«АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ»-И МАН

Агар гӯем, ки қадри китоб ё рӯзномаро дар ин дунёи пурҳаводис шахси ба гӯшаи танҳоӣ афтода бештар медонад, саҳв нахоҳем кард.

Агар гӯем, ки қадри китоб ё рӯзномаро дар ин дунёи пурҳаводис шахси ба гӯшаи танҳоӣ афтода бештар медонад, саҳв нахоҳем кард. Ҳоло, ки бо тақозои синну сол вақти зиёди мо дар кунҷи танҳоӣ мегузарад, бешубҳа, анбозамон – «Овози тоҷик» аст, ки барои дили мо аз ҳарвақта дида бештару беҳтар ба марҳами ҷон, қуввати дил ва мояи ифтихори рӯзгорамон табдил ёфтааст. Ҳаёт мураккаб аст, орзую умедҳо, фикру ақидаҳо одамонро ба ташвиш овардаанд, вале банда қурбони он тоифа касоне ҳастам, ки дар ин олами гузаро қадру манзалати худро медонанд, бар рағми онҳое, ки молу сарватпарастанд, зиндагии худогоҳонаю хоксорона ва боз сарбаландона доранд. Онҳо пос доштани арзишҳои волои миллию умумиинсонӣ, аз ҷумла ҳурмати падару модар,   садоқат ба анъанаҳои ниёгон, дӯст доштани халқу Ватан, муҳаббат ба забони модарӣ, накӯкорӣ...хулоса, олитарин сарвати инсонӣ будани маънавиятро хуб медонанд. Бешубҳа, рӯзе мерасад, ки ба воқеӣ ва ҳақиқат будани ин гуфтаҳо тоифаи дигари мардум низ бовар мекунанд. «Овози тоҷик» алҳол, бемуҳобот аз сарчашмаҳои беҳамтои маънавии мо – тоҷикони Ӯзбекистон ба шумор меравад. Зеро ягон воситаи дигари иттилоотии тоҷикии  ҷумҳуриявӣ нест, ки  чун он мову шуморо бо набзи мамлакат, нақшаҳои имрӯзу фардо, бозёфту вазифаҳои пешистодаи он шинос кунад.
Бояд гуфт, ки «Овози тоҷик» аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа хеле такмил ёфтааст, дар он маводу мақолаҳои гуногуни дилкаш аз ҳамаи ҳудудҳои мамлакат чоп мешаванд. Хулоса, меҳри ин рӯзномаи дӯстдоштаам дар дил аз ҳарвақта зиёдтар аст. Аз ин рӯ моҳе пеш, шояд дар вилоят аввалин шуда, ба он барои соли оянда обуна шудам. Дӯстон, тоҷикони  сарбаланд, фурсат ғанимат, барои обуна шудан ба «Овози тоҷик» шитоб кунед.

Ҳайдар ҲАМИДОВ,
нафақахур аз шаҳри Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: