АНДЕШАҲОИ ИРФОНӢ ВА МУСАВВИР

Дар Ӯзбекистон санъати тасвирӣ пеш рафта, барои рассомон шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.

Онҳо анъанаи мусаввирони пешинро идома дода, бо интихоби шаклу шеваи нав дар ин ҷода соҳиби дастовардҳои назаррас гардидаанд. Асарҳои рассомони мо на танҳо дар мамлакат, балки дар хориҷ низ мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифта, як зумраи он шуҳрати ҷаҳонӣ низ касб кардааст. Аз ин мактаб рассомони насли муосир истифода карда, маҳорату ҳунари худро сайқал медиҳанд ва намоиши асарҳои худро баргузор менамоянд.

Зебинисо Шарифова аз ҷумлаи ҳамин гуна рассомони тоҷиктабори Ӯзбекистон буда, дар Бухоро ба дунё омадааст ва дар Тошканд мақоми шоиста ба даст овардааст. Вай аз мактаби рассомони гузашта ва муосир омӯхта, дар ин ҷода муваффақ гардидааст. То кунун намоиши асарҳояш дар Тошканд, Душанбе, Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо баргузор гардидааст.
Зебинисо диди хос ба зиндагӣ ва муҳити атроф дорад ва бо сабки ба худ хос асар меофарад. Вай манзараҳои дилфиреби диёр, арку мадрасаҳои бузурги Бухоро, кӯчаву паскӯчаҳои шаҳри таърихӣ ва одамони сину соли гуногуни кишварро тасвир карда, дар интихоби макону замон маҳорати хос дорад. Ӯ дар пейзажҳои худ сужетҳои мукаммал офарида, дар интихоби рангҳо ниҳоят дақиқкорона муносибат менамояд ва асарҳои офаридааш дар ин жанр тамошобоб мебошанд. Дар интихоби манзара низ назари нек дорад ва аз табиат, офтобу моҳ, осмони нилгуну замини беканор истифода карда, олами атроф, аз ҷумла кӯҳҳо, дарёҳо, рудҳо, дарахтон, боғу токзорҳо ва аз ҳама муҳим одамони касбу кори гуногунро бо килки сеҳрофаринаш тасвир карда, ҳар як асараш мукаммал, баландғоя, дилчасп ва таъсирбахш мебошад.
Дар тасвирҳои хаёлангезу сиюреалистии ӯ бештар рангҳо нақши асосӣ доранд ва онҳо дар суввари хаёли рассом мисли садои мусиқӣ садо дода, пасту баланд, торику равшан ва сиёҳу сафед мешаванд. Дар онҳо гоҳе тақдири инсон, баъзан рӯзгори нобасомони ӯ тасвир шуда, аз табиат ва муҳит моҳирона истифода менамояд. Дар ин гуна асарҳои рассом ҳаракати қалам, рангҳои равшану мукаммал бештар истифода шуда, олами ботиниаш пурра ифода меёбанд.
Зебинисо портретҳои бадеӣ низ тасниф менамояд. Онҳо ҷаҳони фалсафии рассомро ифода карда, ба давраҳои мухталиф тааллуқ доранд. Дар ин гуна асарҳояш рассом аз манбаъҳои асотирӣ, афсонавӣ ва таърихӣ фаровон истифода менамояд. Образҳои асотирии Симурғ, Ҳумо, Каюмарс, Ҷамшед, Манучеҳр, Рустаму Суҳроб ва дигар образҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар тассаввури раcсоми чирадаст бо шаклу шеваҳои гуногун тасвир шуда, ҷанбаи баланди фалсафиву иҷтимоӣ доранд. Вай маросимҳои миллиро низ ба хубӣ инъикос карда, ба сару либос, манзараву муҳит аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар баъзе асарҳояш «Наврӯз» ва шукуҳу шаҳомати он баръало мушоҳида мешавад. Вай ба ҳадияи омадани баҳор, дигаргун шудани табиат, баромадани бойчечак, шухии кӯдакон ва шодии хурду калон, ки аз маросимҳои Наврӯз сарчашма мегирад, аҳамият медиҳад ва онҳоро бо маҳорати баланд дар асарҳояш тасвир менамояд.
Солҳои охир Зебинисо рӯ ба ирфон оварда, чеҳраҳои барҷастаи пирони тариқатро бо осори гаронбаҳояшон бештар мутолиа менамояд ва дар як силсила асарҳои мукаммалаш мавзӯъҳои ирфониву тасаввуфиро ҷой кардааст, ки ниҳоят ҷолиб мебошанд. Вай ҷараёни тасаввуфро, ки фалсафаи классикии исломиро дар бар мегирад, ҷиддӣ омӯхта, бо таъсири он асарҳои мукаммали фалсафиву ирфонӣ таълиф намудааст. Дар онҳо руҳи пирони тариқат, мисли Ал-Қушайрӣ, Алии Ҳуҷравӣ, Абуҳомиди Ғаззолӣ, Абуҳифси Суҳравардӣ, Муҳйиддини Арабӣ, Ҳаким Саноӣ, Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ баръало эҳсос шуда, таъсири осори онҳо дар тасвирҳои рассом бо шаклу шеваи хос ифода меёбанд. Дар чунин асарҳо бештар мазмунҳои ирфонӣ ҷой гирифта, образҳои рамзиву тамсилии тасаввуфӣ ба воситаи рангҳо ифода меёбанд. Вай аз персонажҳои ирфонӣ, образи майу маъшуқа, пиру мурид, баҳси дарвешон, сафари қаландарон, хирқаву дастори орифон, кафшу маҳсӣ ва дигар ашёву предметҳое, ки сӯфиён истифода мекарданд, моҳирона истифода намуда, дунёи рангини сӯфиёнро бо ранг тавзеҳ медиҳад ва унсурҳои романтикиро бештар корбарӣ мекунад.
Дар офаридаҳои Зебинисо ҳафт водии ишқ, ки ҳар кадом мазмуни баланди фалсафӣ ва ахлоқӣ доранд, баръало тасвир шудаанд. Образи Симурғ ва Ҳудҳуд, ки симои тасаввуфӣ ва рамзиву маҷозӣ дорад,  бештар мушоҳида шуда, дунёи бадеии рассомро дуруст ифода месозанд. Дар асарҳои «Ишқ», «Майи илоҳӣ», «Мунозира», «Шикор», «Ошиқон», «Шоҳзода ва дарвеш», «Толиб», «Шайх Санъон ва маъшуқаи насронӣ», «Девона», «Таҷаллӣ», «Нур ва соя», «Акс», «Сароб» ҳолати мазкурро дидан мумкин аст. Дар ин асарҳои тозаэҷоди Зебинисо асосан мавзӯъҳои ирфониву фалсафӣ ҷой дода шудаанд. Ҳар як асарро ӯ бо завқи баланд, бо меҳри бепоён дар асоси сарчашмаҳои муътамади тасаввуфиву ирфонӣ таълиф карда, образҳои мукаммале офаридааст, ки ҷанбаи баланди ахлоқиву иҷтимоӣ доранд. Тамошобин бо завқ ба ин тасвирҳо назар карда, миёни замону макони таърихиву бадеӣ сайр мекунад. Вай пайванди замонҳои гузашта, имрӯза ва ояндаро дар асарҳояш ҷой дода, дирӯзро аз нигоҳи имрӯз муқоиса менамояд. Дар асарҳои мазкур биниши фалсафии рассом ифода ёфта, хаёлоти ӯро ҷаҳони рангини сӯфиён ба ваҷд овардааст ва қалами ӯ низ мисли рақси самои орифон дар ҳаракат аст. Асарҳои номбурда як қадами ҷиддии рассом дар эҳё кардани суннатҳои классикӣ буда, барои муосирон сабақи омӯзиш ба шумор мераванд. Ҳар як асар сужети мукаммал, мазмуни амиқ, тасвири равшан ва ифодаҳои рамзӣ дошта, баёнгари дунёи эстетикии Зебинисо мебошад. 
Рӯзи душанбеи оянда – 27 май дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд, соати 17.00 намоишгоҳи шахсии Зебинисо Шарифова баргузор мегардад, ки дар он ба ин гуфтаҳо бори дигар эътимод ҳосил кардан мумкин.
Бовар дорем, ки асарҳои мазкур ба тамошобинон ҳам маъқул шуда, онҳоро низ ба андеша водор месозанд ва меҳрашонро ба офаридаҳои рассоми хушзавқ бештар менамоянд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: