АНҶУМАНИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Дар Бухоро ба муносибати 1044-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади омӯзиш, тарғиб намудани эҷодиёт ва мероси илмии олими қомусӣ, падари илми тиб – Абӯалӣ ибни Сино анҷумани илмию амалӣ ба амал омад.

Чорабинӣ бо ҳамкории Шӯрои вилоятии ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Фонди ҷамоатии Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро, шуъбаи вилоятии Маркази ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ ва ҳокимияти ноҳияи Пешкӯ созмон ёфт.
Ба сухан баромадагон дар бораи ҳаёту фаъолият, китоби «Қонунҳои тиб» ва ақидаҳои олим бобати таълим, инчунин асарҳои тиббии ӯ таваққуф карда, муҳим будани омӯхтани онҳо, ҷуста ёфтан ва таҳқиқ намудани асарҳои ҳанӯз дастраснашудаи Шайхурраисро таъкид карданд. Аз ҷумла, роҳбари Фонди ҷамоатӣ доктори илмҳои тиб, профессор Мусо Ӯринов гуфт, ки ҳоло аз Ибни Сино то мо 242 асар омада расидааст. 60-тои онҳо оиди фалсафа, илоҳиёт, 43-тоаш оиди муолиҷа, оиди мантиқ 19,  оиди руҳшиносӣ 26, оиди илми тиб 23,  оиди илми фалакиёт 7, математика 1, мусиқа 1, оиди кимиё 2, оиди этика 9, оиди адабиёт  4 ва 8-тоаш мукотибаҳои илмӣ мебошанд.
Олим дар «Қонунҳои тиб»-и худ дар бораи хусусиятҳои шифобахши қариб 900 растанӣ, роҳҳои истифодабарии онҳо изҳори ақида кардааст.
Ба мақсади рушд додани корҳои илмӣ ва табобати халқӣ дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро чоряк аср инҷониб кафедраи тиббии анъанавии ЮНЕСКО фаъолият дорад.
Дар чорабинӣ узви Сенати Олий Маҷлис, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абера Ҳусенова низ ба сухан баромад.
Иштироккунандагони анҷуман бо осорхонаи Ибни Сино, санадҳои муҳим ва асарҳои ӯ шинос шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: