АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АРТУЧ

ё ки тараннуми дӯстӣ

Аз суҳбатҳои батакрор бо ҳамсабақи давраи донишҷӯиам, олими намоёни тоҷики муқими Алмаато Сафар Абдуллоҳ шунида будам, ки Артуч яке аз деҳаҳои  табиати пурфусун, чашмасорони шаффофу мусаффо, мардумони меҳнатдӯсту меҳмоннавоз аст. Вақте ки ректори Донишгоҳи омӯзгории  Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ зимни даъват ба як конфронси илмию амалии байналмилалӣ гуфт, ки он маҳз дар кӯҳистони Артуч баргузор мегардад, фавран борхалтаамро тайёр кардаму омодаи сафар шудам.
Дар сари роҳе, ки моро ба сӯи фароғатгоҳи Артуч мебурд, мақбараи Одамушшуаро Рӯдакиро зиёрат кардем. Аз китобхона ва осорхонаи ин маскани нуру зиё ва маърифат боздид ба амал овардем. Ин ҷо мизбонон моро бо нону ҷурғот меҳмон карданд ва баъд сафарамонро боз идома додем.
Ҳаргиз гумон намекардам, ки равуо аз тариқи роҳ ба минтақае, ки «Фароғатгоҳи кӯҳӣ – кӯҳнавардии Артуч» он ҷо маскан гузидааст,  барои мошинҳои сабукрав чандон осон нест. Бо вуҷуди ин, даъватшудагони зиёд, ки дар байнашон бештар аз ҳафтод нафар олимону донишмандон, профессорҳои донишгоҳҳои мухталифи шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон низ шомил буданд, бе ягон дудилагӣ худро ба ин маскани зебо мерасониданд.
– Мо барои сесад нафар ҷойи хоб ва хӯрок омода кардаем. Меҳмонони конфронс дар баробари муҳокимаи мавзӯъҳои мадди назар аз табиати фусункори ин ҷо баҳраманд хоҳанд шуд,– гуфт Муаззамхон Ансорӣ.
Тибқи барнома  6 июл дар майдони васеи фароғатгоҳ маросими ифтитоҳи конфронс баргузор гардид. Он ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Барномаи даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028», ҳамчунин, «Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир» бахшида шуд.
М. Ансорӣ гуфт, ки маросими ифтитоҳро баргузор мекунем ва аз рӯзи дигар дар бахшҳо ба маърӯзаҳо ва баррасии онҳо мепардозем. Ба ин тартиб мизбонону меҳмонон ифтитоҳи конфронсро як-як ба ҷамъи иштирокчиён шодбош гуфтанд. Онҳо изҳори  боварӣ намуданд, ки ин чорабинӣ дар мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқати мардуми ду кишвар хеле нақши муассир хоҳад бозид.  Аммо ҳавои сарди атроф, ки баъди тулӯъи офтоби тафсон ҷисми аҳли анҷуманро оҳиста дир-дир меларзонд, дастандаркорони онро водор сохт, ки сухангӯиро мутаваққиф сохта, ҷомаву миёнбандҳоро ба меҳмонҳо тақсим кунанд.
Тибқи барнома Муаззамхон Ансорӣ ба иштирокчиёни конфронс изҳор кард, ки онҳо як сол муқаддам чунин чорабинӣ баргузор намуданд. Имсол он мақоми байналмилалиро касб кардааст ва муаллифон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон 300 мақола ироа намудаанд, ки дар маҷмӯаи дастаҷамъии илмӣ ба нашр хоҳад расид.
Вай тазаккур дод, ки донишгоҳи онҳо яке аз аввалинҳо дар фазои шӯравии собиқ даҳ сол муқаддам барои донишҷӯёни худ омӯзиши фосилавиро ҷорӣ кардаанд. 
– Ҳамин конфронс метавонад барои омӯзгорони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он ба сифати курси такмили ихтисос хизмат кунад.  Зеро дар ин ҷо вобаста ба мавзӯи омӯзиши фосилавӣ миёни олимону донишмандон мубодилаи афкор сурат хоҳанд гирифт ва дар донишгоҳҳои дигар ҷорӣ намудани онро таъмин хоҳанд кард. Ба таври мисол дар  Чин ҳафт миллион нафар аз тариқи омӯзиши фосилавӣ таҳсил мекунанд ва танҳо 70 ҳазор ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд,– иброз дошт М. Ансорӣ.
Мудири генералии «Юнивер онлайн»-и шаҳри Екатеринбурги Русия Алфия Аббязова дар тақвияти ҳарфҳои Ансорӣ гуфт, ки эҷоди китобхонаи электронӣ низ, ки ин ҷо дидааст, хеле мусоидат менамояд, ки донишҷӯён аз маводи ин китобхона фаровон истифода кунанд.
– Дар оғӯши чунин табиати зебо гирдиҳам овардани мо кори содда нест. Ин анҷуман имкон медиҳад, ки мо Тоҷикистони нав ва устуворона пешравандаро бубинем. Ширкат дар ин анҷуман бозгӯи он аст, ки наслҳои устодон Сино ва Берунӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ, Айнӣ ва Ғафур Ғулом ҳамеша барои гуфтугӯ, омӯхтану ба якдигар омӯзонидан ниёз доранд. Воқеият аст, ки шаҳри Панҷакенти бостонӣ  чунин нишастҳои бонуфузро баргузор карда метавонад,– гуфт раиси Иттиҳодияи файласуфҳои Ӯзбекистон, доктори илми фалсафа Қиёмиддин Назаров.
Ба таъкиди мавсуф Донишгоҳи ирригатсия ва муҳандисони механизатсиякунонии кишоварзии Тошканд 85-сола шуд ва он мутахассисони обу кишоварзӣ тайёр мекунад.  Дар конфронс гуфта шуд, ки мушкилоти об барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ муаммову мушкилоти муштарак маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки агар ин мавзӯъ дар ҳама нишасту конфронсҳо ошкоро ва рӯирост дар миён гузошта шавад, ҳалли он хеле осон хоҳад шуд. Барои ҳамин кишварҳои минтақаро лозим аст, ки дар ин масъала ба хулосае биёянд.
Устоди Донишгоҳи техникии Тошканд ба номи И.Каримов, доктори илми таърих Раҳбарой Холиқова зимни суханронӣ изҳор кард, ки олимону донишмандон ва омӯзгорон ба ин конфронс барои тарғиби илму маърифат ва мубодилаи афкор, ҳамчунин таҷрибаивазкунӣ омадаанд. Бевосита дар ҷараёни ҳамин табодули назарҳои мо ғояву фикрҳои нави ҳамкорӣ арзи вуҷуд мекунанд. Бар асоси он мо метавонем, ки минбаъд барои манфиатҳои ҳарду кишвар ва пешрафти кори таълиму тарбия беҳтару бештар хизмат кунем.
Насибахон Сотволдиева аз тариқи мастер-класс нишон дод, ки ҳунармандӣ бо илмҳои дигар дар ҳамкорӣ ривоҷ меёбад. Ба гуфтаи ӯ Иттиҳодияи ҳунармандони Ӯзбекистон ба оро додани китоб, ки ин ҳунар як муддат ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дубора рӯй овардааст. Вай тазаккур дод, ки  алҳол китобҳои зиёд тавассути дастони мӯъҷизакори аҳли ҳунари ородиҳандагон зебу зиннат пайдо кардааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТОШКАНД – ПАНҶАКЕНТ –ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: