АНҶУМАНИ ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

Ба муносибати сисолагии ташкил ёфтани Донишкадаи политехникии Ҷиззах анҷумани илмӣ-техникӣ таҳти унвони «Роҳҳои ҳалли инноватсионии мушкилоти марбут ба техника, муҳандисӣ ва технологияи истеҳсолот» баргузор гардид.

Дар анҷуман қариб аз чил муассисаи таълими олии мамлакатҳои хориҷӣ намояндагон бо мақолаҳои илмии худ ширкат ҷустанд.  
Дар оғози он ректори Донишкада, доктори илмҳои физика Алишер Усмонқулов иштирокчиёнро бо сисолагии таъсисёбии донишкадаи мазкур табрик гуфт. Сипас  дотсенти Институти мушкилоти об, гидротехника ва экологияи Академияи миллии улуми Тоҷикистон Суҳбатҷон Баҳриев, намояндаи Мактаби олии Vosational institute of Transport Technology-и Чин Чианг Жун, профессори Донишгоҳи ба номи Мухтор Авезови Қазоқистони Ҷанубӣ Бердияр Калимбетов, дотсенти Донишгоҳи давлатии сохтмони Маскав Марат Кужин ва якчанд нафари дигар ба сухан баромада, ҳозиринро бо диди илмии хеш шинос намуданд, ғоя ва таклифоти нав  пешниҳод карданд.
Анҷумани бо баррасии паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба истеҳсолот аҳамият пайдо кард ва боиси мубодилаи афкори олимону профессорон гардид.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
.
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: