Дар Бухоро бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, инчунин, кормандони ҷавону собиқадорони меҳнати Садорати вилоятии вазъиятҳои фавқулода «вохӯрии се авлод» ба амал омад.
Дар чорабинӣ прокурори вилоят Улуғбек Ҳамдамов, сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Икромҷон Турсунов, роҳбарон, аъзоёни «Шӯрои фахриён», хидматчиёни ҳарбии Садорати вилоятии вазъиятҳои фавқулода бо аҳли оилаашон иштирок карданд. Дар давоми вохӯрӣ бо хидматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо суҳбат ба амал омад.
Басуханбаромадагон чун дар дигар соҳаҳо ба хидмати рӯзмарраи ҳарбӣ низ самараи дилхоҳ додани анъанаи «устоду шогирд»-ро таъкид карданд. Дар ҷараёни чорабинӣ ба 35 нафар фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ барои дохилшавӣ дар равияи бакалавриати таълими рӯзонаи муассисаҳои таълими олӣ бинобар квотаҳои иловагӣ тавсияномаҳо супорида шуданд.
Дар мулоқот ба як гурӯҳ хидматчиёни ҳарбӣ рутбаи навбатии ҳарбӣ ба тарзи тантанавӣ супурда шуд.
А.АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.