«АНГУР ЗИ АНГУР ГИРАД РАНГ»

ё чаро ҳанӯз дар байни мардум инқирози маънавӣ эҳсос мегардад?

Баргузории тӯйҳои пурдабдаву бошукӯҳ  солҳост, ки дар байни мардум ба ҳукми анъана даромадааст. Баъзе одамони пулдор болои аспи саманди молу сарват ва шӯҳрат савор шуда, тӯю маросим ва ҷашнҳои каснодиду касношунид баргузор  мекунанд. Ба ҳамин далел мавзӯи мазкур дар миёни депутатҳо, сенаторон ва мардуми кишвар вокунишҳои зиёдро ба вуҷуд овард, ҳамзамон таклифу дархостҳои гуногун  дар миён гузошта шуданд.
Ахиран сенатор ва депутатҳои палатаҳои болоӣ ва поёнии Олий Маҷлис дар ҷамъомади муштарак зимни баррасиву тасдиқ намудани қарори муштараки ду палата – «Дар бораи такмили низоми ба тартиб даровардани баргузории тӯю ҳашам, маъракаву маросим, чорабиниҳо бахшида ба гиромидошти гузаштагон» ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи кишварамон  ба хулоса омаданд, ки ба чунин корҳои бемаъниву бемазмун ва беҳуда хотима бояд гузошт.
Таъкид бояд кард, ки барҳам додани тӯю маросимҳои бодабдаба иқдомоти ҷиддиро тақозо менамояд. Дуруст фаҳмонидани моҳият ва аҳамияти он дар байни аҳолӣ, хусусан, қишри ҷавони мамлакат аз вазифаи пешоҳангону фаъолони ҷомеаи мо ба шумор меравад. Кам кардани теъдоди мошин, ки баъзан мӯъҷиби фалокатҳои ногувор, садамаҳои ногаҳонӣ ва фоҷиаҳо низ мегардад,  аз ин шумори вазифаҳо мебошад.
– Дар байни мардум мақоле ҳаст, ки мегӯянд: «Ангур зи ангур гирад ранг, ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд». Маҳз ҳамин ҳолат ба паст рафтани маънавияти ҷомеа низ вобастагӣ дорад. Дар маҳаллае, ки мо зиндагӣ мекунем, қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба сар мебаранд. Рӯзе яке аз ҳамсояҳоям ба наздам омад ва иброз дошт, ки ба писараш арӯс фароварданист. То андозае огоҳ будам, ки шароити иқтисодии ин ҳамсояамон барои як тӯйи оддиякак низ чандон кифоя наменамояд,– мегӯяд сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Миндонобод»-и шаҳри Фарғона Муродҷон Бӯтаев.
 Вай афзуд, ки ба наздаш даромадани ҳамсоя беҳуда набудааст. Ба гуфтаи Муродҷон Бӯтаев  ҳамсоя аз вай ва боз чанд хешу табори худ қарз мехостааст, то ки  ормонҳои писари ягонаашро ба амал бароварда, тӯйи чаҳор кас медидагӣ барпо намояд.
– Оҳиста фаҳмондам, ки ҳаргиз ин корро накунад. Зеро баъди тӯй муддати дароз бо писараш қарз бармегардонад. Ҳамсояро розӣ кунондам, ки ҳарду ба назди қудояш меравем,–  аз ҳодисаи дуним соли қабл ёдовар шуд Муродҷон Бӯтаев.– Қудояш одами бофаҳму идрок будааст. Дар аснои суҳбатамон гуфт, ки ҳаргиз тарафдори тӯйи бодабдаба нест. Вай таъкид намуд, ки  тӯйҳои боҳашам ҳаргиз ба фарзандон бахту сурур намеоранд. Зеро вай бисёр тӯйҳои дабдабанокро дидаасту муддате нагузашта аз ҳам ҷудошавии арӯсу домодро низ шоҳид гаштааст. 
Ҳамсуҳбати мо боз тазаккур дод, ки ҳоло ҳамон арӯсу домод аз пайи зиндагии худ ҳастанд. Ба наздикӣ бо нархи арзон мошини «Матиз» хариданд. Ҳоло талош доранд, ки аз иморатҳои бисёрошёнаи шаҳр хонаи якҳуҷрагӣ харанд. 
– Писари ҳамсоя орому осуда бо мошин ба ҷои кораш рафта меояд. Келин бошад, дар хона нишаста писарчаашонро нигоҳубин мекунад. Садояшонро то ҳол касе аз ҳамсояҳо нашунидааст,– мегӯяд Муродҷон Бӯтаев.
– Чунин қарор кайҳо мебоист содир гардад. Хабар дорам, ки чанде қабл ин масъала аз тарафи депутатҳову сенаторон ва мардум хеле муҳокима гардид, вале ҳамаи он бенатиҷа анҷомид. Дубора бардоштани ин масъала қобили дастгирист. Чунки молу мавод моҳ ба моҳу сол аз сол қимат шуда меравад. Нархи як тӯйхона дар ин рӯзҳо фалон пул шудааст. Харидани либосҳои қиматбаҳо, мебелу тахти равони арӯсу домодро намегӯед,– андак норозиёна изҳор намуд сокини шаҳри Фарғона Абдуманноп. – Барои ҳамин аз ба тартиб даровардани маросиму маъракаҳо хеле хушҳол шудам. Фикр мекунам, ки ҷавонони зиёд инро дастгирӣ мекунанд.
– Ҳоло бархе аз мардони деҳаи мо дар Русия ба мардикорӣ машғуланд. Пулро бо сӯзан ёфта меоранду бо панҷшох бод медиҳанд. Онҳо маҷбуранд, ки чунин кунанд, зеро меҳаросанд, ки мардуми атроф онҳоро дар қашшоқиву бенавоӣ масхараву мазоҳ мекунанд. Аксари онҳо се-чаҳор нафарӣ фарзанд доранд. Ҳамаи онҳоро хӯрондану пӯшонидан лозим. Писар калон шавад, ӯро бояд хонадор кард ва духтарро ба шавҳар дод. Анҷоми ҳамаи ин корҳо бидуни маблағ намешавад. Бар ин асос мардҳо ба мардикорӣ рӯй овардаанду муддати дароз аз зану фарзандҳои худ ҷудо, дар муҳоҷирату мусофират ба сар мебаранд,– мегӯяд имом-хатиби масҷиди «Тоҷмаҳал»-и ноҳияи Сӯх Мӯъҷибалӣ Отаев.  
– Хонаи мо дар назди тӯйхонаи «Наврӯз»-и шаҳри Фарғона воқеъ гаштааст. Тӯйҳои бодабдабаи зиёд мегузарад ин ҷо. Баъзан мебинам, ки баъди тӯйи бокарру фар аз тӯйхона қуттиҳои пури хӯрокҳои зиёдатиро ба партовгоҳҳо мепартоянд. Фаҳмида наметавонам, ки чаро одамон нисбати нону хӯрокворӣ чунин кӯрнамакӣ зоҳир мекунанд. Наход намедонанд, ки нон муқаддас аст ва онро хор кунӣ, хор мешавӣ,– мегӯяд Зоидҷон Ҷавҳаров.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: