АМАЛКАРДИ БЕВОСИТАИ ҚОНУНҲО – КАФОЛАТИ САМАРАНОКИИ ИСЛОҲОТ

Дар давраи ислоҳоти суръатбаланди васеъмиқёс таҳия намудани қонунҳои хеле хуб омодагардидаи амалкарди бевосита талаби давр аст.

Мустаҳкам гардидани пойгоҳи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо дар асоси чунин қонунҳо – яке аз вазифаҳои муҳиме мебошад, ки дар назди парлумон қарор дорад.
Ба масъалаи мазкур Президент дар нутқаш дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-солагии Қонуни Асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳуда эътибори алоҳида надод, чунки такомули низоми сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, татбиқи бомуваффақияти ислоҳот аз бисёр ҷиҳат бо сифати ҷараёни қонунгузорӣ вобаста мебошад.
Зери роҳбарии Раиси палати поёнии парлумон Н.Исмоилов ҷамъомади навбатии Комиссия оид ба татбиқи Консепсияи такомули фаъолияти меъёргузорӣ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи гурӯҳҳои экспертӣ доир ба татбиқи Консепсияи такомули фаъолияти меъёргузорӣ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби комиссияи мазкур иҷрои 12 чорабинии банақшагирифташуда таъмин гардид. Аз он ҷумла нақшаи маҷмӯии чорабиниҳо доир ба таҳияи усули ягонаи омода намудани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, барномаи омода сохтани лоиҳаи қонунҳои амалкарди бевосита дар асоси таснифи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, нақшаи чорабиниҳо доир ба коҳиш додани ҳуҷҷатҳои идоравии зерқонун омода карда шуда, ҳамчунин чорабиниҳои амалии ҳамоҳангсозии илм ва татбиқи он дар қонунгузорӣ пиёда гардиданд.
Имрӯз ҳаҷми кор дар палатаи поёнӣ рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар зарфи солҳои 2016-2018 миқдори лоиҳаи қонунҳое, ки аз ҷониби палата баррасӣ гардидааст, ба ҳисоби миёна 2,5 баробар афзуд. Ҳамин тариқ, агар соли 2016 палатаи поёнӣ 49 лоиҳаи қонунро баррасӣ намуда бошад, дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ин рақам ба 134-то расид.
Ҳоли ҳозир ҳамаи лоиҳаҳои қонунро, ки ба парлумон пешниҳод мегардад, сифатнок гуфтан душвор аст. Дар давраи гузашта 68 лоиҳаи қонуне, ки ба палата пешниҳод гардид, 60-85 фоизашон таҷдиди назар ва тағйир дода шуданд. Аз он ҷумла қонунҳои «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ», «Дар бораи хидмати гумруки давлатӣ» ва дигарҳое, ки ба палатаи поёнӣ пешниҳод гардида, асосан аз меъёрҳои иқтибосӣ иборатанд, куллан аз ҷониби депутатҳо таҷдиди назар гардида, ба сифати қонунҳои амалкарди бевосита қабул гардиданд.
Ин дар навбати худ баланд бардоштани сифати фаъолияти қонунгузориро натанҳо дар парлумон, балки дар воҳидҳои ташаббускори қонунгузорӣ низ талаб менамояд. Зимни таҳияи лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби вазорат ва идораҳо то ҳанӯз чунин ҳолатҳои манфӣ мисли бартарияти манфиати танги идораҳо, таҳияи лоиҳаи қонунҳои пастсифат бидуни механизмҳои номушаххаси татбиқи онҳо ва амали рӯякии таҳлил роҳ дода мешаванд.
Дар ҷамъомад махсус таъкид ёфт, ки бартараф намудани чунин мушкилоти муҳиме, ки имрӯз дар соҳаи қонунгузорӣ вуҷуд дорад, мисли вуҷуд доштани бисёр ҳуҷҷатҳои зерқонунии идоравӣ, гуногунфаҳмӣ дар амали татбиқи онҳо ва ғайра вазифаи муҳими имрӯз ба шумор мераванд. Аз ин бар омада, ба баланд бардоштани масъулияти вазорат ва идораҳо доир ба сари вақт иҷро намудани Консепсияи такомули фаъолияти меъёргузорӣ ва вазифаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳои амалии татбиқи онҳо муайян гаштаанд ва ҳамчунин таҳияи сифатноки лоиҳаҳои дахлдор эътибор нигаронда шуд.
Зимни чорабинӣ таъкид ёфт, ки аз имрӯз палатаи поёнии парлумон ба сифати лоиҳаи қонунҳои пешниҳодгардида ва ҳамчунин мутобиқати онҳо ба принсипи амалкарди бевосита эътибори алоҳида хоҳад дод. Ин вазифаи аввалиндараҷаи кумитаҳои Палатаи қонунгузорӣ мебошад.
Дар поёни муҳокимарониҳо пешниҳодоте таҳия гардид, ки ба минбаъд пурзӯр намудани кор дар бобати татбиқи Консепсияи такомули фаъолияти меъёргузорӣ нигаронда шудааст. Қарорҳои дахлдоре, ки вазифаҳои навбатии муҳими комиссияро муайян менамоянд, қабул гардиданд.

Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: