Зимни дидан кардан аз ноҳияи Олтириқ ҳамеша аввал ба ҳавлии яке аз дӯстонам сар мезанам, ки дар Афғонистон ҳамроҳ кор кардаем.
Аъзамҷон Ҳомидов муҳандиси нақлиёт мебошад ва то расидан ба синни нафақа дар яке аз корхонаҳои нақлиётии ноҳияи Олтиариқ ба ҳайси муҳандис кор кардааст. Дар ин миён ду сол дар вилояти Тахор ба ҷавонони маҳаллӣ сирру асрори кор бо воситаҳои нақлиётиеро ёд додааст, ки дар корхонаҳои шӯравии собиқ истеҳсол шудаанд.
Баъди дидору аҳволпурсӣ ҳатман вай ба наздам хӯшаҳои калони ангур мегузорад, ки боиштиҳо мехӯрам ва аз мазаву лаззати он баҳра мебарам. Дарҳақиқат, ангури Олтиариқ ширин мебошад. Ҳарду сари дасторхони Аъзамҷон аз давраҳои корамон дар объекти сохтмонии “Кӯк-ча”, ки марбути Вазорати кишвоварзӣ ва обёрии Афғонистон буд, ёдовар мешавем. Он ҷо бо Аъзамҷон ва 50 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ва тарроҳони Институти лоиҳакашии Тошканд дар азхудкунии ду ҳазор гектар замини бекорхобида ва барпо кардани шаҳрчаи зебое дар соҳили дарёи пурталотуми Кӯкча кору вазифа анҷом додаем.
Баъд суҳбатро сари ангури Олтирариқ ва «ғасб»-и бозорҳои мухталифи мамолики дуру наздик мекашам.
– Мардуми ноҳияи мо муддати дароз ҳосили ангурашонро ба бозорҳои шаҳри Тошканд ва соири вилоятҳои ҷумҳурӣ бароварда мефурӯхтанд. Баъди касби истиқлоли ҷумҳурӣ аввал танҳо чанд корчаллон ангури худ ва ҳаққу ҳамсояҳоро харида ба бозорҳои Русия, Белорус ва Украина содир мекарданд. Аммо ҳоло вазъият куллан тағйир ёфтааст, – мегӯяд Аъзамҷон Ҳомидов.
Баъд вай афзуд, ки ҳоло давраи соҳибкориву корчаллонист ва “мепариву мечарӣ” гуфтагӣ барин ҳар фард кӯшиш мекунад, ки ризқу насибаи аъзои хонаводаашро пайдо кунад. Ба гуфтаи Аъзамҷон Ҳомидов вилояти Фарғона дар соҳаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ оҳиста пешрафт мекунад ва муваффақиятҳои калон ба даст меоварад.
– Имрӯзҳо ғайр аз ангуру анор ва себу зардолу, ки дар қаламрави вилояти мо парвариш карда мешаванд, дар бозорҳои ҷаҳон инчунин маҳсулоти тару хушки меваҳои дигар, мисли олуча, шафтолу, хурмо, ҳатто харбузаву тарбуз ва ҳандалакро бурда мефурӯшанд. Аз ин ҳисоб даромади аҳолӣ меафзояд ва сатҳи зиндагиаш низ хеле боло меравад. Дар ҳамин ҳол ангули Олтиариқ беш аз пеш дар бозорҳо шуҳрат пайдо карда истодааст,– иброз медорад Аъзамҷон Ҳомидов.
Як нукта қобил ба ёдоварист, ки 7 июли соли равон дар ҷаласаи видеоселекторӣ оид ба тадбирҳои рушди ангур ва коркарди он, ҳамзамон ба роҳ мондани туризми винодорӣ дар минтақаҳо сарвари давлат ба соҳаи токпарварӣ махсус таваққуф намуд. Агар ба умқи ҳарфҳои Президенти мамлакат бевосита таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки вай токпарвариро фарҳанги миллии кишоварзӣ, арзиш, ифтихор ва манбаи даромади садсолаҳои мардуми мо арзёбӣ намудааст.
– Ангур бо тарзи зиндагӣ ва анъанаҳои халқи мо бевосита робитаи қавӣ касб кардааст. Мо дар ҳар кӯча ва дар ҳар хонаи мардум парвариши токро медидем. Ангурҳои навъи ҳусайнӣ, тоифӣ, ризомат, ангушти арӯсу кишмиш аз давраҳои қадим маълуму машҳуранд, – гуфт Президент.
Омори расмӣ мегӯяд, ки дар хоҷагиҳои кишоварзиву фермерии мамлакати мо 90 ҳазор гектар ба парвариши ангур ихтисос дода шудааст. Дар ин самт аз шаҳрвандони кишвар 900 ҳазор нафар ба таври доимӣ ва мавсимӣ ба кор ҷалб шудаанд. Албатта, ҳам самараи иқтисодӣ ва ҳам аҳамияти иҷтимоии токпарварӣ хеле калон аст. Ба таври мисол, агар барои руёндани 1 гектар ангур ба ҳисоби миёна 100 миллион сӯм маблағ харҷ карда шавад, баъди се-чаҳор сол он ба манбаи даромади калон мубаддал мегардад. Яъне ҳар сол хоҷагӣ метавонад 250 миллион сӯм фоидаи соф ба даст оварад.
Моҳи феврали соли гузашта, зимни сафари матбуотӣ мо як гурӯҳ журналистон ба ноҳияи Олтиариқ рафта, бо фаъолияти соҳибкорони он ошно шудем. Зимнан, анборҳои калонро бо зарфияти яхдонҳои бузург дида ангушти ҳайрат газидем. Дохили ин анбор-яхдонҳо пур аз меваҳои гуногун ва сабзавоти тару тоза буд, ки кас гумон мекунад чанд лаҳза пештар кандаву дар қуттиҳо ҷо кардаанд.
Яхдонҳоро бо чунин зарфияти бузург дар деҳаи Янгибоғи ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон дида будам. Он ба соҳибкори асилу насабаш олтиариқӣ, аммо дар айни замон сокини ноҳияи Турсунзода Неъмат ҳоҷӣ Усмонов тааллуқ дошт. Ба гуфтаи ӯ бобояш аз сарватмандони Олтиариқ маҳсуб меёфтааст ва ба камбағалону нодорон дасти кумак дароз мекардааст. Аммо ҳукумат молу сарваташонро кашида гирифтааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки бо оила ва бародаронаш ба Тоҷикистон муҳоҷират кунад.
– Ман дар ин ҷо таваллуд шудаам. Бобову падарам низ ба токпарварӣ машғул шудаанд, – гуфта буд Неъмат ҳоҷӣ Усмонов.
Маълум шуд, ки ин муҳоҷирони ӯзбеки олтиариқӣ дар ҳамон замон низ бештар ба ангурпарварӣ машғул мешудаанд. Баъд дигарон ба ин касб иштиёқ пайдо кардаанд ва Неъмат ҳоҷӣ Усмонов дар минтақаи ангурпарварии ноҳияи Турсунзода ба ҳайси устод муаррифӣ шудааст.
Ин як руҷӯъ буд, ки дар замираш ба ангурпарварӣ иштиёқи баланд доштани мардуми пештараву ҳозираи Олтиариқро бозтоб мекунад. Мегӯянд, ки ду сол пеш дар ноҳияи Олтиариқ майдони барои кишти ғалла ҷудошуда ба 2 ҳазор гектар кам карда шуд, то ки дар он парвариши навъҳои гуногуни ангур ба роҳ монда шавад.
Ба муштариёни “Овози тоҷик” қаблан ҳам иттилоъ дода будем, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Фарғона дар ноҳияи Олтиариқ як ҳазор гектар токзори нав бунёд гардида, дар он навъҳои ангури бозорӣ парвариш меёбанд. Тамоми хароҷоти кофтани чоҳҳои обёрии амудӣ, сохтмони ҳавзҳои обкашӣ, насби насосҳо, панелҳои нерӯи барқи офтобӣ ва кашидани шабакаи эҳтиётии он аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллии вилоят пардохта шудаанд.
Дар ин замина чаҳор ҳазор оила дар ҳаҷми 20-25 гектар соҳиби токзорҳои нав мешаванд. Барои харҷи корҳои иловагӣ «Агробонк» ба ҳар оила ба миқдори 30 миллион сӯмӣ қарзҳои имтиёзнок ихтисос ҷудо мекунад.
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона хабар медиҳад, ангури Олтиариқ бо технологияи итолиёӣ бастубанд ва содир карда мешавад. Дар назар аст, ки танҳо соли равон аз 3 ҳазору 500 гектар токзори ин ноҳия бештар аз 30 ҳазор тонна ангур ба дасторхони хориҷиён тақдим мегардад.
Ин манбаъ меафзояд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ дар мавсими зимистону баҳор 83 анбори яхдон бо зарфияти 68 ҳазору 800 тонна бунёд шудааст. Чанде пеш ба ин ҷо аз Италия технологияи замонавии бастабандӣ оварданд ва он имконият медиҳад, ки сифати мева тағйир наёбад ва то муҳлати таъиншуда барои мизоҷон нигаҳдорӣ шавад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.