АНДАРЗҲОИ

БУЗУРГОН

«Зан зан зи вафо шавад, зи зевар нашавад», яъне зан на ба зевар, балки бо вафову садоқати худ боиси дӯст доштани шавҳараш мегардад. 
«Зан зан зи вафо шавад, зи зевар нашавад»,
Сар сар зи вафо шавад, зи афсар нашавад.
(Абулмаҷди САНОӣ).
***
«Зани мардум магир, ҳарчанд ки ҳур аст».
Ҳотам гуфт: – Чунин хоҳам кард. Валекин ҳеч кас бе аҷал намурдааст, бо роҳи наздик хоҳам рафт.
Пир гуфт: – Эй ҷавон, нашнидаӣ, ки корафтодагон гуфтаанд: «Ба роҳи дида рав, ҳарчанд ки дур аст, зани мардум магир, ҳарчанд ки ҳур аст».
(Аз «Саргузашти Ҳотам»).
***
Зани нек дар хона ноз асту ганҷ,
Зани бад чу дев асту мори шиканҷ.
(Асадии ТӮСӣ).

Омодакунанда Б. ТАҲМИНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: