АНҶУМАНИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси факултаи филологияи рус ва қазоқ дар Донишгоҳи давлатии Навоӣ бахшида ба 225-солагии адиби бузурги рус Пушкин анҷумани байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар анҷуман намояндагони донишгоҳҳои кишвар, муҳаққиқони илмӣ, ҳамчунин олимон аз донишгоҳҳои Туркия, Ҳиндустон, Русия, ИМА, Белорус, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон тариқи онлайн ва офлайн иштирок намуданд.

Дар анҷуман доири «Муаммоҳои муҳими омӯзиши фанҳои филологӣ: инноватсия ва пешомадҳо» маърӯзаҳо шунида, ҳалли муаммоҳои соҳаи таълими фанҳои филологӣ таҳлил ва баррасӣ гардид.

Дар поёни анҷуман аз ҷониби донишҷӯёни факулта аз осори А. С. Пушкин саҳначаҳо гузошта шуда, аз шеърҳои шоир қироат намуданд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: