Наврӯз яке аз ҷашнҳои ориёӣ буда, то ба имрӯз мардум онро бо тантана ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн мегиранд, ки боиси ифтихори мост.
Боз ин чӣ ҷавонист
заминрову замонро,
Наврӯз бадал кард ба дил
пиру ҷавонро.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои ориёӣ буда, то ба имрӯз мардум онро бо тантана ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн мегиранд, ки боиси ифтихори мост. Наврӯз иди бошукӯҳтарини тоҷикон маҳсуб ёфта, дар аксарияти мамлакатҳои Шарқ ҷашн гирифта мешавад. Онро бо пухтани хӯрокҳои миллӣ оғоз мекунанд ва дасторхони идонаро бо хуришҳо оро медиҳанд. Таомҳои наврӯзӣ, алалхусус суманак, ширбиринҷ, санбуса лазиз буда, ҷамъомадагон шукрона мекунанд, ки ба баҳори нозанин расиданд ва аз меваю таомҳои шахддори дасторхон истеъмол менамоянд.
Фасли Наврӯз омаду олам
мунаввар шуд,
Боғу бӯстон пур зи гулҳои
муаттар шуд!
Наврӯзи оламафрӯзро дар ҳар маҳал бо тантана ва бо хусусиятҳои гуногун пешвоз мегиранд. Аз ин рӯ, хостем оиди он ки ҷашни баҳориро дар шаҳру навоҳии вилояти Тошканд чӣ гуна пешвоз мегиранд, чизе нависем.
Дар шаҳри Чирчиқ Донишкадаи педагогии вилояти Тошканд низ ҷой гирифтааст. Иди Наврӯзро донишҷӯён, устодон, ходимони ин боргоҳи маърифат дар боғҳои истироҳати соҳили дарё ва ё дар гӯшаи табиат тантанавор ҷашн мегиранд. Одатан ба роҳбарияти донишкада сухан дода мешавад, вай ҳозиронро бо Наврӯзи олам муборакбод мекунад.
Наврӯзи навбаҳорон! Баробари ба забон овардани ин калимаҳо касро шодиву нишот фаро мегирад. Пеши назар олами рангину ҷаҳони пурнур, майсаву сабзаҳои навдамида омада, садои мусиқавори обшорон, суруди мурғони хушхон омехта бо насими форами баҳорӣ ба кас хурсандӣ мебахшад ва вай беихтиёр таронаҳои наврӯзиро замзама мекунад:
Наварӯси субҳи фирӯз
омадаст,
Сабза бо домони гулдӯз
омадаст.
Иди Наврӯз, ки ҳоло ҷаҳонӣ шудааст, инак дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон низ худнамоӣ дорад. Ман халқи азизи худ, аз ҷумла устодони азиз ва донишҷӯёни меҳрубонро бо ин ҷашн муборакбод сохта, барояшон хушнудиҳои рӯзгорро таманно месозам.
Наврӯзи навбаҳорон бар
дӯстон муборак,
Фарёди андалебон дар
бӯстон муборак.
***
Эй худованди замину осмон,
То ба наврӯзи дигар моро
расон!
Тиллоҷон НОСИРОВА,
омӯзгори Донишкадаи педагогии Чирчиқ.
Вилояти ТОШКАНД.