АМАЛКАРДИ ҚОНУН БА ҚИМАТИ ОН МЕАФЗОЯД

Ду сол аст, ки дар кишварамон қонун «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» амал мекунад.

Коррупсия чаро садди роҳи пешрафту тараққиёти ҷамъият аст? Ин фасоди ҷамъият чӣ хатарҳое дар пай дорад? Перомуни ин  ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин иллат хабарнигорамон бо дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноят ва криминологияи Донишгоҳи давлатии юридикии Тошканд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саломат Ниёзова суҳбат орост. Инак, фишурдаи он.
– Саломат Сафаровна, вожаи лотинии «коррупсия» — яке аз навъҳои ҷиноят, дар фарҳангҳои соҳавӣ ба чӣ маънӣ корбаст шудааст?   
– Сари калобаи коррупсия ба ташкили нодурусти (камиву костиҳо) хидмати давлатӣ ва ҳолати равонии хидматгузорони давлатӣ рафта мерасад. Ин аз он далолат медиҳад, ки чорабиниҳои маъмуриву ҳуқуқӣ ва ташкилию идоравӣ бояд бар зидди коррупсия нигаронида шаванд. Коррупсия ҷиноят аст. Ҷиноятест, ки аз сӯйиистифодаи мансаб ба мақсадҳои шахсӣ бармеояд. Он яке аз навъҳои иқтисодиёти махфӣ мебошад. Вақте коррупсия мегӯянд, мардум дар бештари  ҳолатҳо, бо назардошти манфиатҳои шахсӣ аз шаҳрвандон ришва (пора) гирифтани мансабдорони давлатӣ ва даромадҳои пулии ғайриқонуниро мефаҳманд. «Коррупсия» аз вожаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънои «хароб кардан, ба ивази пора ба сӯйи худ кашидан» - ро ифода менамояд. Муаллифони энсиклопедияи ҳуқуқӣ ин вожаро бад-ин тарз шарҳ додаанд: «Коррупсия сиёсатест, ки  шахсони мансабдор «ҳуқуқи ба онҳо додашуда ва имкониятҳои ҳокимиятро барои афзудани сарвати шахсӣ ба кор мебаранд». 
Коррупсия дар «Фарҳанги вожаҳои юридикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «Аз мақому имкониятҳо истифода бурда, ғайриқонунӣ  имтиёз гирифтан, ба сарвати моддӣ ва дигар сарватҳои худ афзудан, ҳамчунин, барои ба даст даровардани  сарвату имтиёзҳо ба шахсони ҷисмонӣ ё ҳуқуқӣ имконият фароҳам овардани  шахсонест, ки ваколати иҷрои функсияҳои давлатиро дар ӯҳда доранд».              
Таҳлили шарҳу тафсирҳои болоӣ имкон медиҳанд, ки чунин  натиҷагирӣ кунем: якум, коррупсия  қабл аз ҳама ҳодисаи иҷтимоиест, ки таърифи дақиқи юридикӣ надорад; дар ниҳояти кор, бар асари ба меъёри ҳаррӯзаи ҳаёти ҷамъиятӣ табдил ёфтани ҳаракатҳои коррупсионӣ ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат рӯ ба инқироз меоварад; дуюм, доираи муайяни субъектҳои қонуншиканӣ мавҷуд аст, ки инҳоянд: хидматгузорони давлатӣ, шахсоне, ки ваколати иҷрои функсияҳои давлатиро доранд, ҳамчунин, шахсони ваколатдоре, ки дар сектори хусусӣ функсияи иҷро бар дӯши онҳост; сеюм, субъектҳои мазкур  мавқеи мансаби худ, вазифаи хидматӣ, мақоми ҳуқуқӣ ва нуфузи кориро зидди манфиатҳои давлат, созмонҳои сектори хусусӣ, ҳамчунин, қоидаҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ истифода мебаранд; чорум, субъектҳои мазкур  кору фаъолияти худро ба манфиати шахсӣ,  шахсони дигар ё манфиати кооперативӣ амалӣ гардонданашон мумкин. 
– Ҷомеашиносон коррупсияро садди роҳи пешрафту тараққиёти ҷамъият қаламдод кардаанд. Ин натиҷагириро шарҳ медодед.
– Мисли ҷиноятҳои дигар коррупсия низ садди роҳи пешрафти ҷамъият аст. Зеро ҷиноятҳо дар дили шаҳрвандон нисбат ба давлату қонунҳо ҳисси нобовариро меангезанд, волоияти қонунро аз байн мебаранд.
Ҷиҳати хатарнокии коррупсия дар он аст, ки шахси мансабдор — хидматгузори давлатӣ ба ивази пора талаби ғайриқонунии нафареро иҷро мекунад ё аз кирдору рафторҳои ғайриқонунии ӯ чашм мепӯшад, ки ин ба фоидаи давлату ҷамъият нест.
Мафҳуми ҷинояти коррупсионӣ нисбат ба ришвахӯрӣ (порахӯрӣ) васеътар аст. Яъне аз нуқтаи назари ҳуқуқи  ҷиноӣ коррупсия танҳо порахӯрӣ бошад,  дар криминология маънои бо олами ҷинояткорӣ иртиботи доимӣ доштани шахси мансабдорро дорад.
Мубориза алайҳи коррупсия сабабҳои бавуҷудоии ин ҳодисаи манфии иҷтимоиро ошкор месозад, ба омӯхтани ҷиҳатҳои ҳуқуқию криминологии он имконият фароҳам меоварад. Ин ҳама имкон медиҳад, ки мубориза алайҳи ин иллат натиҷаи матлуб бахшад.
– Ҷиноятҳои коррупсионӣ чӣ хатарҳое дар пай доранд?
– Якум, коррупсия аз нигоҳи сиёсӣ садди роҳи ислоҳотҳост. Шахси мансабдори ба доми коррупсия афтода манфиатҳои шахсӣ (сарватғундорӣ) ва хешу таборашро аз манфиати давлат боло мегузорад. Ин ҳама ба рушди сиёсиву иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ мегузорад.
Дуюм, доман паҳн кардани  ҷинояткорию коррупсия пояҳои конститутсионии давлатро суст мегардонад, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол месозад. Ба чунин натиҷагирии беасоси мардум: «Мақсад аз қабули қонуну фармонҳо сарфи назар кардани онҳост» замина мегузорад...
Сеюм, ҷинояткорию коррупсия пояҳои маънавию ахлоқии ҷамъиятро суст мегардонанд. Мавқеи шаҳрвандии аъзои ҷамъиятро ба нестӣ мебаранд. Дар шаҳрвандон нисбат ба дигаргуниҳое, ки ба амал татбиқ мешаванд, муносибати манфиро ташаккул медиҳанд.
Чорум, бояд нек донист, ононе, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ сарват ҷамъ овардаанд, барои ҳифзи он ва раҳоӣ аз ҷазо ба ҳар гуна кору амал омодаанд. Ин гунаҳо барои аз ҷазои  одилона раҳоӣ ёфтан, аз эҷоди бетартибиҳои оммавӣ низ рӯ намегардонанд.
Панҷум, баъзе нафароне, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба дороияшон афзудаанд, ҳаракат мекунанд, ки ба сифати «муҳофизони ҳуқуқ» ва «муборизони ҷоннисори демократия» вориди сиёсат гарданд.
Шашум, интегратсияи фаъол бо хоҷагидории ҷаҳонӣ, ба ҷараёни дигаргуниҳои иқтисодӣ ҷалб намудани соҳибкорон ва маблағгузорони хориҷӣ, имрӯз аз вазифаҳои умдаи Ӯзбекистон аст. Дар чунин шароит амалкарди коррупсия на танҳо шаҳрвандони покдили мамлакатро аз кор дилхунук месозад, балки дар дили ҳамкорони хориҷӣ  нисбати ҳамкорӣ ҳисси нобовариро бедор месозад...
– Дер бошад ҳам, дар кишвари мо механизми мубориза алайҳи коррупсия ба вуҷуд оварда шуд. Дар назар дорам Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия»-ро... 
– Бале, дар мамлакати мо барои пешгирии коррупсия механизми ҳуқуқии мубориза алайҳи коррупсия ба вуҷуд оварда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» (аз 3 январи соли 2017), ки 24 ноябри соли 2016 аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ қабул гардида, Сенат онро 13 декабри соли 2016 тасдиқ кардааст, далели рӯшани ин гуфта аст.
Дар қонуни мазкур вазифаҳо, доир ба ташкили чорабиниҳои тарбиявию таълимӣ, илмию амалӣ, муайян намудани фаъолияти субъектҳо бобати пешгирии  ҷиноятҳои вобаста ба коррупсия ва шахсони мансабдор, пешбинӣ шудаанд. Қабули барномаи давлатӣ низ муборизаро алайҳи коррупсия шадидтар месозад.
Комиссияи байниидоравии ҷумҳуриявӣ доир ба мубориза алайҳи коррупсия дар таркиби бонуфузе, ки роҳбариаш бар дӯши Сарпрокурори ҷумҳурӣ аст, ташаккул дода шуд. Ба таркиби комиссия шомил гардидани аъзои парлумон, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо, олимон ва аъзои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба беҳбуди кори он, муайян ва бартараф намудани (бо ҳамдастии намояндагони сектори сеюм) ҳолатҳои коррупсиониеро, ки дар корхонаву созмонҳои давлатӣ дучор меоянд, мусоидат менамояд.    
Қимати ҳама гуна қонун дар иҷрои он аст. Мо бар онем, ки Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» ба шаффофияти дарёи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Суҳбаторо 
А. СУБҲОНОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: