Бӯзинае одам шуд.
Пасу пеш пӯшонд ва тавқ басту кулоҳ пӯшид. Сипас, ба минбар баромаду маъвои хеш рад намуд:
— Бӯзинагон ҳеч гоҳ одам нахоҳанд шуд!
***
Ахтарон ҳамеша дар сӯзанд. Гарчӣ сармои зимистонро суде нест. Худоё, худситоёна сӯхтанро маъно чӣ бошад?!
***
Дузде ҳаҷ рафт. Ҳини зиёрат тавалло намуд, ки ӯро дузд напиндоранд. Ибодаташ иҷобат гашт магар, ки ӯро Ҳоҷӣ номиданд.
***
Зан ғоза молида, рӯй биёрост. Шавҳар боз мармари шаффофро пеш гирифту гаҷ собидан гирифт...
***
Дарахтон сабзанду шукуфанду бор оранду боз хушканд. Монои одамизод. Надонам, ки кадоме аз кадомин нусха бардошта бошад.
***
Саҳронодидае тарбузе дошт ва онро хӯрду дар паллаҳояш туф кард. Чун ҳарорати тобистон афзуду аз об нишоне наёфт, аз ғояти ташнагӣ маҷбур шуд, ки косаҳои тарбузро ҷо-ҷо хояд. Бад-ин минвол косаҳои тарбузро батамом хӯрду ташнагӣ шикаст.
Сипас, фаҳмид, ки зиндагӣ чӣ зайлҳое дорад!
***
Ҷуғзро донотарини паррандагон номанд. Вале ӯро касе напарастад ва дар ҳар ҷое, ки таваққуф кунад, санг партоянд. Ба ҳоли донишмандон мегирям.
***
Ҳазрати Сулаймон мурду забони мурғон боз нофаҳмо гашт ва салтанати паррандагон фано ёфт. Мисли забони модарӣ бохтагон.
***
Наберачаам ситораи рахшонеро нишон дода гуфт, ки он аз они ӯст. Тасодуф карахтам кард. Зеро он ситораи як вақтҳо интихобнамудаи ман буд. Хаёлам маром бохт, ки он қабл аз ман ситораи кӣ буда бошад?
***
Аз ноодилиҳои муҳаббат домангирам. Ишқи сӯзони маъшуқаамро дар дили ман ҷо карду ёдашро аз дили умедворон набурд.
Ва ин дард рашк зоиду фарзанди нохалафвор аз гиребонам дошт.
***
Корвони роҳгумзадаеро вохӯрдам, ки уштуронаш лакоту савти ҷарасҳояш ғамангез буд. Захми деринаам харош хӯрд ва хостам пеши бозаш гираму ҷарасҳоро қадре аз нола боздорам. Аммо сорбон надошт.
Гумонам, ки он умри бе ману ту гузашта буд ва монои уштурони лоғар то ҳол дар суроғи сорбони хеш бесару сомон мегашту мегашту мегашт...
***
Орифе амри маъруф кард: «Набояд гуноҳ кард. Кардаро раҳоӣ нест. Гумон барӣ, ки дар ин дунё мурда халос шавӣ, дар он дунёи бемарг-чӣ?!»
Алҳазар! Аз гуноҳ гурез нест.
***
Мардеро писар хаёлӣ буд. Гум шуд. Суроғ накард. Иттифоқо, хараш аз чаро бе курра баргашт. То ҳол меҷӯяд. Қадри одамӣ ҳамин.
***
Аз тафаккур калиде сохтаму дари асрори олам кушодам. Дидам, ки бисоти он ҳама қуфли бекалид аст.
***
Бадандешеро дидаму ба ақли одамӣ раҳмам омад. Пурсидам, ки ғуломи шайтон будани раҳмонро таъбир чист? Ақл оҳи сард кашиду гуфт: «Хишт мутеи қолаб бошад!»
***
Аз омадани баҳор набояд болид. Зеро баҳор бо шукӯҳ ояду бо хазон равад. Чу Даҷҷол ақлҳо рабуда!
***
Гоҳо аз суратам ҳасад мебарам. Ӯро мешиносанду маро не.