АРХИВ – ХАЗИНАИ НОДИР

Нишасти матбуотӣ

Маълум аст, ки ҳуҷҷатҳои давлатӣ, китобу дастхатҳои таърихӣ дар архивҳои давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Онҳоро беосеб, аз намию гармӣ эҳтиёт намудан кори осон нест.
Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси агентии “Ӯзархив” ва маъмурияти «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Тошканд доир ба фаъолияти агентии “Ӯзархив” нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Назар ба гуфтаи директори агентӣ Улуғбек Юсуфов, дар архиви давлатӣ дастхатҳои нодир доир ба таърихи замонҳои гузаштаи давлатдорӣ, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳои миқёси ҷумҳурӣ, инчунин мактубҳои афсарони ӯзбекистонӣ, ки солҳои ҶБВ фиристодаанд, дар тӯли қариб ҳаштод сол ҳамчун коллексия нигоҳ дошта шудаанд. Дар ин мактубҳо изҳори дил ва  орзуву ниятҳои самимонаи аскарон ба падару модар, ёру бародар ва хешу ақрабои худ акс ёфтааст. Дар онҳо оиди ғалаба, ҷасорат ва қаҳрамониҳои майдони ҷанг, нафрат ва лаънати худро бар фашизм ифода намудаанд. Чунин фоҷиаҳои даҳшатовар, ки ҷанговарони мо бо чашми худ дидаанду иштирокчии он шудаанд, албатта барои тарбияи насли наврас манбаи таърихии нодир ба шумор меравад. Аз ҳама муҳимаш, дар ин мактубҳо, ки аз 5 ҳазор зиёданд, ҷанговарон аз ин рӯзҳои сахт, ки ҳар сонияву ҳар дақиқа онҳоро марг таҳдид мекард, нанолидаанд, натарсидаанд, танҳо барои Ватан, озодӣ ва сулҳу осоиш ҷангидаанд. 
Дар чорабинӣ тақдимоти китоб-албомҳои “Мактубҳои аскарон” ва “Алоқаҳои Ӯзбекистон ва Туркия дар ҳуҷҷатҳо” низ ба амал омад. Аз таърих маълум аст, ки халқҳои ӯзбеку туркро дӯстию бародарӣ, риштаҳои хешигарии онҳо мепайвандад. Фарҳанг, дин, урфу одати ин ду халқ муштарак. Ин бошад, ба муносибати байни ду давлат, рушди тамаддуни халқҳои туркизабон хидмат менамояд. Дар ин китоб 113 ҳуҷҷати аз архивҳои Туркия ва Ӯзбекистон интихобшуда дарҷ гардидааст. Дар ҳуҷҷатҳо доир ба ҳифзи бехатарии роҳҳои зиёраткунандагон ва савдогарон, барҳам додани мушкилиҳо, ошӯби Астрахан, қабул кардани сафирони Туркистон, мӯйина ва дигар туҳфаҳои сафирон, харҷи роҳ, ҳал намудани низоъҳои байни хонҳои Туркистон ва мусулмонҳо, ҳамкориҳои соҳаи ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо, мукофотонидани туркистониҳое, ки дар мамлакати Усмонӣ буду бош доранд, ба онҳо мукофотпулӣ ва шиноснома додан, ҷанги Усмониву  Русияи соли 1877, аз Туркистон ба иншооти ҳарбӣ ва роҳи оҳани Ҳиҷоз кӯмак расонидан, содироти абрешим ва чигити пахта аз Туркистон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд. 
Хулоса, архивҳо хазинаи маълумотҳои фарҳангиву таърихӣ ба шумор мераванд. Китоб-албом, ки бо ҳамкории агентии “Ӯзархив” ва Саридораи архивҳои давлатии назди Президенти Туркия тайёр карда шудааст, бобати омӯхтани таърихи давлатдории халқҳои туркӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. 

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.                        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: