«АНТОЛОГИЯИ ШЕЪРИЯТИ ӮЗБЕК»

Солҳои охир баробари муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ робитаҳои фарҳангии кишварамон бо мамлакатҳои дуру наздик рӯ ба тараққӣ меоварад.

Солҳои охир баробари муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ робитаҳои фарҳангии кишварамон бо мамлакатҳои дуру наздик рӯ ба тараққӣ меоварад. Яке аз чунин мамлакатҳо Русия мебошад. Дар арафаи Соли нав Хонаи табъу нашри «Ладомир»-и шаҳри Маскав ҷилди аввали «Антологияи шеърияти ӯзбек» аз чоп баромад. Мураттибони китоб шоир ва тарҷумони моҳир М. Синелников ва Н. Орлова, муаллифи лоиҳа Г. Грибовская мебошанд. Нашри мазкур аз он ҷиҳат беназир аст, ки пас аз давраи шуравӣ аввалин маҷмӯа ба забони русӣ мебошад. Мушовирон ҷонишини раиси Бунёди рушди маданият ва кино, актёр Фарҳод Маҳмудов ва ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии Русия – Ӯзбекистон, ҳуқуқшинос, хабарнигор Озод Примов мебошанд.
Пас аз рӯ ба таназзул овардани ҳукумати шуравӣ антологияи дигар, бахшида ба фолклори ӯзбек ба забони русӣ таҳти номи «Афсонаҳои водиҳои шукуфон» соли 2009 аз ҳисоби маблағи Бунёди байналхалқии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ дар Маскав нашр гардида буд, ки мураттиб ва муаллифи сарсухани он низ О. Примов мебошад.  
Нашри антологияи мазкур бо кумаки молии метсенат Алишер Усмонов сурат гирифт.
Ҷилди якуми маҷмӯа давраҳои то асри XIX, ҷилди дуюм бошад, асрҳои XIX-XX-ро дарбар гирифт.
Китобро рассомон С. Феофанов ва Е. Петрова ороиш додаанд.
Нашрияҳои мазкур барои азнавбарқарор кардани робитаҳои кандашудаи фарҳангии ду кишвар ва мардуми он ҳамчун таҳкурсӣ хидмат мекунад.

Руслани ОЗОД,
шаҳри Маскав.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: