АНҶУМАНИ ҶАШНИИ ШОИР

Дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро ба муносибати 90-солагии шоир, журналист ва тарҷумон Асад Гулзодаи Бухороӣ таҳти унвони «Навое аз Бухоро» анҷумани илмию адабӣ ба амал омад.

Дар он устодону донишҷӯён, меҳмонон, мухлисони шоир, ҳамкасбон ва наздикони Асад Гулзода иштирок карданд. Ин тадбир бо ташаббуси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, Маркази миллии мадании тоҷикону форсҳои вилояти Бухоро – «Офтоби суғдиён», шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон сурат гирифт.
Депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, номзади илмҳои филологӣ, профессор Таваккал Чориев дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Асад Гулзодаи Бухороӣ таваққуф намуд.
Ректори ДДБ, профессор Обидҷон Ҳамидов дар бораи дӯстии қадимии халқҳои тоҷику ӯзбек, ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла алоқаҳои дӯстонаи ДДБ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳарф зада, ба Асад Гулзода ҳамчун давомдиҳандаи анъанаи эҷоди шеъри тоҷикӣ дар диёри Рӯдакию Абӯалӣ ибни Сино хилъати зардӯзӣ пӯшонд.
Раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Шодмон Сулаймон таърихи зиёд доштани анъанаи дузабонӣ ва хидматҳои шоир Самандар Воҳидро бобати аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума карда, дастраси авлоди имрӯза гардондани намунаҳои эҷодиёти шоирони классикии тоҷик аз Рӯдакӣ то Айнӣ таъкид кард. Сипас, ӯ дар мисоли эҷодиёти Асад Гулзода ва дигарон дар Бухоро имрӯз низ идома ёфтани эҷодиёти бадеии тоҷикӣ изҳори ақида карда, мужда расонд, ки аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Асад Гулзода ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуд ва гувоҳномаи аъзогиро ба шоир супурд.
– Солҳои 80-уми асри гузашта мо шогирдони мактаби миёна шеърҳои шуморо мехондем, – арзи сипос намуд роҳбари шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд, сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳ Исмоилзода.  Ӯ шеъри ба А. Гулзода бахшидааш – «Ду шери худогоҳем»-ро қироат намуд ва ба шоир ҷомаи самарқандӣ пӯшонда, шумораҳои нави маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ»-ро туҳфа кард.
– Банда хушнудам, ки дар ҷашнҳои 60-солагии шоирони мардумӣ М. Турсунзода ва А. Орифов иштирок кардаам. Ҳоло шодам, ки табрики «Пири бухороӣ» насибам мегардад, – гуфт раиси Маркази миллии мадании тоҷикони ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё Карим Тошқулов ва ба соҳибҷашн «Номаи табрикӣ»-и манзуми хешро ҳавола намуд.
Дар анҷуман декани факултети филологияи ДДБ, профессор Дилшод Раҷабов, роҳбари Маркази миллии мадании тоҷикону форсҳои вилояти Бухоро Рауф Авезов ва дигарон низ ба сухан баромада, Гулзодаро бо синни муборак табрик карданд.
Ба чорабинӣ рақсу сурудҳои санъаткорони вилоят, аз ҷумла дастаи «Мавригӣ» ҷозиба бахшид. Хусусан, талқини мусиқии шеърҳои Гулзода дар иҷрои онҳо ба ҳозирон писанд омад.
Дар ҷараёни тадбир бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии факултети филологияи ДДБ ва набераҳои шоир Асад Гулзода мушоираи дилкаш сурат гирифт.
Дар охир соҳибҷашн ба созмондиҳандагони тадбир арзи сипос намуд ва ба донишҷӯён китобҳояшро туҳфа кард.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: