АНЪАНАИ «УСТОДУ ШОГИРД» ДАР МАТБУОТ

Дар Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Дар матбуот анъанаи «устоду шогирд»: комёбиҳо ва муаммоҳо» бо иштироки мутахассисони соҳа ҷамъомад ба амал омад.

Матбуот аз муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор меояд, ки бидуни он ягон пешравие дар олами фарҳанг имконпазир нахоҳад шуд. Ҳаёт тақозо мекунад, ки муносибати байни одамон бо матбуот рӯз ба рӯз мустаҳкам карда шавад, бо бартараф кардани камбудиҳо соҳаи мазкур беш аз пеш такмилу инкишоф ёбад. Зеро ахбори саҳеҳу шаффоф, санҷидашуда ва навигариҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоиро маҳз, дар матбуот бештар мушоҳида кардан мумкин аст.
Тарбияи насли наврас, назорати кори онҳо аз ҳар ҷиҳат муҳим ва саривақтӣ менамояд. Хусусан, ҷавононе, ки дар соҳаи журналистика фаъолият доранд, бояд ҳамеша таҳти омӯзишу парвариши устодони худ қарор гиранд. Бар ин бино қавӣ гардондани анъанаи «устоду шогирд», ҳалли муаммоҳои мавҷудаи он масъулият талаб мекунад.
Имрӯз бо вуҷуди он ки мардум як андоза нисбат ба матбуот бефарқӣ зоҳир мекунад, он чун ҳамеша оинаи ҳаёти ҷомеа боқӣ хоҳад монд. Мактаби маҳорати эҷодкорон будани матбуот радношуданист.
Чанд сол пеш мепиндоштанд, ки дигар китоб аҳамияташро аз даст медиҳад, китобҳои электронӣ ҷойи китобҳои коғазиро ишғол мекунанд. Аммо таҷриба нишон дод, ки ҳеҷ гуна китоби электронӣ ҷойи китоби коғазиро гирифта наметавонад. Ҳар якеи он ҷойи худашро дорад. Инак, ин вазъи ногувор ба сари матбуоти чопӣ низ омадааст. Ин ҷараён ҳам ба зудӣ сипарӣ хоҳад шуд. Зеро интернет дар баробари манбаи хуби иттилоот будан нуқтаҳои заиф низ дорад ва наметавонад ҷойи матбуоти чопиро гирад.
Дар тадбир журналист О. Ӯсаров таъкид намуд, таҳририяте, ки дар он ҷавонон фаъолият мекунанд, таҳририяти пурзӯртарин ба ҳисоб меравад. Дарвоқеъ, қаламкашони ҷавон вақте бо дили гарм ба кор шурӯъ мекунанд, омодаанд, ки дар ҳар ҷодаи ҳаёт қувваозмоӣ карда, аз ҳаёти одамони касбҳои гуногун мақолаҳои хонданибоб нависанд ва камбудиву комёбиҳои ин ё он соҳаро нишон диҳанд.
Ҷамъомадро устодони ботаҷрибаи соҳаи матбуот ба дарси маҳорату малака табдил доданд. Донишҷӯён бо таваҷҷуҳи алоҳида ба гуфтаҳои онҳо гӯш фаро меоварданд. 
Дар тадбир таъкид гардид, ки журналисти оянда набояд аз чоп нашудани мақолаҳояш рӯҳафтода шавад, балки боз ҳам зиёдтар кӯшиш карданаш дуруст меояд. Онҳое, ки барои нашри мақолаҳои ҷавонон бо ҳар роҳ монеа мешаванд, пас, дилсӯзи матбуот нестанд. Ҷавонон бояд худашон мавзӯъ интихоб карда, масъалагузорӣ намоянд. Журналисти воқеӣ бояд ҳадди ақалл як сол бо тасҳеҳ сару кор дошта бошад, то ки аз хурдтарин камбудиҳои матн огоҳ шавад ва нозукиҳои таҳриру таълифро мукаммал омӯзад. Анъанаи «устоду шогирд»-ро аз нав барқарор ва такмил кардан лозим аст, зеро пешравии матбуот маҳз, ба ҷавонони босалоҳият вобаста аст.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: