Агар хоҳӣ, ки беандоза андӯҳгин набошӣ, ҳасуд мабош.
Агар хоҳӣ, ки камдӯст набошӣ, кина мадор.
***
Агар хоҳӣ, ки туро девона нашмаранд, он чӣ ноёфтанӣ бошад, маҷӯй.
***
Агар хоҳӣ, ки пардаи ту дарида нашавад, пардаи касе мадар.
***
Агар хоҳӣ, ки зирак бошӣ, рӯйи худро дар оинаи касон бин.
***
Чаро дӯст хонӣ касеро, ки аз душмани дӯстони ту бувад.
***
Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, ба дӯст магӯй.
***
Фосиқи мутавозеи (хоксори) инҷаҳонҷӯй (дунёпараст) беҳ аз обиди мутакаббири онҷаҳонҷӯй.
Таҳияи
Ш. МАҲМУДҶОНОВ.