Анҷумани байналхалқӣ

Дар Бухоро бо ташаббуси сарвари давлат таҳти унвони «Мадрасаи «Мири Араб 500 сол: дирӯз ва имрӯз» анҷумани байналхалқии онлайн баргузор гардид.

Дар Бухоро бо ташаббуси сарвари давлат таҳти унвони «Мадрасаи «Мири Араб 500 сол: дирӯз ва имрӯз» анҷумани байналхалқии онлайн баргузор гардид. 
Ин тадбир бо ҳамкории Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, Кумитаи оид ба дин, ҳокимияти вилояти Бухоро, марказҳои илмию тадқиқотии байналхалқии «Имом Бухорӣ» ва «Имом Тирмизӣ», Маркази тамаддуни исломи Ӯзбекистон, Академияи байналхалқии исломи Ӯзбекистон созмон ёфтааст. 
Ҷонишини ҳокими вилояти Бухоро Эркин Маҷидов маърӯза кард. Вай дар бораи таърихи мадраса, мавқеи он дар олами ислом, шогирдони шуҳратманди ин мадраса, аз ҷумла Шаҳобиддин Марҷонӣ, Шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф, Қорӣ Раҳматулло Обидов, Усмонхон Алимов, Оллоҳшукур Пошшозода, Талъат Тоҷуддин, Аҳмад Қодиров, саҳми онҳо бобати ҳифзи ислом аз ҳар гуна тазъиқҳо, дигаргуниҳои азими солҳои истиқлол: фаъолияти се мадраса ва беш аз сад ташкилоти динии вилоят, бо ташаббуси Ш. Мирзиёев дар ДДБ ташкил шудани равияи исломии «Таърихи ислом ва манбаъшиносӣ», таъсиси мадрасаи олии «Мири Араб» ва дар назди он ба фаъолият оғоз кардани «Мактаби илми тасаввуф», ободгардонии зиёратгоҳҳо ва омӯзиши мероси маънавию илмии авлиё ва ғайра таваққуф намуд. Дар тадбир қариб 50 маърӯзаи алоқамандони соҳа аз кишварҳои Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин хатмкунандагони мадрасаи Мири Араб шунида шуда, таклифу тавсияҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иштироккунандагони анҷуман филми ҳуҷҷатии «Таърихи мадрасаи Мири Араб: дирӯз ва имрӯз» намоиш дода шуд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: