АНҶОМИ МУВАФФАҚОНАИ РАЁСАТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СҲШ– ИФТИХОР БАРОИ ҲАР ШАҲРВАНДИ ОН

Тӯли як ҳафта шаҳри бостонии Самарқанд мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифт. Хосатан садҳо журналистони расонаҳои гуногуни хориҷӣ дар радифи ҳамтоёни маҳаллии худ дар шаҳри Самарқанд гирдиҳам омаданд ва таҳаввулоти онро баррасӣ намуданд

Тӯли як ҳафта шаҳри бостонии Самарқанд мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифт. Хосатан садҳо журналистони расонаҳои гуногуни хориҷӣ дар радифи ҳамтоёни маҳаллии худ дар шаҳри Самарқанд гирдиҳам омаданд ва таҳаввулоти онро баррасӣ намуданд. Ҳанӯз вокунишҳо, бардошту таассуротҳо ва эҳсоси шодиву нишоти меҳмонону хабарнигороне, ки барои ширкат ва мушоҳидаи нишасти бисту дуюми сарони кишварҳои узви СҲШ ба Самарқанд омаданд, беш аз пеш дар саҳифаҳои матбуоти гуногун, сайтҳои интернетӣ ва садову симоҳои мухталиф идома дорад.
Оре, шаҳри Самарқандро ба ҳайси маркази тамаддун дар ҳафт иқлими олам мешиносанд. Бисёриҳо омадан ба ин шаҳри бостонӣ ва аз наздик дидани обидаҳои гуногуни таърихиву меъморӣ, биноҳои боҳашами онро орзу мекунанд. Ҷои иштибоҳ нест агар гӯем, ки ин биноҳои дорои таърихи дуру дароз дар ҳар меҳмон ва сайёҳ таассуроти амиқ боқӣ мегузоранд.
Ҳувайдост, ки  барои дар ин шаҳри бостонӣ ва муосир баргузор шудани нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ талошҳои зиёд ба харҷ дода шуд. Ахиран ҳамон рӯзҳо фаро расид, ки сарони давлатҳои Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон ва Ӯзбекистон дар ин шаҳр мулоқоти худро таҳти раисии Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ намоянд. Дар он аз ду кишвар ҳамчун нозир мушорикат намуданд ва роҳбарони се кишвар ба сифати меҳмон даъватӣ буданд.
Пеш аз он, ки роҷеъ ба баъзе паҳлӯҳои таҳаввулоти марбут ба саммити Самарқанд фикрҳоро радду бадал намоям, зикр карданиам, ки барои фаъолият ва инъикоси нишасти мазкур тамоми шароити техникӣ, аз қабили бинои бо компютер, интернет, монитор барои намоиши баъзе дидору мулоқотҳо ва рӯзномаи СҲШ фароҳам оварда шудаанд. 
Як гурӯҳ коршиносон, ки гуфта мешавад, аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои тадқиқотӣ ба ин шаҳр махсус ташриф оварданд, ба саволҳои гуногуни журналистон посух доданд. Баъзан доираи саволу ҷавобҳо ба майдони баҳсу мунозираҳо низ табдил ёфт, ки он аз тарафи худи коршиносон як ҳоли оддӣ ва табиӣ арзёбӣ гардид.
Ногуфта намонад, ки Ӯзбекистон то ин раёсати худ дар СҲШ се давраро паси сар намудааст.  Аммо дар ин давраи раёсати худ Президент Шавкат Мирзиёев ташаббусҳои хеле зиёдро ба миён гузоштааст, ки дар боло рафтани нуфуз ва эътибори СҲШ нақши муассир бозидааст. 
Тавре ки дар ҷараёни нишасти Самарқанд низ борҳо ёдоварӣ шуд, танҳо дар нишасти Душанбе сарвари давлатамон бештар аз 50 масъаларо ба миён гузоштааст, ки ҳаллу фасли он барои беҳбуди фаъолияти СҲШ ва натиҷаву самари он хеле мусоидат намудааст. Ҷанбаи муҳими саммити Самарқанд содири қарорҳои муҳим дар мавриди рушд ва тавсеаи фаъолияти ин созмон мебошад, ки оғози давраи нави СҲШ унвон гирифтааст.
Ҷаласаи бисту дуюми сарони давлатҳои СҲШ дар Самарқанд аз он ҷиҳат низ қобили таваҷҷуҳ буд, ки дар се соли охир бори аввал сардорони давлатҳо рӯ ба рӯи ҳам нишастанд.
Ҷанбаи дигари ин нишаст аз он сабаб аҳамияти боз ҳам бештар касб намуд, ки аввалин бор аз замони ҷорӣ шудани таҳримҳои густурда аз ҷониби Ғарб алайҳи Русия ба вуқӯъ пайваст ва ин кишвар узви СҲШ мебошад. 
Дар ин заминаҳо суҳбате доштам бо Шӯҳрат Эргашев, корманди калони илмии бахши иттилооту таҳлили Маркази равобити байналмилалӣ ва нахуст аз вай пурсидам, ки СҲШ барои таъмини амнияти минтақавӣ дақиқан чӣ вазифаҳоро анҷом дода метавонад?
– Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон мушкилоту таҳдидоти геополитикӣ афзоиш ёфта истодааст ва мо шоҳиди онем, ки он торафт шиддат меёбад. Мехоҳам таъкид кунам, ки на танҳо худи амният монеъи тараққиёти кишварҳо мебошад, имрӯз мо дида истодаем, ки дар тамоми ҷаҳон мушкилоти ғизову амнияти озуқавӣ, мушкилоти экологӣ, хушксолӣ дар кишварҳои Аврупо, обхезиву селҳои харобиовар дар кишварҳои ҳамсоя ва амсоли он ба вуқӯъ мепайванданд. СҲШ ин созмони вижа фақат алайҳи таҳдидоти амниятӣ нест, балки он шомили соҳаҳои гуногун, аз ҷумла амнияти экологӣ, иқтисодӣ, савдо, саноат, молия, сармоягузорӣ, равобити фарҳангӣ ва гуманитарӣ буда, дар ин масъалаҳо нақши муассир ва созанда анҷом медиҳад. СҲШ, бешубҳа, блоки ҳарбӣ нест. Дар шароити афзоиши таҳдидоти умумиҷаҳонӣ СҲШ як созмони трансминтақавӣ мебошад, ки се қитъа – Осиёву Аврупо ва Африқоро бо ҳам муттаҳид месозад. Ҳадафи созмон рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои узви он мебошад. Ҷаззобияти ин созмон ба тадриҷ афзоиш хоҳад ёфт ва дар оянда  шояд кишварҳои зиёде барои пайвастан ба узвияти он иқдом кунанд. Яке аз масъалаҳои Созмони ҳамкории Шанхай таъмини амният, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Ин масъалаҳо дар чаҳорчӯби он баррасӣ ва ҳаллу фасл мешаванд. Мамлакатҳои аъзои СҲШ машқҳои зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд. Ҳамчунин барномаи тулонимуддати вижаи мубориза бо маводи мухаддир дар солҳои 2018-2023 вуҷуд дорад. Байни мамлакатҳои аъзо мунтазам гуфтугӯҳо роҳандозӣ шуда, ки дар ин фазо онҳо табодули таҷриба мекунанд. 
– Дар Осиё Эрон яке аз кишварҳои тавонманд мебошад ва аз узвияти он дар СҲШ чиҳоро интизор шудан мумкин аст?
— Эрон дар СҲШ, бидуни шак, дар пешравии он ҳиссаи бузург хоҳад гузошт. Чун СҲШ мақсади рушди равобити кишварҳои аъзои онро дорад. Гузашта аз ин, пайвастани Эрон ба вижа барои пешрафти кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр муҳиму муфид хоҳад буд. Хусусан, дар соҳаи нақлиёт, дарстрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ Эрон кишвари барои мо бисёр муҳим маҳсуб меёбад. Он бандарҳои баҳрӣ дорад ва дастрасӣ ба он барои рушду нумӯъи муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ бо соири кишварҳои ҷаҳон ва афзоиши савдо бо онҳо бевосита мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир як хати роҳи оҳан ба бандари Бандар Аббос ва ду роҳи автомобилгард вуҷуд дорад, ки Эронро бо кишварҳои СҲШ васл мекунад. Аввалан, дар соҳаи нақлиёт нақши Эрон ҳамчун узви СҲШ бисёр таъсиргузор хоҳад буд. Сониан, Эрон дорои мероси фарҳангии ғанӣ мебошад ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи фарҳангӣ барои наздик шудани мардуми Эрон ва кишварҳои СҲШ, аз ҷумла мардуми кишвари мо  хеле муҳим хоҳад кард. Омӯзиши таърихи бостониву фарҳанги ғании Эрон, бидуни шак, омили пешрафт ва иртиқои СҲШ ба сатҳи нав хоҳад буд.
– Дар бораи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар СҲШ назари шуморо донистан мехостам.
– Бо итминони комил давраи раёсати Ӯзбекистон дар ин созмони бонуфузро, ки доираи иштирокчиёнаш беш аз пеш васеъ меёбад, аз муваффақтарин давраи фаъолияти он шуморам. Зеро дар муддати як соли раёсати он, ки сипарӣ мегардад, чорабиниҳои хеле зиёди минтақавӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ шуданд, ки теъдодаш аз ҳаштод мегузарад. Барои боло рафтани нуфузи СҲШ нақши Ӯзбекистон хеле муассир мебошад. Барои ҳамин даҳ кишвар мехоҳанд шомили он шаванд, – гуфт дар поён Ш. Эргашев.  
 Бо ташаккур ба   Шӯҳрат Эргашев, корманди калони илмии бахши иттилооту таҳлили Маркази равобити байналмиллалӣ, ки ба суолҳои мо посух дод, ҳамвора ҳаминро илова мекунам, ки нишасти бисту дуюми сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд муваффақона ба поён расид. Бешубҳа, он ба ҳайси падидаи нек ва созандаву муассир  дар торихи ин Созмон боқӣ хоҳад монд.

 Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири Овози тоҷик”.
Шаҳри САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: