АНТОНИМҲО ДАР АШЪОРИ ЛОИҚ

Дар ҷараёни дарси забону адабиёти тоҷик аз методҳои гуногун ва ё асбоби айёниву адабиётҳои иловагӣ истифода кардан мумкин.

Дар ҷараёни дарси забону адабиёти тоҷик аз методҳои гуногун ва ё асбоби айёниву адабиётҳои иловагӣ истифода кардан мумкин. Хостем дар дарсҳои мазкур барои омӯзонидани калимаҳои антонимӣ аз шеърҳои Лоиқ истифода кунем. Зеро бо омӯхтани мисолҳои бисёри антонимӣ аз осори адиб хонанда дарсро ба осонӣ азхуд менамояд. Инчунин баён кардани шарҳи мухтасари байт дунёи маънавии донишомӯзро ғанӣ мегардонад. 
Масалан:
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.
Нодон, чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аммо чӣ битвон кард, агар нодоние доно кунад?
Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд, нохуб шуд,
Аз кӯр завқе дод агар, истеза бо бино кунад! 
(Лоиқ Шералӣ. Ману дарё. Саҳ. 107)
(мард-номард, доно-нодон, бино-кӯр, завқ-истеза)
Хонанда вақте ки шеърро мутолиа мекунад, хислатҳои инсонияш боз аз нав эҳё мегардад.  Чунки дар байти болоӣ тазоди некӣ ва бадиро бараъло фаҳмиданамон мумкин.
Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,
Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст. 
(Лоиқ Шералӣ. Саду як ғазал. Саҳ. 22)
(нарм-дурушт)
Воқеан ҳам кӯҳистониён дили нарм доранд. Яъне диле, ки фиребу иғво ва мунофиқиро надорад. Шахсе, ки бад мешуморад, он саҳв кардааст.
Дар ҷаҳони душманонӣ, дӯстонро гум макун,
Дар миёни каҷравонӣ, ростонро гум макун. 
(Лоиқ Шералӣ. Ману дарё. Саҳ. 131)
(дӯст-душман, рост-каҷ)
Дар як байт ду ҷуфт калимаи зидмаъноро шоир ғунҷоиш додааст, ки мавриди омӯзиш мувофиқи матлаб аст. Шеърҳои шоир ҳаётиву воқеӣ аст, ки шахс аз душману каҷҷиҳо канора ҷуста, ба дӯстию ростӣ бояд майл кунад. 
Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ. 
(Лоиқ Шералӣ. Ману дарё. Саҳ. 147)
(шаб-рӯз)
Гузаро будани ҳаёт ва наёфтани шахс баъди фавт, албатта, ҳақиқати ҳаётист. Ин аст яке аз нуктаҳои нозуки ҳаётӣ, ки шоир устокорона гуфтааст.
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар. 
(Лоиқ Шералӣ. Дасти дуои модар. Саҳ. 81) 
(замин-осмон)
Хулоса карда гӯем, калимаҳои антонимӣ дар шеърҳои Лоиқ инъикоси худро ёфтааст, ки мо чанде аз онҳоро мушоҳида кардему халос. Шеърҳои шоирро дар дарсҳои забону адабиёт нисбат ба синну соли хонанда дақиқан ва мукаммалан таҳлил кунем, натиҷаовар аст. Хусусан, дарси 71-уми забони тоҷикӣ, ки барои синфи 5 таҳти мавзӯи “Калимаҳои зидмаъно (антоним)” ва дар синфи 10 дарси 8-ум “Услубиёти мутазодӣ”-ро омӯзонидан мусоид аст. Аз шеърҳои Лоиқ нуктаҳои муҳимми ҳаётро дарёфт намуда омӯхтан, омӯзандаро ба модар, Ватан, халқ, миллат, забон, умуман, ба дарки инсон ва таърихи миллии он саҳмгузор буданашро ошкор месозад. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
муаллими забону адабиёти тоҷики мактаби 
рақами 11-уми  ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: