои мазкур ба тақдири занону кӯдакон эътибори махсус дода мешавад.
Амалиётҳои башардӯстонаи «Меҳр-1» ва «Меҳр-2» боиси ба мамлакат баргаштани 220 нафар занону кӯдакон шуданд. Моҳи декабри соли 2020 дар ҷараёни фаъолияти башардӯстонаи «Меҳр-3» 23 зан ва 73 наврас аз Сурия ба Ӯзбекистон баргардонда шуданд. Моҳи марти соли 2021 Ӯзбекистон боз як амалиёти башардӯстона – «Меҳр-4»-ро татбиқ намуд, ки дар натиҷаи он 24 нафар аз Афғонистон ба ватан баргашт. Аз соли 2017 то соли 2021 аз Афғонистон 121 нафар ба ватан баргаштанд. Умуман ба шарофати саъю кӯшишҳои башардӯстона аз минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ 531 нафар баргардонида шуданд. Ин ҷараён бидуни ҳама гуна маҷбурият аз ҷониби давлат татбиқ карда шуд. Давлат бо дарназардошти вазъияти аз сар гузаронидаи ҳар як шахси дар минтақаи зиддиятнок буда мустақилона қарори ба Ватан баргардондани онҳоро қабул кард.
Барои тамоми ҳамватанони бозгашта дар доираи амалиёти башардӯстона аз ҷониби давлат бобати бомуваффақият мутобиқ шудани онҳо ба ҷомеа ва барқарор кардани ҳаёти осудаҳолона шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Бозгаштагон бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин гардиданд, ба онҳо кумакҳои тиббӣ ва маънавӣ, ҳамчунин моддиву ҳуқуқӣ расонида, барои қайду номнависии ҳуҷҷатҳои зарурӣ эътибори махсус дода мешавад. Зиёда аз он барои баъзе бозгардонидашудагон бинобар хоҳишашон баҳри хариди манзил вомҳои ипотекӣ ҷудо карда шуданд. Аксари онҳо бо пайвандони худ вохӯрданд ва дар хонаҳои худӣ зисту зиндагӣ мекунанд.
Бачагоне, ки дар минтақаҳои зиддиятҳои ҳарбӣ азиятҳои маънавиву ҷисмониро аз сар гузарониданд, дар марказҳои солимгардонӣ қарор доранд, бо хӯрокворӣ, сару либос таъминанд, ҳамчунин кумакҳои тиббӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ расонида мешавад. Онҳо ҳамчунин ба муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо ҷалб шудаанд, аз кумакҳои ҳомиён истифода мебаранд.
Бо эътимод метавон гуфт, ки таҷрибаи Ӯзбекистон бобати ташкил намудани кори бозгардонии ҳамватанон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо бо дарназардошти манфиати тамоми шаҳрвандон, ҳамчунин мувофиқи равандҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла, созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Муовини Котиби генералии СММ ва роҳбари Раёсати зиддитеррористӣ В.Воронков ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои созмон додани амалиёти самарабахши инсонпарварона бобати бозгардонии занону кӯдакон аз минтақаҳои зиддиятноки ҳарбӣ, ки аз санҷишҳои зарурии тиббиву реабилитатсионӣ гузаштанд, миннатдорӣ изҳор кард. Бинобар суханони ӯ таҷрибаи Ӯзбекистон барои бисёр кишварҳои дигар, ки ҳанӯз бинобар бозгардондани шаҳрвандони худ аз минтақаҳои зиддиятнок омода нестанд, ибратомӯз мебошад. Бо дарназардошти баҳои СММ метавон боэътимод таъкид кард, ки таҷрибаи ҳосилкардаи Ӯзбекистон бобати дастгирии шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои зиддиятноки ҳарбӣ баргаштаанд, намунаи ибрат аст. Зеро он дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаву эътироф мегардад ва бояд барои кишварҳои дигар, тамоми ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун намуна хидмат кунад.
Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор.