АМИР ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ — МОЯИ ИФТИХОРИ МО

Дар аҳди пеш аз дар ҳудуди Мовароуннаҳри бостонӣ — басе нобиғагони илму адаб ба камол расидаанд, ки бо мероси маънавии гаронбаҳои хеш ба рушду ғановати тамаддуни умумибашарӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Дар аҳди пеш аз дар ҳудуди Мовароуннаҳри бостонӣ — басе нобиғагони илму адаб  ба камол расидаанд, ки бо мероси маънавии гаронбаҳои хеш ба рушду ғановати тамаддуни умумибашарӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Яке аз чунин ашхос шоири соҳибистеъдод Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Падари Хусрави Деҳлавӣ — Сайфуддин Маҳмуд дар гирдупеши Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира) ба сар мебурд. Вақте муғулҳо ба Мовароуннаҳр ҳамлавар мешаванд, ӯ бо оилааш ба Ҳиндустон ҷилои Ватан мекунад. Дар он аҳд дар Деҳлӣ Шамсуддин Элтутмиш ҳукумат дошт. Ӯ Сайфуддин Маҳмудро бо унвони амирӣ сарафроз мегардонад. Баъди он ки  Сайфуддин Маҳмуд соли 1261 дар ҷанги зидди муғулон ҳалок мегардад, Хусрави ҷавонро бобояш Имодулмулк ба тарбияи худ мегирад. Модари Хусрави Деҳлавӣ — Давлатнозбегим низ дар таълиму тарбияи фарзанди худ саҳми назаррас гузоштааст.
Хусрав бо тахаллуси «Султонӣ» ба шеърнависӣ шурӯъ кардааст. Дертар ба сабаби он ки дар Деҳлӣ ба сар бурдааст, тахаллуси Деҳлавиро мепазирад. Деҳлавӣ аз шоиронест, ки дар ҳамаи жанрҳои адабиёт дасти тамом дошт. Ӯ шеъри форсии ҳавзаи ҳиндро ба зинаи нави рушд бароварда тавонист. Худи шоир гуфтааст, ки мероси ӯ 500 байтро ташкил медиҳад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид менамояд, ки таълифоти ӯ аз 99 китоб иборат аст. Баъзе тазкираҳо бар онанд, ки Деҳлавӣ  199-то китоб навиштааст. Бадеуззамони Хуросонӣ гуфтааст: «Ҳеч шоире мисли Амир Хусрави Деҳлавӣ шеъри бисёр нанавиштааст».
Мероси ғаноии шоир дар панҷ девон: «Туҳфат-ус-сиғар» («Армуғони ҷавонӣ»), «Васат-ул-ҳаёт» («Васати умр»), «Ғуррат-ул- камол», «Бақияи нақия», «Ниҳоят-ул-камол» ҷамъ омадаанд. 
«Қирон-ус-саъдайн», «Мифтоҳ-ул-футӯҳ», «Дувалронӣ ва Хизрхон», «Нӯҳ сипеҳр» намунаҳои назм ва насри шоирро дар мавзӯъҳои таърихию ахлоқӣ дар бар гирифтаанд.
Хазинаи маънавии дигаре, ки Деҳлавиро дар ҷаҳон машҳур гардондааст, «Хамса»-и дар пайравии Низомии Ганҷавӣ таълифнамудаи ӯст. «Хамса»-и ӯ достонҳои «Матлаъ-ул-анвор» «Ширин ва Хусрав», «Маҷнун ва Лайлӣ», «Оинаи Искандарӣ» ва «Ҳашт биҳишт»-ро шомил аст.
Хусрави Деҳлавӣ дар адабиёти форсӣ ба анъанаи бино ба фаслҳои умр тартиб додани девон ҳусни оғоз бахшидааст. Метавон гуфт, ӯ дар ин самт роҳнамои Ҷомӣ ва Навоӣ мебошад.
Алишер Навоӣ ба ҳаёт ва эҷодиёти салафи худ арҷ гузошта, аз ҷумла фармудааст, ки ӯ «Ғазанфари гаҳвораи назм ва самандари оташкадаи дарду ишқ» аст. Навоӣ дар муқаддимаи ҳар достони «Хамса»-и худ таъкид намудааст, ки дар ин ҷода, дар баробари Низомӣ ва Ҷомӣ ба ӯ Амир Хусрави Деҳлавӣ низ роҳнамоӣ кардааст. Қасидаи «Туҳфат-ул-афкор»-и ӯ ҷавоб ба қасидаи фалсафӣ-тасаввуфии «Дарёи аброр»-и Деҳлавӣ мебошад. Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат»-и худ Деҳлавиро дар қатори авлиё ба забон мегирад. Зеро Деҳлавӣ — муриди Низомиддини Авлиё (шайхи машҳури тариқати чаштия) то охири умр зинаҳои тариқатро тай намуда, ба мақоми «валиуллоҳ» расида буд. Ӯ дар ин ҷода аз баҳри номи шоҳонаи худ — Хусрав баромада, лақаби Муҳаммади Косалесро қабул кардааст.
Деҳлавӣ, дар баробари шоир будан, носир, адабиётшинос, мусиқишинос, муаррих низ буд. Асари аз панҷ рисола иборати ӯ — «Эъҷози Хусравӣ» ба масоили назарияи адабиёт бахшида шудааст. Мегӯянд, ки ӯ бо номи «Маноқиби Ҳинд» ва «Таърихи Деҳлӣ» асарҳои таърихие низ таълиф намудааст, вале ин асарҳо то ҳанӯз ёфт нашудаанд. Рисолаҳои мусиқии ӯ низ боқӣ намондаанд.
Деҳлавӣ бо забонҳои урду ва шеваи ҳинди шимолӣ низ эҷод кардааст. Деҳлавиро дар баъзе маворид «Садои Ҳиндустон» ва «Падари адабиёти урду» низ номидаанд.
Абулҳасан Явмиддин Хусрави Деҳлавӣ, ки ба мисли адибони дигар Мирзо Абдулқодири Бедил, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб, Зебуннисо ба рушди адабиёти форсии Ҳинд саҳми назаррас гузоштааст, мояи ифтихори мост.
 Ҳамидҷон Ҳомидӣ, Эргаш Очилов, Васфӣ,Чустӣ, Шоислом Шомуҳаммедов, Ҷамол Камол, Носир Муҳаммад, Ҷонибек Сувонқулов бо тадқиқот ва тарҷумаҳои бадеии худ дар шинохти Хусрави Деҳлавӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Фикр мекунем, дар шинохти ин шоири бузург олимон ва тарҷумонҳои ҷавон саҳми бештар мегузоранд.

Саттор ШЕРМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: