АНҶУМАНИ САМАРҚАНД БО ҚАБУЛИ ДЕКЛАРАТСИЯ ХОТИМА ЁФТ

Муддати се рӯз шаҳри Самарқанди бостонӣ мизбонии анҷумани шашуми байналмилалии Ҷамъияти умумиҷаҳонии “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон– асоси Эҳёи нав”-ро бар дӯш дошт.

Дар ин анҷуман беш аз 250 муаррих, археолог, осорхонашинос, санъатшинос, коллектор, ки вакилони беш аз 35 кишвари ҷаҳон мебошанд, ширкат карданд. 
Дар баргузор намудани анҷуман якҷо бо созмони Ҷамъияти умумиҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси фарҳангии Ӯзбекистон ширкати  ERIEL аз наздик ҳамкорӣ кард. Раиси ин ҷамъият Фирдавс Абдухолиқов мегӯяд, ки роҳбарони осорхонаву китобхонаҳои маъруфи ҷаҳон ва олимони шинохта аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Австрия, Италия, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Русия, Исроил, Малайзия, Маҷористон, Озарбойҷон, Муғулистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои дигар бо ҳузури худ нуфузи ин анҷуманро шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар анҷуман муовини Сарвазир – вазири туризм ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов аз тариқи онлайн иштирок кард.
Ҳадаф аз баргузории ин анҷумани бонуфуз, пеш аз ҳама, гирдиҳам овардани олимону пажӯҳишгарон, ходимони соҳаҳои китобдориву кормандони осорхонаҳои маъруф мебошад. 
Президенти мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва анҷумани васеъмиқёсе, ки дар ин шаҳри бостонӣ ба вуқӯъ пайваст, бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидааст. Вақти он кайҳо расидааст, ки ин мероси ғановатманд мутолиа шаваду ба наслҳои оянда ташреҳ ва тавзеҳ гардад, дар акси ҳол фарзандони оянда аз мавҷудияти чунин хазинаи гаронбаҳо бенасиб хоҳанд монд.
Баъд анҷумани мазкур аз тариқи суҳбати мизи мудаввар ба кори худ идома намуд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ҳар як суҳбати «мизи мудаввар» яке аз паҳлӯҳои муҳими мероси фарҳангӣ ва омӯзишу тарвиҷи он ба наслҳои ояндаро дар худ ифода менамуд. Ба таври мисол, яке аз ин суҳбати мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷамъияти умумиҷаҳонӣ ва фаъолиятҳои нави илмӣ: нақшаҳо ва истиқбол” баргузор шуд. 
Шодимуҳаммад Сӯфизода, доктори улуми филология, директори Китобхонаи марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зимни ироаи афкор иброз намуд, ки 1 ҳазору 500 нусха дастнависҳои нодир дар хазинаи китобхонаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳифз гардидаанд. Бештари ин мавод ба осори арбоб ва адиби маъруф Мир Алишери Навоӣ марбут мебошанд.
– Дар ин замина мо ҳамтоёни ӯзбеки худро ба ҳамкории наздик даъват мекунем ва ин осор бояд мавриди омӯзиш ва тарвиҷ қарор дода шавад. Як қисми он ба забони чиғатоӣ китобат шудаву қисмати боқимонда ба забони имрӯзаи ӯзбекӣ таълиф шудааст. Мо медонем, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон девонҳои зиёд ба ду забон – форсӣ ва ӯзбекӣ таълиф шудаанд. Дар байни ин осори ғановатманд мо мебинем, ки нафасу ҳавои ғазалҳои Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб ба шеърияти Хоҷа Аҳмади Яссавӣ таъсири худро гузоштааст ва дар ҷои дигар акси ин ҳолро мушоҳида мекунем, ки хеле ҷолиб ва муҳим ба назар мерасанд, – изҳор намуд Шодимуҳаммад Сӯфизода.
Вай афзуд, ки илму фарҳанг дунёро аз разолату қабоҳат наҷот медиҳад. Барои ҳамин дар ин самт олимону пажӯҳишгаронро лозим меояд, ки ҷиҳати омӯзиш, ҳифз ва оммавигардонии меросҳои ниёконамон беҳтару бештар мутаваҷҷеҳ шаванд.
Дар ҷараёни суҳбати «мизи мудаввар» он нукта қайд карда шуд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар арафаи сивумин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ қарор доранд, ки моҳи октябри соли равон таҷлил хоҳад шуд. Ба ин муносибат роҳбарони ду давлати ҳамҷавор ва дӯсту бародар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли равон ба Декларатсия дар бораи дӯстии абадӣ имзо гузоштанд. Ин олимон ва тамоми кормандони соҳаи фарҳангро водор менамояд, ки дар ин самт низ ҳиссаи беназири худро гузоранд.
Ба таъкиди иштирокчиёни ин анҷуман фарҳанги дастнависӣ низ барои мардуми ду кишвар мояи ифтихор мебошад. Китобхонаҳо ва осорхонаҳое, ки дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеъ гаштаанд, хазинаи бебаҳотарин ва гаронмоятарин маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд.
Дар бораи осори гаронбаҳое, ки дар ҷойҳои мухталиф маҳфузанд, олимони зиёд фикру ақидаҳои худро радду бадал карданд. Ба гуфтаи онҳо як қатор маводи китобхонаҳову осорхонаҳоро, ки ба давраҳои қадим марбутанд, метавон намунаи беҳтарини мӯъҷизаи фарҳангӣ арзёбӣ кард. Яке аз чунин мӯъҷизаҳое, ки ба давраи Афросиёб рост меояд, ҷомаи пеш аз соли 1311 дӯхташуда буда, ба давраи суғдиён тааллуқ доштааст. Гуфта мешавад, матоъ ва рангубори ба чашм пурра намоёну дидашаванда, ки ҳангоми истеҳсоли он истифода шудааст, хусусиятҳои хоси худро доро мебошад. 
Дарвоқеъ, дар чаҳорчӯби ин конгресс ба масъалаи саёҳат ба ҷойҳои таърихии шаҳри Самарқанд, тамошои ёдгориҳои меъмории он низ вақт ҷудо карда шуд. 
Аз ҳамсуҳбатони мо ҳарфҳои иштирокчии конгресси шашуми Ҷамъияти умумиҷаҳонии мероси фарҳангии Ӯзбекистон Алберто Леви қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ба гуфтаи ӯ ниёкони вай аз яҳудиёни муқими шаҳри Машҳади муқаддас мебошанд. Дар замонҳои гузашта аз Осиёи Марказӣ боздид кардаанд, ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро сафар намудаанд. 
– Дар авохири асри нуздаҳум ба Италия кӯч бастаанд, бобову момоҳои ман ва бо ҳамин Эронро ба куллӣ тарк кардаанд. Ҳамеша мехостам, ки як бор Эронро бо чашмони худ бубинам. Аммо ҳанӯз ин кор бароям муяссар нашудааст, аммо ба масъалаи мероси фарҳанги ниёкон таваҷҷуҳам хеле зиёд аст. Ба Ӯзбекистони шумо ва ин шаҳри зебои Самарқанд бори нахуст ташриф овардам,– мегӯяд Алберто Леви. – Маро табиати ин сарзамин,  муомилаи хуши одамон, мероси рангини фарҳангии онҳо ба ҳайрат овардааст. 
Манзараи дигаре, ки дар чаҳорчӯби ин коргресс мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни он қарор гирифт, ҳузури рассомони хориҷӣ мебошад, ки мероси фарҳангии Самарқанди бостониро тавассути мӯйқалам ва рангҳои ҷозибадор ба тасвир кашидаанд. Ин манзара бевосита дар пеширӯи биноҳои гуногун ва иншооте сурат гирифт, ки аз қадим то ҳол ба мерос мондаанд. 
– Ҳоло дар ин шаҳр ҳудуди 30 нафар рассомон аз кишварҳои мухталифи узви СҲШ ташриф овардаанд ва ба корҳои худ машғуланд. Дар байни онҳо рассомон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Муғулистон, Эрон ва соири кишварҳои дигар хазинаи осорхонаҳои Самарқанд ва шаҳрҳои дигари Ӯзбекистонро ғанӣ хоҳанд сохт, – мегӯяд директори Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон Васила Файзиева.
Тавре ки вай афзуд, аксари корҳое, ки дар ин шаҳр ба анҷом мерасанд, ба ифтихори нишасти навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ сурат мегиранд, ки 15-16 сентябри соли равон ба вуқӯъ мепайвандад. 
Дар маросими хотимавии Конгресси шашуми байналмиллалии Ҷамъияти умумиҷаҳонии “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – асоси эҳёи нав” як қатор пешоҳангони кори китобхонаҳо, осорхонаҳо, инчунин аъзоёни фаъоли ин ҷамъият, ки дар татбиқи лоиҳаи он саҳми бузурги худро гузоштаанд, бо ташаккурномаҳову туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд. Дар ниҳояти ин маросим иштирокчиёни конгресс Декларатсияи Самарқандро қабул карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – 
САМАРҚАНД –
ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: