АНТОЛОГИЯ – ПУЛИ ДӮСТӢ

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки дар солҳои истиқлолият баробари дигар соҳаҳо адабиёт ва санъат низ замони навро бо асарҳои бебаҳои худ беш аз пеш ғанитару сермазмунтар мегардонад.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки дар солҳои истиқлолият баробари дигар соҳаҳо адабиёт ва санъат низ замони навро бо асарҳои бебаҳои худ беш аз пеш ғанитару сермазмунтар мегардонад.
Аз қадимулайём миёни халқҳои ӯзбеку тоҷик риштаҳои мустаҳками дӯстӣ идома дорад. Бахусус, солҳои охир бо саъю ҳаракати роҳбарони ду давлат – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дӯстию бародарии азалӣ ва ҳамҷиҳатии халқҳо боз ҳам мустаҳкам гардид. Миёни ин ду халқи бародар арзишҳои некҳамсоягӣ, баргузории шабнишиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, намоишгоҳҳо, рӯзҳои кино ва дигар чорабиниҳо, ки ба манфиати ҳар ду тараф мебошад, боз ҳам ҷоннок гардид. 
Бо ташаббуси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон” ва ташкилоти ҷамоатии Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғд китоби тозанашри “Антологияи адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон” дар матбааи табъу нашри “Hilol media” (Тошканд) аз чоп баромад. Дар антология аз асарҳои эҷодкорони асри XX ва давраи ҳозираи адабиёти ӯзбек намунаҳо оварда шудаанд. 
“Роҳбари давлатамон доир ба дӯстии азалии халқҳои тоҷику ӯзбек сухан ронда, таъкид менамояд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек ба ду шохи як дарахт, ба ду соҳили як дарё монанданд. Дин, замин, обамон, ки муқаддас ба шумор мераванд, якто, хурсандиву ташвиш, тақдирҳоямон муштарак. Анъанаҳои инсонпарваронаи аҷдодонамонро давом дода, дӯстиву бародарии халқҳоямонро мустаҳкам ва ҳифз намуданамон лозим», – менависад дар пешгуфтори китоб бо номи “Ҳамхун, ҳамҷон, ҳамтан” вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон” Шавкат Ҳамроев.  – «Соли 2019 бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстиву бародарӣ ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон” созмон ёфт. Ҷамъияти мазкур баҳри беш аз пеш рушд ёфтани муносибатҳои ду халқ дар соҳаи маданияту маърифат, фан ва таълим хидмат мекунад. Антологияи мазкур боз як меваи ҳамкории аҳли қалам ба шумор меравад”.
Дар ин китоб аз эҷодиёти беҳтарини шоиру нависандагоне, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ба забони ӯзбекӣ қалам рондаанд, инчунин баъзе аз онҳое, ки дар Ӯзбекистон низ зисту эҷод намудаанд ва менамоянд, намунаҳо гирд оварда шудаанд. Дар маҷмӯа аз осори адибони бузург, мисли Абдулло Қаҳҳор ва Пиримқул Қодиров низ намунаҳо дохил карда шудаанд. Зеро ин ду адиб ҳарчанд дар Ӯзбекистон ҳаёт ба сар бурда, ба камолоти эҷодӣ расида бошанд ҳам, решаҳояшон ба Тоҷикистон алоқаманд аст.
Хонанда вақте антологияро мутолиа мекунад, аз ашъори рангин ва пурмуҳтавои Маҳмуд Тӯлқин, Назармат, Музаффар Зулфиқоров, Зайниддин Дӯстматов, Қосим Мамаҷонов, Ӯлмас Ҷамол, Асқар Маҳкам, Маҳмудҷон Остонов...(ёдашон ба хайр!), Аширмат Назаров, Амон Раҷаб, Амонбой Ҷуманов, Шариф Нуриддин, Шодӣ Саттор, Сулаймон Эрматов ва дигарон бори дигар баҳраманд мешавад. 
“Ҳамкории адабию фарҳангии тоҷику ӯзбек, ки асрҳо инҷониб идома меёбад, яке аз ҳодисаҳои бузурги маънавӣ ба шумор меравад. 
Шеъри ширу шакари Ӯлмас Ҷамол “Ӯзбеку тожик элим”-ро хонандаи ӯзбек ва ҳам тоҷик дӯст медорад ва аз ёд медонад:
Ӯзбеку тоҷик элим тоҷи 
сари якдигаранд,
Ду азиз фарзанди як 
мулку падар ҳам 
модаранд.
Ул бири олтин узукдир, 
ҳам ҷавоҳир кӯз бири,
Бингарӣ, пайванди як 
обу гилу як гавҳаранд.
Ҳазрати Ҷомий, Навоий 
– меҳрининг 
сарчашмаси,
Дар сухангӯйӣ 
тавоноянду бас 
афсунгаранд...

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.  
       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: