«АМИРСОЙ» ТАВАҶҶУҲИ БРИТОНИЁИҲОРО БА ХУД МЕКАШАД

Интернет-нашри машҳури бритониёӣ «Independent» мақолаи сафири бренди сайёҳии Ӯзбекистон дар Бритониёи Кабир Софи Ибботсонро таҳти сарлавҳаи «Барои чӣ Ӯзбекистон самти ҷолиби лижатозии кӯҳӣ ба ҳисоб меравад» нашр кард.

Муаллиф дар мақолаи худ нишебиҳои кӯҳии Ӯзбекистон, аз ҷумла бо мисоли «Амирсой», осоишгоҳи замонавии лижаронии кӯҳии сатҳи ҷаҳонӣ дар вилояти Тошкандро ба таври муфассал тавсиф менамояд. Вай бо мафтунӣ таъкид мекунад, ки “дар Ӯзбекистон барф нисбат ба ҳар гӯшаи ҷаҳон беҳтар аст”.
«Маҳз сифати барф бартарии беназири Ӯзбекистон аст. Он хеле сабук ва хушк аст ва ҳатто дар рӯзҳои гарм низ ҳамин тавр мемонад. Одатан, чунин барфро танҳо дар ҷойҳои баландтарин ба даст овардан мумкин аст»,  — шарҳ медиҳад муаллиф.
Дар мақола ҳамчунин зикр мегардад, ки дар солҳои 2019-2020 аввалин хатти «Амирсой» ба кор андохта шуд. Дар ин ҷо шумо метавонед дар чалетҳои боҳашамати дорои спа-марказҳо, инчунин, тарабхонаҳо ва барҳо бимонед. «Амирсой» инчунин беҳтарин роҳи симин дар Осиёи Марказӣ дорад. Муҳити зист дар маркази нақшаи рушди ин объект қарор дорад ва таҷрибаҳои беҳтарини дар ин ҷо татбиқшуда дар солҳои наздик ҳангоми азнавсозии Билдирсой ва Чимгон низ татбиқ карда мешаванд.
Илова бар ин, қайд карда мешавад, ки ширкати PGI ва Андорра, ки «Амирсой»-ро идора мекунад, беҳтарин сабақҳои дар кӯҳҳои Алп ва Пиренея омӯхтаашро  овардааст. Он барои бо энергияи электр таъмин кардани Амирсой панелҳои офтобӣ ва инчунин системаи автономии обтаъминкуниро барои тоза кардани оби партов насб кардааст. Истифоди партовҳо, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидор барои ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо дар минтақаи фароғатӣ дар рӯзномаи муҳим қарор дорад. Сарфи назар аз он, ки пандемия зарари муайян расонд, шароити барои сайёҳии лижатозӣ фароҳам овардашуда нуфузи Ӯзбекистонро ҳамчун яке аз самти ҷолибтарин барои намуди зимистонаи варзиш дар ҷаҳон мустаҳкам менамояд, қайд менамояд муаллиф. 

АИ «ДУНЁ»,
ЛОНДОН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: