АРЧАИ ПРЕЗИДЕНТӢ – ТУҲФАИ БЕҲТАРИН БАРОИ БАЧАГОН

Дар Тошканд тантанаҳои «Арчаи президентӣ» оғоз ёфтанд.

Дар Тошканд тантанаҳои «Арчаи президентӣ» оғоз ёфтанд. Дар ин чорабинӣ, ки дар бинои зебои махсус барои студияи бачагонаи «Томоша» сохташуда мегузарад, тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ ва кӯдакон аз оилаҳои камтаъмин даъват гардидаанд.
Чорабиниҳои «Арчаи президентӣ» ҳар сол ба бачагон як олам шодию хурсандӣ мебахшанд, вай ҷашни муъҷизавиест, ки тамоми кӯдакон тӯли як сол онро орзу мекунанд.
– Ҳама орзу доранд, ки дар чунин ҷашн иштирок кунанд, – мегӯяд тарбиягирандаи Хонаи меҳрубонии рақами 30-юми пойтахт Радмир Ҳафизов. – Мо барои ин ҷашн шеъру сурудҳои махсус тайёр кардем. Истиқболи Соли нав иди басо зебову хурсандиовар аст!
Воқеан, дар ҷараёни навсозӣ ва дигаргуниҳое, ки дар мамлакати мо ба вуқӯъ меоянд, ба таъмин намудани манфиатҳои аҳолӣ, бахусус кӯдакон, ҳифзи пурзӯри иҷтимоии онҳо эътибори муҳим дода мешавад. Халқи мо ва ҷомеаи васеъ шоҳиди он мегарданд, ки чӣ гуна роҳбари давлат ҳангоми сафарҳои худ ба минтақаҳои кишвар шахсан бо ҳолати мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, беморхонаҳои бачагона, хонаҳои меҳрубонӣ шинос мешавад, ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо, рағбатноксозии ҷавонони соҳибистеъдод эътибори махсус медиҳад.
Бахусус эътибор ба хонаҳои меҳрубонӣ ва тарбиягирандагони онҳо афзудааст. Муассисаҳои мазкур ба васояти Гвардияи миллӣ дода шудаанд. Бинобар қаробати кӯдакони ниёзманд дар ҷомеа, таъмин кардани онҳо бо манзил ва омӯзондани касбҳо ташаббусҳои амалӣ татбиқ мегарданд.
... Суруд ва оҳангҳои шӯх садо медиҳанд. Кӯдакон мерақсанд, шеър мехонанд, якҷо сурудҳое месароянд, ки дар тавсифи Ватан, кӯдакии беғубор навишта шудаанд.
Боз як туҳфаи ғайриинтизор барои онҳо намоишномаи мусиқии «Афсона дар бораи паланг» гардид, ки таҳиягари асосии он Нодира Қурбонова мебошад. Вале ҷузви асосии ин тантанаҳо, бидуни шубҳа, туҳфаҳои солинавӣ аз номи Президент буданд!
Чорабиниҳои ҷашнӣ идома доранд.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: 
Аъло АБДУЛЛОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: