Ду узви як хонадон аз ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Бойбӯрӣ»-и ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё соҳиби Ҷоми ҷаҳон шуданд.
Онҳо Гулойим ва Заррина Отамуродоваҳо мебошанд, ки дар ин авохир қатори садҳо ҷавонони варзишгар дар сабқати таэквандо ширкат варзидаву шарафи Ватанро ҳимоят карданд ва ҳар кадом дар вазни ҷудогона бартарии худро намоиш доданд. Доварони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳунари варзишгарон баҳогузорӣ намуда, Гулойим ва Зарринаро ғолиб донистанд.
Бояд гуфт, ки мусобиқа 1-8 ноябр баргузор гашт ва шаҳри Тошканд мизбонии беш аз 3 ҳазор варзишгар аз 64 кишвари оламро дар ӯҳда дошт.
Гулойим Отамуродова дар вазни 70 кг ва хоҳари ӯ Заррина Отамуродова дар вазни 58 кг вориди сабқат шуданд ва дар байни духтарони таэквандочӣ пирӯз ва ба Ҷоми ҷаҳон мушарраф гаштанд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик», дар вилояти Қашқадарё.