АНЪАНАИ ХОТИРМОН

Чанде пеш дар мактаби рақами 1-уми шаҳраки Нурафшон — маркази вилояти Тошканд зинаи сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ гузаронда шуд.

Чанде пеш дар мактаби рақами 1-уми шаҳраки Нурафшон — маркази вилояти Тошканд зинаи сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ гузаронда шуд. Қариб аз ҳамаи ноҳияҳои вилоят донишомӯзони мактабӣ ҳозир буданд. Дар баробари онҳо ходимони шуъбаҳои таълими халқи ноҳияҳо, роҳбарони мактабҳо, муаллимони фан ва падару модарони донишомӯзон ҷамъ омада буданд. 
Дар он аз шаш ноҳияи вилоят шогирдон иштирок карданд. Аз ҳар як ноҳия ғолибони озмуни ноҳиявӣ, ки ҷойҳои якуму дуюму сеюмро гирифта буданд, ба ҷараён роҳ дода шуданд. Озмун мувофиқи низом аз рӯйи ду шарт – иншо ва тест ба роҳ монда шуд.
Тилабов Шариддин аз ноҳияи Бӯстонлиқ, Ҳикматов Ҳикмат аз ноҳияи Чиноз, Бӯриев Искандар аз ноҳияи Паркент, Хайруллоева Фалина аз ноҳияи Бекобод, Раҳимов Зиёҷон аз ноҳияи Бӯка ва раиси комиссияи аппелатсионӣ Исфандиёр Алиев аз ноҳияи Бӯка ҳайати ҳакамот интихоб шуданд. Усули корбарии ҳар як амали ҷараён таҳти назорат қарор дошт. Раиси гузарондани ҷараёни озмуни вилоятӣ намояндаи Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Фозилов дар маҷлиси ифтитоҳӣ ҷиҳати шаффоф ва адолатнок гузарондани он сухан гуфт.
Ҳамин тавр, ду рӯзи аввал озмун дар байни донишомӯзони синфҳои 11-ум гузаронда шуд. Дар он понздаҳ нафар донишомӯзони мактабҳо иштирок намуданд. Ҷойи 1-умро донишомӯзи мактаби 17-уми шаҳри Ангрен Мирзаалимова Азиза (муаллимаш Марипова Ф.), ҷойи 2-юмро толибаи мактаби 47-уми ноҳияи Чиноз – Мунавварова Сурайё (муаллимаш Ҳикматов Ҳ.),ҷойи 3-юмро бошад, донишомӯзи мактаби 47-уми ноҳияи Бӯстонлиқ Шопатова Бону (муаллимаш Абдунабиев У.) ишғол намуданд.
Ин иқдом дар рӯзҳои сеюм ва чоруми озмун байни донишомӯзони синфҳои 10-ум идома ёфт. Дар ин гурӯҳ низ понздаҳ нафар иштирок карданд. Тибқи хулосаи ҳакамот ҷойи 1-ум ба донишомӯзи мактаби 17-уми ноҳияи Ангрен – Убайдуллоева Тиллобибӣ (муаллимаш Абдуқодирова Р.),ҷойи 2-юм низ ба талабаи ҳамин мактаб  Алимаматова Ҳадиса (муаллимаш Марипова Ф.),ҷойи 3-юм ба хонандаи мактаби 10-уми ноҳияи Ангрен – Шамсиддинова Робиа (муаллимаш Раҳимова М.) насиб гардид.
Ду рӯзи охири озмун дар байни синфҳои 9-уми мактабҳои ноҳия гузаронда шуд. Дар он 16 нафар донишомӯз ширкат варзиданд. Ҷойи 1-ум ба донишомӯзи мактаби 47-уми ноҳияи Чиноз Султонов Шукурбой (муаллимаш Ҳикматов Ҳ.), ҷойи 2-юм ба талабаи мактаби 15-уми ноҳияи Ангрен Исроилов Суҳроб (муаллимаш Дӯстов Ф.),ҷойи сеюм бошад, ба хонандаи мактаби 47-уми ноҳияи Бӯстонлиқ – Ҳикматуллоев Сиёвуш (муаллимаш Ш.Тилабов) насиб гардид.
Ин ҷо бамавқеъ аст чанде аз андешаҳои худро доир ба мавзуоти иншою тестҳои истифодашуда ва сифати кори донишомӯзон иброз намоям. Рости гап, мавзӯъҳои иншо дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб дода шуда буданд, вале дар интихоби онҳо каме ба саҳлангорӣ роҳ дода шудааст. Фаразан, барои синфҳои  9-ум мавзӯи “Мазмун ва мундариҷаи романи “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”-и Ҷалол Икромӣ” гузошта шуда буд. Якум, донишомӯзони синфҳои 9-уми мактабҳои таълими умумӣ ин мавзӯъро ҳанӯз тибқи нақшаи давлатӣ нагузаштаанд, дуюм мавзӯи номбурда дар китоби дарсӣ ба таври бояду шояд дода нашудааст.
 Ҷиҳати дигари масъала, тестҳо тавре тартиб дода шуда буданд, ки чандон ба талаби низоми озмун мувофиқат намекарданд. Масалан, ба синфи 10 саволҳо қариб ҳамагӣ аз забон ва адабиёти синфҳои 8-ум интихоб шуда буданд. Ва ҳол он ки  тибқи низом саволҳо бояд бештар аз синфи 10-ум интихоб карда мешуданд. Ҳамчунин тибқи низом бояд 30 савол интихоб карда мешуд, вале дар мактуби ирсолкардаи Вазорати таълими халқ 40 савол гузошта шуда буд.
Гузашта аз ин, мувофиқи низом бояд саволҳои мантиқӣ ҳам гузошта мешуданд ва саволҳо аз синфҳои гуногун интихоб мегардиданд, вале ин қоида дар он ҷо риоя нашуда буд.
Оиди сифати кори хонандагон бошад, гуфтан мумкин аст, ки дониши онҳо дар ҳадди миёна аст. Сари ин масъалаҳо бисёр гуфтан мумкин аст, зеро дар худи низом ҳам баъзе нуқсонҳо ба назар мерасиданд. Чунончи, ҳаҷми иншои сесоата дақиқан нишон дода нашуда буд. Зеро баъзе донишомӯзон 3-4 саҳифа ва баъзеи дигар бошад, то 7-8 саҳифа иншо навишта буданд.

Ҳикмат ҲИКМАТОВ,
аъзои ҳаками озмун.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: