Дар вилояти сераҳолии Андиҷон масъалаи манзил мушкилоти муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Президент ҳангоми сафари қаблӣ ба вилоят пешниҳод кард, ки дар заминҳои ноободу баландкӯҳи вилояти Андиҷон шаҳри нав бунёд карда шавад.
Дар вилояти сераҳолии Андиҷон масъалаи манзил мушкилоти муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Президент ҳангоми сафари қаблӣ ба вилоят пешниҳод кард, ки дар заминҳои ноободу баландкӯҳи вилояти Андиҷон шаҳри нав бунёд карда шавад.
Лоиҳаи шаҳр, ки дар якҷоягӣ бо мутахассисони Туркия таҳия шудааст, 12 апрел муаррифӣ шуд. Сарвари давлат супориш дода буд, ки лоиҳаи шаҳр пухта кашида шавад, бунёди боғу гулгаштҳои бештарро пешбинӣ намоянд.
Имрӯз дар майдони сохтмони шаҳри нав маросими гузоштани санги асос баргузор гардид. Дар он намояндагони насли калонсол, ҷавонон ва арбобони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ин сохтмонро як рӯйдоди таърихӣ номид, ки нерӯи бузурги созандаи мардуми моро нишон медиҳад.
- Ду-се сол боз маро ҳалли масъалаи манзил дар Андиҷон азият медиҳад. Дар ин ҷо замин кам аст ва ниёз ба манзил бо гузашти солҳо афзоиш ёфтааст. Бисёр оилаҳое ҳастанд, ки дар онҳо хушдоман бо якчанд келин дар як хона зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо қарор додем дурандешона амал карда, ба бунёди шаҳри нав шурӯъ кунем. Дар ин ҷо зиёда аз 130 ҳазор бинои истиқоматӣ сохта мешавад, ки зиёда аз 450 ҳазор нафар зиндагӣ хоҳанд кард, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Масоҳати умумии шаҳр 4000 га хоҳад буд, ки аз он 2000-ашро манзилҳо, иншооти иҷтимоӣ, минтақаҳои саноатӣ ва иншооти хидматӣ ишғол хоҳанд кард. Бо супориши Президент дар 2 ҳазор гектари дигар минтақаҳои сабз бунёд карда мешаванд.
Лоиҳаи шаҳри нав дар 8 марҳила амалӣ карда мешавад. Имсол барои марҳилаи аввали кор оид ба ташаккули инфрасохтор аз Фонди таҷдид ва рушд 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Ҳамин тариқ, 33 километр шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ, 52 километр шоҳроҳҳо, 18 километр шабакаҳои барқӣ ва 27 километр қубурҳои газ сохта мешаванд.
Дар марҳилаи аввал 170 манзили бисёрошёнаи 3310 квартирадор, мактаб барои 1680 нафар, кӯдакистон барои 385 кӯдак ва поликлиника барои хидматрассонӣ ба 200 нафар дар як рӯз қомат рост мекунанд. Дар давраи корҳои сохтмонӣ зиёда аз 10 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, пас аз ба итмом расидани сохтмон тақрибан 100 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ дар соҳаҳои саноатӣ, савдо, иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ таъсис дода мешаванд.
Роҳбари давлат қайд кард, ки Андиҷон маконе буд, ки Заҳириддин Муҳаммади Бобур ба воя расидааст ва мардуми Андиҷон тавонистанд бо дониш ва фидокории худ корҳои бузургро ба анҷом расонанд.
--Имрӯз, ба чунин корҳои азими созанда шурӯъ намуда, мо пеш аз ҳама ба нерӯи мардуми ҷасур ва шарифи худ, дониш ва таҷрибаи бойи ниёгонамон, ба азми сокинони меҳнатдӯст ва саховатманди Андиҷон такя мекунем, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сипас Президент санги асосии майдони сохтмони шаҳри навро гузошт.
-- Худоро шукр, ки мо то ба ин рӯзҳо расидем. Умедворам, ки Андиҷони нав макони шукуфон барои зиндагии хушбахтона хоҳад шуд. Ман ҳамаи сокинони Андиҷонро бо ин рӯйдоди таърихӣ, бо ин маросими пуршараф самимона табрик мегӯям, - гуфт Президент.
Дар тантана собиқадорони меҳнат ва бинокорон ба сухан баромаданд.
То соли 2016 дар вилояти Андиҷон барои 4846 оила хонаҳои инфиродӣ ва дуошёна сохта шуда буданд. Танҳо дар 5 соли охир - 11 ҳазор манзили бисёрутоқа ва 4 400 котеҷ сохта шуданд. Имсол 271 бинои бисёрошёнаи 6346 ҳуҷрадор, инчунин 2500 хонаи инфиродӣ таҳти воми ипотекӣ сохта мешаванд.