7 июн дар Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон бо ҳайати Ҷумҳурии Полша таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷӣ Анҷей Папеж вохӯрӣ ба амал омад, ҳамчунин анҷумани тиҷоратии доираҳои корчаллони Ӯзбекистону Полша баргузор шуд.
Ба ҳайати Полша намояндагони тақрибан бист ширкат, ки дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, сохтмон, тиб ва технологияи биологӣ, муҳандисӣ, электротехникӣ, ҳоҷагии қишлоқ фаъолият доранд, дохил шудаанд.
Раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон А. Икромов қайд кард, ки робитаҳои сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳои мо сол аз сол фаъолтар мешаванд. Вай таъкид намуд, ки вохӯрии мазкур барои рушди ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаҳои тиҷоратии байни доираҳои корчаллони ду мамлакат, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба мақсади татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак такони иловагӣ хоҳад шуд.
Дар соли 2017-ум мубодилаи моли байни ду мамлакат тақрибан 104,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар Ӯзбекистон бо иштироки сармояҳои Полша 25 корхона, аз ҷумла як ширкати оид ба коркарди партовҳои саноати энергетикӣ, бофандагӣ ва доруворӣ амал мекунанд.
Дар мулоқот ба аъзои ҳайат дар бораи ислоҳоте, ки дар кишварамон татбиқ мешаванд, имкониятҳои фароҳамовардашуда, беҳтар шудани ҷолибияти сармоявии кишвар, ҳамчунин шароитҳое, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои сармоягузорон муҳайё гардидаанд, маълумоти муфассал дода шуд.
Меҳмонон ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон бобати рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ мешаванд, шароит ва имтиёзҳое, ки барои сармоягузорону соҳибкорон фароҳам оварда шудаанд, баҳои баланд доданд. Зикр намуданд, ки ин вохӯрӣ ва анҷумани тиҷоратӣ ба намояндагони доираҳои корчаллони Ӯзбекистон ва Полша имкон медиҳанд, табодули фикру ақида ва таҷриба кунанд.
Дар ҷараёни анҷумани тиҷоратӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, зиёд кардани миқдори корхонаҳои муштарак, татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявиро муҳокима карданд.
Г. САТТОРОВА, хабарнигори ӮзА.