Амири Давлати Қатар ба шаҳри Самарқанд омад

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 июн Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ бо бозиди давлатӣ ба кишвари мо омад.

Дар фурудгоҳи Самарқанд Амири Қатарро Президенти Ӯзбекистон пешвоз гирифт.

Ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ду кишвар бардошта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

Сарони давлатҳо ба шоҳсуфа баромаданд. Маросими ботантана бо иҷрои суруду рақсҳои миллӣ баргузор гардид.

Чорабиниҳои асосии сафар фардо дар назар аст. Имрӯз раҳбарони ду кишвар якҷоя ба ҷойҳои ҷолиби шаҳри бостонии Самарқанд ташриф меоранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: