АНДЕША ВА РОЗҲО

Гузашти умр

Пазмоншавист маро ба айёми ҷавонӣ, аммо он барнагардад чун ҷавонии табиат – гулафшони баҳор. Хушӣ, шӯру исёнҳои вай куҷо шуданд?!
Баҳори умрамро беш аз пеш пазмон шавам, бо вуҷуди он ки такрор нашавад ва ман ёри сиҳиқадро дигар нахоҳам дид.

Диёре буд...

Диёре буд хушбоду ҳаво, нахлҳояш гулбасар, ҳавояш муаттар. Зеботар мегардид диёр аз ҳусну ҷамоли ёри шонздаҳсола. Он ҳам ҷавонӣ буд, ки то ҳол аз ёдаш дилам гум занад, таппишаш беш гардад.

Чӣ дидам?

Маро ҳам баҳори умр буд, акнун расидаам ба тирамоҳи он. Аз дидаҳоям чӣ хулоса бардоштам? Дар роҳи умр киро озор додам, киро дилбардорӣ кардам.
Умр даргузашт, инак, офтоби умр рӯ ба ғуруб мениҳад. Умр гӯиё буду набуд. Балки ба ҷойи он як рӯъё, хоб буд. Ҳай, дареғи умри инсон...
Ӯктам ИБРОҲИМ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: