АНЪАНАҲОИ МУНОСИБАТИ БАЙНИҲАМДИГАРӢ

Имрӯз ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон бар пояи тамоюлҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар, эътимод асос ёфтааст.

Муҳимтарин самтҳои робитаҳои гуногунҷанбаи тоҷику ӯзбек ҳамкориҳо дар арсаи тиҷоративу иқтисодӣ буда, бешубҳа ба ташаккули фазои нави ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. 

Алалхусус, корҳои пурсамаре, ки вақтҳои охир ба амал омад, ба пурзӯр гардидани муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ хидмат мекунад. Афзоиши назарраси ҳаҷми савдои дуҷониба, амиқтар шудани робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи саноат, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва имкониятҳои иқтисодии ду кишвар ба назар мерасад. 
Дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, таъсиси корхонаҳои муштарак созиш ҳосил гардид. Соҳибкорон ба кирмакпарварӣ, ба истеҳсоли атласу адрас таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунанд. Чанде қабл, дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли матоъи миллии дар ҷаҳон машҳури атласу адрас, ки ба феҳристи таҷрибаҳои пешқадами ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси мадании ғайримоддӣ дохил шудаанд, кушода шуд.
Ҳоло дар корхона 3 дастгоҳи автоматӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо 10 рулонӣ матоъи пурқиммат истеҳсол мекунад. Оянда гузоштани боз 7 дастгоҳ дар назар дошта шудааст.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш ҳайати вакилон иборат аз намояндагони корхонаҳои хусусии саноатии Тоҷикистон, бо мақсади кушодани як қатор корхонаҳои муштараки истеҳсоли матоъҳои қиматбаҳо ба Ӯзбекистон ташриф оварда буданд. Меҳмонон аз мутахассисони касбӣ оиди истеҳсоли атласу адрас, ки маркази таърихии ин матоъ шаҳри Марғелони вилояти Фарғона мебошад, дарси маҳорат гирифтанд ва бо корхонаҳои истеҳсоли кирмакпарварӣ шинос шуданд. 
– Агар чанд сол пеш бисёр фермерон парвариши кирмакро ба зимма гирифтан нахоста  бошанд, пас имрӯз ба ин кор шавқу ҳавас пайдо шуд, – мегӯяд роҳбари ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Пиллаи тоҷик» Бобоқул Мирзо. – Он бо чӣ алоқаманд аст? Дар байни истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ фикри муайяне вуҷуд дорад: гӯё ки кирмакпарварӣ ҳамчун шуғли касбӣ даромади паст дорад. Дарҳақиқат, дар кирмакпарварӣ даромад кам не, харҷ зиёд аст.
Хусусан барои рӯёндани як қуттӣ тухми кирмак майдони калон лозим аст, кирмак ҳарорати муайян ва назорати доимиро талаб мекунад, то ки ҳашароти дигар ба хона надарояд. Бинобар ин, пилларо бо усулҳои кӯҳна, мисли пештара бояд парвариш кард, ки хеле гаронбаҳо аст. Имрӯз вазъият тағир ёфтааст ва мо мебинем, ки ин ба паҳн шудани пудрати оилавӣ дар кирмакпарварӣ алоқаманд аст. Барои кам кардани хараҷот биноҳои махсуси мобилии сайёр сохта шудаанд, ки арзиши аслии он нисбатан арзон аст.
Кирмакпарварии Ӯзбекистон дар ҷаҳон дар сатҳи хеле баланд аст. Аз ҷумла, аз ҷиҳати истеҳсоли пиллаи абрешим баъд аз Хитой ва Ҳиндустон ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Имрӯзҳо мутахассисон зотҳои нав ва дурагайи кирмакро, ки ба шароити иқлими Ӯзбекистон мувофиқанд, парвариш карда истодаанд, таъкид кард роҳбари ҶММ «Интертола» О.Сапарова. Дар давоми чор соли охир дурагаҳо офарида шуданд, ки ба рӯйхати давлатӣ қариб ҳашттои он дохил карда шудаанд. Ғайр аз ин навъҳои нави тут, ки бояд ба сармою касалиҳо тобовар бошанд, ба вуҷуд оварда мешаванд.
Бо дарназардошти наздикии маданӣ ва ба ҳам монанд будани анъанаҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик минбаъд ҳам вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли тухми абрешим, матоъ дар қаламрави Тоҷикистон хеле муҳим аст.
Дар рафти сафар ҳайати вакилон дар бораи дар ҳудуди Тоҷикистон кушодани як қатор корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли абрешим ва матоъҳои қиматбаҳо шартнома имзо карданд. Ин боз як зуҳуроти равшани саъю кӯшиши тарафҳо ба мустаҳкам намудани муносибатҳои қадимии дӯстӣ ва некҳамсоягии байни ду халқи бародар дониста мешавад, ки имкон медиҳад анъанаҳои неки густурдаи ду кишвар давом дода шавад
Инчунин, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд оид ба таъсиси корхонаи муштараки ҶММ «ASL OYNA» оид ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда созиш ҳосил гардид.
Ширкати ҶММ «ASL OYNA»-и Ӯзбекистон истеҳсолкунандаи пешбари зарфҳои шишагӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Яке аз бартариҳои асосии шиша комилан безарар будани таркиби он ба саломатии инсон мебошад.
Корхонаи муштарак бо мақсади рафъи самараноки оқибатҳои бӯҳрони бавуҷудомадаи пандемияи нави коронавирус ба ворид шудан бо роҳи барқарорсозии иқтисодиёт 200 ҷойи нави корӣ таъсис дода, ба коҳиши шумораи бекорон дар вилояти Суғд мусоидат мекунад. Ҳадафи лоиҳа, инчунин мусоидат ба рушди устувори истеҳсоли ашёи шишагии босифат дар Осиёи Марказӣ тавассути татбиқи таҷрибаҳои истеъмоли устувор ва истеҳсолот, инчунин ворид шудан ба бозорҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳоло сохтмони филиалҳо бо суръати тез давом дорад.
Муносибатҳои дуҷониба, ки ба шарофати саъю кӯшиши сарвари ду давлат инкишоф меёбанд, ба таҳкими иқтидори кишварҳои мо дар арсаи байналмилалӣ, рушди иқтисод ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунанд.   

Холмурод САЛИМОВ,
журналист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: