Андарзҳо

(Аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ)

(Аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ)

Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ  асар бошад.
Ҳеч сайқал накӯ нахоҳад кард,
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Саг дар дарёи ҳафтгона машӯй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хар(р)и Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.
            ***
Устоду муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор
            ***
Писареро падар васият кард,
К-эй ҷавонбахт, ёд гир ин панд.
Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю давлатманд.
            ***
Ҷаври душман чӣ кунад, гар накушад толиби дӯст,
Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ баҳаманд.

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: