АНҶУМАНИ ТИҶОРАТИИ ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА РУСИЯ

Дар мамлакати мо ҷашнвораи ҷавонони Ӯзбекистону Русия баргузор мешавад.

Дар доираи ҷашнвора дар Қасри эҷодиёти ҷавонон бори аввал анҷумани тиҷоратии ҷавонони ӯзбекистониву русиягӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ соҳибкорони ҷавони ду мамлакат мубодилаи таҷриба карданд, ҳамчунин бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати рақамӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монданд.
Дар маросими кушоиши анҷумани тиҷоратӣ раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон Адҳам Икромов, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Русия Татяна Селиверстова, муовини раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, директори иҷрогари Бунёди «Ёшлар – келажагимиз» Бунёдбек Баҳромбеков зикр намуданд, ки дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла дар самтҳои маданиву инсонпарварӣ муносибатҳои ӯзбекистониву русиягӣ мунтазам инкишоф меёбанд.
Соли равон дар байни Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Иттифоқи ҷавонони Русия меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат дастгирӣ кардан ва инкишоф додани ҳамкориҳоро дар соҳаи ҷавонон дар пояи мустаҳкам намудани робитаҳои байни наврасони ду мамлакат пешбинӣ менамояд.
Дар доираи иҷрои ин меморандум 12-17 феврали соли равон дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва 1-7 октябр дар Маскав, Астрахан ва Волгоград анҷуманҳои ҷавонони Ӯзбекистону Русия гузаронида шуданд. Дар шаҳри Белгороди Русия аввалин инкубатори тиҷоратии ҷавонони русиягиву ӯзбекистонӣ боз гардид.
Тавре ки муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Русия Татяна Селиверстова дар анҷуман иттилоъ дод, моҳи декабри соли равон дар Тошканд аввалин инкубатори тиҷоратии ӯзбекистониву русиягӣ кушода мешавад. Дар соли 2019-ум ба роҳ мондани фаъолияти боз 5  чунин сохторҳо пешбинӣ шудааст.
Боз як иштирокдори анҷуман, директори Маркази байналхалқии лоиҳаҳои тиҷоратии Иттифоқи ҷавонони Русия Алексей Ежов таъкид намуд, ки ҳоли ҳозир дар Федератсияи Русия зиёда аз 20 инкубатори тиҷоратии ҷавонони русиягиву чинӣ амал мекунанд. Минбаъд инкубаторҳои тиҷоратии ӯзбекистониву русиягӣ низ ба ҳамин миқдор расонида мешавад. Зеро барои ин тамоми имконият ва шароитҳо мавҷуданд.
Иштирокдорони анҷуман бо корҳое, ки дар кишвари мо бобати дастгирӣ намудани соҳибкорони ҷавон татбиқ мегарданд, шинос шуданд.
– Мо бо кӯмаки Бунёди «Ёшлар – келажагимиз» фаъолияти худро вусъат додем, – мегӯяд директори ҷамъияти кушоди саҳҳомӣ «Pop Innovations» Сардорҷон Раҳмонов. – Корхонаи мо асосан ба истеҳсоли маводи сохтмон тахассус дорад, дар кори ба иншооти сохташудаистода расонда додани мавод иштирок мекунад, бояд гуфт, ки солҳои охир миқдори онҳо дар мамлакати мо бештар мегарданд. Дар доираи анҷуман муоҳидаи ҳамкорӣ бо соҳибкорони ҷавони Русия ба имзо расид.
Иштирокдорони чорабинӣ бино бар пешомади рушди соҳаи тиҷорати электронӣ табодули афкор карданд.
– Ширкати мо соли 2017-ум корро оғоз кард, он ба мизоҷон аз тариқи онлайн хидматҳои тиҷоратӣ мерасонад, – мегӯяд асосгузори низоми пардохти «Paynet» ва интернет-мағозаи «LeBazaar» Ботир Орифҷонов. – Ҳоли ҳозир пешрафти мамлакатро муносибатҳои тиҷоратӣ куллан бино бар режими онлайн таъмин менамоянд. Бозори рақамӣ барои аҳолии мамлакат қулаиҳои зиёд фароҳам меоварад. Дар натиҷаи рушди савдои онлайн савдо аз тариқи телефонҳои мобилӣ низ вусъат пайдо мекунад. Дар доираи анҷуман бо намояндагони соҳаи тиҷорати Русия бобати ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ муоҳида бастем.
Технологияҳои иттилоотӣ соҳаи муҳими иқтисодиёт мебошанд. Дар анҷуман бино бар рушди соҳибкорӣ дар соҳаи мазкур низ фикру ақидаҳо иброз гардиданд. Тавре ки роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «My Taxi» Акмал Файзиев таъкид намуд, дар бозори технологияҳои иттилоотии Ӯзбекистон ҳанӯз таҷрибаи зарурӣ нест, мутахассисон намерасанд, баъзе мушкилоти бо шабакаҳои интернет вобаста мавҷуданд, ки ҳамаи ин ба пешрафти соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
– Бигирем, интернетро: дар кишвари мо нархи ин хидмат нисбат ба мамлакатҳои дигар чандин баробар бештар аст. Ҳол он ки интернет яке аз ҷузвҳои асосии бозори технологияҳои иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Агар он барои ҳама дастрас набошад, соҳибкорӣ дар ин соҳа инкишоф намеёбад, – гуфт вай.
Дар доираи анҷуман вохӯриҳо дар шакли «В2В» бо иштироки соҳибкорони ҷавон, роҳбарони корхона ва ширкатҳои ду мамлакат баргузор шуданд. Дар ҷараёни  ин вохӯриҳо бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шартномаҳо ба имзо расиданд.
Дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ намоиши маснуоти ҳунармандӣ ва суратҳо баргузор шуд. Иштирокдорон иқтидори худро дар ҷашнвораи рақси замонавӣ ва граффити «Urban fest» озмуданд.

Малоҳат ҲУСАНОВА,
Зуҳра МИРЗАБОЕВА,
хабарнигорони ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: