АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРӢ ДИҲАД...

Дар Маркази маҳорати педагогии вилояти Самарқанд барои омӯзгорон ва роҳбарони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти бомуваффақият – асоси натиҷаҳои баланд» дарсҳои маҳорат ташкил ёфт.

Аллакай қариб 300 нафар роҳбарони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муаллимони фанҳои дақиқ бар асоси таҷрибаи Сингапур такмили ихтисос карданд. 
– То соли хониши нав ба беш аз 3 ҳазору 800 нафар омӯзгорон бо усули онлайн таълим хоҳем дод, – иброз дошт сардори садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Ш.Эшонқулов, – ҳоло таҷрибаи Сингапур на танҳо дар Ӯзбекистони Нав, инчунин тамоми дунё паҳн шуда, барои инкишоф ва  ривоҷу равнақи муаллимони фанҳои дақиқ зарур аст. 
– Муаллимони  мактаби мо  дар Маркази маҳорати педагогии вилоят  такмили  ихтисос намудаанд, – гуфт сарвари таълимгоҳи рақами 21-уми шаҳри Самарқанд Сабиҳа Раҷабова, – умед дорем, ки он самараи хуб медиҳад. Зеро ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад гуфтаанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: