АНДЕШАҲОИ СОЛИНАВӢ

Соли 2020 низ ба таърих табдил ёфт. Соли 2021 саҳифаҳои аввал мекушояд.

Соли 2020 низ ба таърих табдил ёфт. Соли 2021 саҳифаҳои аввал мекушояд.
Аснои хайрбод бо соли куҳан ё худ сарҳисоб ба соле, ки сипарӣ гашт, одатан дар бораи комёбиҳое, ки даст ёфтанд, сухан ронда ва нақши равшанеро, ки он дар тараққиёти ҷамъият гузошт, алоҳида таъкид менамоянд.
Хато намешавад, агар гӯем, ки соли 2020 барои халқҳои Ӯзбекистон соли нек буд, бо вуҷуди он ки ташвиш, хавотирӣ ва бесаранҷомиҳо назар ба ҳарсола бештар ба назар расиданд. Пандемия тамоми инсониятро сахт ноором гардонд. Диёри мо низ аз хатар ва оқибатҳои ногувори беморӣ – «душман»-и ба чашм нонамо дар канор намонд. Вале чораҳои қатъии саривақтӣ, ки Ҳукумат андешид, имкон дод пеши роҳи саргумӣ гирифта шавад. Барои муътадилии вазъ ҳаракатҳо лаҳзае қатъ нагаштанд, ҳарчанд «дар хона монед!» шиори рӯз буду қоидаҳои карантин қатъиян риоя карда мешуданд. Ба қавле, дил ба ёр буду даст ба кор. Хусусан, корҳои сохтмонӣ бо суръат пеш рафтанд, симои диёрамон куллан дигаргун гашт.
Дар соли барои тамоми башарият ҷиддӣ ӯзбекистониён аз санҷишҳои ҳаёт сарбаландона гузаштанд. Ҳамватанҳоямон дар хориҷ низ аз ёд набаромаданд – бо рейсҳои махсус муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан баргардонида ва то имкон будан онҳо бо ҷойҳои корӣ ва шароити хуби зист таъмин карда шуданд.
Ҳар чизи бад тарафҳои нек низ дорад, мегӯянд дар урфият. Пандемия, ба ҳисобе, халқҳои кишварамонро ба ҳам наздик гардонд. Эҳсоси одамигарӣ, кӯмак ба якдигар, савобкорӣ дар намудҳои гуногун равшан зуҳур ёфт.
Дар даврае, ки беморӣ баръало таҳдид ва аҳолиро ба шиканҷа мекашид, духтурҳоямон худро нишон доданд. Онҳоро лозим омад дур аз хонадон ҳафтаҳои дароз дар ҷойи кор монанд, ҳаёти худро ба хавф гузошта, алайҳи вируси хатарнок мардона мубориза баранд, солимии инсонҳоро барқарор намоянд. «Ҳар банд кушода шуд, магар банда аҷал», гуфта буд дар замони худ пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино. Дар муқобили дард баъзан оҷизмонии табибони мо низ мушоҳида гашт. Вируси тоҷдор ба ҳаёти як қатор ходимони намоёни ҷамъиятӣ, шахсони маълум ва машҳур ҳам зомин гардид. Чӣ илоҷ... Вале ҳамин низ моро таскин мебахшад, беморҳо дар ҷумҳурии мо нисбат ба дигар ҷойҳо камтар буданд. 
Дар ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, айни замон, зиндагӣ бо қонун ва қоидаҳои нонавишт идома намуд. Таваллуд нисбати марг, тӯй нисбати азо бештар ба вуқӯъ пайваст.
Назар ба маълумоти манбаъҳои гуногун, дар қисмате аз кишварҳои дунё, мисолан дар давлати бузурги Чин, ки сераҳолитарин аст, дар соли 2020 ҷудошавӣ назар ба ҳарсола зиёдтар ба чашм расиданд. Мегӯянд, асаби чиноиҳо ба имтиҳони ҳаёт на ҳамеша бардошт намуд, дар хона монданҳои дурудароз ба муноқишаҳои оилавӣ сабаб шуданд. Оилаҳо берун аз меъёр вайрон гаштанд.
Дар ҷумҳурии мо, назар ба маълумотҳое, ки то 26 декабр расидаанд, дар давоми сол наздик 293 ҳазор оилаи нав барпо гардид. 844 ҳазору 991 кӯдак таваллуд гардид. Айни замон наздик 28 ҳазор оила бо сабабҳои гуногун дарз хӯрданд. Ҷудошавӣ назар ба солҳои пештара андак бошад ҳам коҳиш ёфтааст.
Дар номгузорӣ ба «меҳмонҳои нав», айни замон, торафт мустаҳкамшавии пояҳои эътиқоди мардуми мо ба мушоҳида мерасад ва ин, албатта, фоли нек. Дар соле, ки сипарӣ гашт, ба духтарҳо – Солеҳа, ба писарҳо – Муҳаммаду Муҳаммадалӣ номгузорӣ бештар падид омад. Номгузории исломӣ  ба мушоҳида мерасад. 
Ба тифлҳо баробари Муҳаммаду Муҳаммадалӣ ва Солеҳа инчунин Абдуллоҳ, Имрон, Имона, Мубину Мубина, Шукрона ва Мустафо барин номҳо бештар гузошта мешаванд. Ҳол он ки чанд даҳсола пештар падар ва бобоён ба фарзандон Феликс, Виктор, Мэлс, Тамара барин номҳо низ гузошта, худро эҳтимол, ҳамқадами давр ҳис менамуданд.
Дар гузоштани номҳои мусулмонӣ даҳсолаи охир Аврупо пешқадамтар. Масалан, танҳо дар соли 2015 дар Британияи Кабир ва Уэлс ба 7361 кӯдак Муҳаммад ном гузоштаанд. Ба духтарҳо гузоштани номи София (Сафия) низ расм аст – аз ҳисоби тавлидёфтагон Софияҳо, айни замон, меафзоянд. Дар миқёси ҷаҳон аз ҳама паҳншудатарин Муҳаммад аст. Алъон дар саросари дунё бештар аз 150 миллион нафар инсон бо ҳамин исм умр ба сар мебарад.
Соли навро одатан бо хушҳолӣ истиқбол мекунанд. Дами шодӣ ва шукргӯист – боз ба як соли нав киҳое расиданд, киҳое нарасиданд. Бигузор сафи инсонҳое, ки сари дасторхони солинавианд, кам нашавад. Коронавирус бебозгашт дафъ ва ҷароҳатҳо тезтар шифо ёбанд. Тансиҳатӣ диҳад ва хотирҷамъӣ. Корҳои хайри нотамом дар соли нав ба фарҷом расанд – некӯҳолӣ ба халқи мо ва ҳамаи халқҳои ҷаҳон даст диҳад. Кулли орзу ва ниятҳои неки солинавӣ ҷомаи амал пӯшанд.
Ёдат ба хайр, соли 2020,
Хуш омадӣ, соли 2021!

Ш.МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: