Дар Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҷамъомади ғайринавбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Дар Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҷамъомади ғайринавбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Раиси пештараи марказ чанде пеш истеъфои худро эълон намуда буд ва аз ин боис аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ бо иштироки 99 намоянда аз 125 нафар даъватшуда ҷамъомад барпо шуд.
Ҷонишини раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон А. Тошев ба сухан баромада таъкид намуд, ки солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат алоқаҳои дӯстона, кушодадилӣ, ҳамҷиҳатии байни миллатҳо дар ҷумҳурӣ мустаҳкам мегардад. Ба марказҳои миллӣ-фарҳангии миллатҳо дар баргузории анъана, урфу одат, гиромидошт ва ҷашну идҳояшон ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Барномаи анҷуман аз се масъала: тасдиқи лоиҳаи оинномаи марказ, ҳисоботи солонаи марказ, ҳисоботи комиссияи тафтишот, интихоби раиси нав иборат буд.
– Албатта, бояд нафареро ба раисии марказ интихоб намоем, ки ӯ пуртаҷриба, ташкилотчӣ, соҳиби дониши пухта бошад. Дард, муаммо ва мушкилоти мардумро ба идораҳои болоӣ расонда тавонад. Дар ҷашну ид, тантанаву ҷамъомадҳои ҳукуматӣ ва миллӣ бо аъзоёни худ фаъол иштирок намояд, – мегӯяд намоянда аз вилояти Навоӣ Дилмурод Қӯзиев.
– Мо аз раиси нав корҳои зиёд, аз ҷумла оиди ҳаллу фасл намудани мушкилиҳои муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олии тоҷики ҷумҳурӣ, расондани китобҳои дарсиву бадеӣ, таъмири синфхонаҳо ва ҳоказоро интизорем. Дар ин корҳо ба раиси навинтихобшуда муваффақият металабем, – мегӯяд омӯзгори гурӯҳи тоҷикии Донишкадаи омӯзгории вилоятии Чирчиқ Т.Носирова.
Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз се нафар номзад собиқ муовини ҳокими вилояти Ҷиззах, номзади улуми фалсафа Гуландом Субҳонова ба овози зиёдтар раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ интихоб гардид. Г.Субҳонова ба аҳли маҷлис барои эътибор ва бовариашон арзи сипос намуд ва таъкид кард, ки баҳри рушди фарҳанг, забон, урфу одат, анъанаю қадриятҳои миллати тоҷик дар Ӯзбекистон хидмат хоҳад кард.
С.БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».