АНГУРА ХӮРУ БОҒАША ПУРС!

Имрӯзҳо пештахтаи бозорҳои деҳқонии Самарқанд аз нозу неъмати боғу киштзор сарпур ҳастанд.

Имрӯзҳо  пештахтаи бозорҳои деҳқонии Самарқанд аз нозу неъмати боғу киштзор сарпур ҳастанд. Дар як раста себу нок, дар растаи дигар анҷиру анор, аммо талабот ба ангур бештар..
Чор сол қабл аз ин корманди  шӯъбаи самарқандии пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии боғдорӣ ва машруботи ба номи академик Мирзоев (собиқ Рихард Шредер) Бобурҷон Ҳайдаров  ба Ҷопон  сафар намуда, баъди он доир ба масъалаи токпарварӣ фикраш куллан тағйир ёфт. Вай пас аз бозгашт ба зодгоҳ аз ҳисоби хоҷагии мазкур беш аз даҳ гектар замин гирифта бо боғдорӣ машғул шуд.  Дар 4,5 гектар замин навъи ангури ризомат, ҳусайнӣ ва тоифиро парвариш карда, аллакай ҳосили баланди бозоргир ва хушсифат рӯёнида як қисми қарзи давлатиро пардохт.
– Камина бо маслиҳати падари бузургворам  Мавлонбобо  Ҳайдаров  хоҷагии фермерии оилавӣ ташкил кардем, – гуфт Бобурҷон. – Ҳоло бо кишоварзӣ ва боғбонӣ машғул ҳастем. Пас аз сафари мамлакати офтоббаро боз ба водии Фарғона рафта, парвариши токпарвариро омӯхтем. Ба ҷои симбағал (шпаллер) аз воишҳо истифода кардем. Аввало  баргчинӣ, дорузанӣ, панҷадиҳӣ осон гардид.
Ана акнун ҳосили дилнишини тайёри болои сарро қайчӣ зада, ба сабади истеъмолӣ мегузорем ва ба дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ирсол мекунем.
– Бобурҷон, аз як гектар замин то чанд сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст?
– Аз навъи кишмиш то 300 ва дигар намуди ангур қариб 600 сентнер ҳосил гирифтанро реҷа дорем.
Дар омади гап таъкид кардан мехоҳем, ки усули нави токпарварӣ камхарҷ буда, меҳнати зиёдро талаб намекунад.
Чанде пеш дар хоҷагии фермерии  «Бобур агро инноватсия» семинари боғбонҳои вилояти Самарқанд ба вуқӯъ пайваст. Дар он мутахассисони соҳаи мазкур мубодилаи афкор намуданд.
– Дар асоси фаъолияти боғбони навовар Бобурҷон Ҳайдаров, дар ноҳияи Самарқанд ба 10 маҳалла, яъне 4 ҳазору 509 хонадон қаламчаҳои токҳои навъҳои беҳтарини маҳаллиро тақсим мекунем, ки мақсади асосии мо  мардумро ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва сабзавоткорӣ ҷалб кардан мебошад.

Тошпӯлод ЮСУФӢ,
вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: