АРМИ-2020: ҲАРБИЁНИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ САФИ ҒОЛИБОН ҶОЙ ГИРИФТАНД

Дар қатори беш аз 160 ҷамоаи зиёда аз 30 кишвар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар Бозиҳои VI байналмилалии артиш «АрМИ-2020», ки аз 23 август то 5 сентябри соли равон идома дошт, фаъолона ширкат варзиданд.

Дар қатори беш аз 160 ҷамоаи зиёда аз 30 кишвар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар Бозиҳои VI байналмилалии артиш «АрМИ-2020», ки аз 23 август то 5 сентябри соли равон идома дошт, фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамватанони мо дар 16 самт, яъне: «Пойгаи снайперҳо», «Устои аслиҳасоз», «Муҳити бехатар», «Устои оташфишони артиллерия», «Посбонони роҳ», «Аълочии разведкаи артиш», «Биатлони танк», «Ҳалқаи Элбурс», «Дӯсти вафодор», «Хатсайри бехатар”, “Ошхонаи саҳроӣ”, “Пойгаи ҳарбӣ”, “Эстафетаи ҳарбӣ-тиббӣ”,  «Мусобиқаи снайперҳо”, “ Марафони савора”,  “Устои техникаи зиреҳпӯш” ба дастаҳои алоҳида ҷудо шуда, муносиб иштирок карданд.
Ҷамоаи ҳарбиҳои Ӯзбекистонро, ки дар мусобиқаҳои «Пойгаи ҳарбӣ», «Марафони аспдавонӣ», «Дӯсти вафодор», «Ошхонаи саҳроӣ», «Муҳити бехатар», «Хатсайри бехатар», «Устои оташфишони артиллерия», «Устои яроқсоз», «Устои техникаи зиреҳпӯш»   дар Федератсияи Россия иштирок кардааст, дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов дар зери садои оркестр самимона пешвоз гирифтанд.
Дар маросим роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди вазорат, намояндагони Кумитаи мудофиа ва амнияти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ширкат варзиданд.
— Аз байни сию ду давлат ба ҷойи 3-юми фахрӣ соҳиб шудани шумо ҳисси ифтихори ҳамаи моро бедор кард. Шумо бори дигар исбот кардед, ки артиши миллии мо чӣ қадар тавоно аст. Ман аз номи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бори дигар шуморо бо ин ғалаба табрик мегӯям, — гуфт депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Таваккал Чориев.
Бояд қайд кард, ки баъзе намудҳои бозиҳои «AрМИ-2020» дар Ӯзбекистон, аз ҷумла дар қаторкӯҳҳои Фориш баргузор мешаванд. Имсол мусобиқаи  «Эстафетаи ҳарбии тиббӣ», ки дар кӯҳҳои Фориш гузаронда шуд, барои намояндагони мо пур аз баҳсҳои шадид ва лаҳзаҳои фаромӯшнопазир буд. Дастаи Ӯзбекистон дар раванди иҷрои шартҳо борҳо рекордҳои соли гузаштаро нав кард. Аз ҷумла, дастаи мардона бо натиҷаи 6 дақиқаю 28,8 сония вақти рекордиро ба 1 дақиқаю 8 сония нав кард.
Дар мусобиқаи «Патрули роҳ», ки машқгоҳи округи ҳарбии Шарқӣ бори аввал мезбонӣ мекунад, дастае пайдо нашуд, ки нисбат ба ҳарбиёни Ӯзбекистон  бартарӣ дошта бошад. Дар натиҷа, дастаи мо ҳамкасбони аз Русия ва Беларус омадаро қафо гузошта, ҷойи 1-умро ишғол кард.
Дар мусобиқаи «Дӯсти вафодор»-и  Бозиҳои байналмилалии артиш кинологҳои ҳарбии Ӯзбекистон, ки соли 2017 ҷойи 3-юм, соли 2018 ҷойи 4-ум ва соли 2019-ум ҷойи дуюмро ба даст овардаанд, имсол ба ҷойи 1-ум сазовор шуданд.
—  Дастгирӣ ва дуоҳои ҳамватанони мо барои ноил шудан ба ин пирӯзӣ ба мо нерӯи азим бахшиданд. Ман аз номи ҷамоаамон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев, ки ба мо бовар карда, барои намоиши иқтидори ҳарбии мо тамоми шароитро фароҳам овардааст, миннатдории худро изҳор менамоям. Мо минбаъд низ дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ байрақи кишварамонро баланд мебардорем, — гуфт узви дастаи «Дӯсти содиқ» сержант Улуғбек Нуруллаев.
Мусобиқаҳо оид ба яке аз ихтисосҳои муҳим — «Аълочии разведкаи ҳарбӣ» дар машқгоҳи «Кольцово»-и  шафати шаҳри  Новосибирск баргузор шуд. Дар ниҳоят дастаи Русия ба ҷойи аввал, Ӯзбекистон ҷойи дувум ва дастаи Беларус ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд.
Дар мусобиқаи байналмилалии «Ҳалқаи Элбурс» хизматчиёни ҳарбии кишварҳои иштирокдор дар шароити ниҳоят душвори кӯҳистон ва таҳти фишори шадид як қатор шартҳоро иҷро карданд. Раҳпаймоӣ ба қуллаи Элбурс дар Кабардин-Балқар кӯҳнавардони ҳарбиро аз озмоиши ҷиддӣ гузаронд.
Намояндагони мо дар ин мусобиқа мутаносибан солҳои 2017 ва 2018 ҷойҳои 4-ум ва 5-умро гирифта буданд. Соли 2019 дастаи Ӯзбекистон, ки 12 ҳазору 41 хол ба даст овард,  аз зинаи дуюми шоҳсуфа ҷой гирифт. Соли равон низ ба ҳамватанонамон ҷойи дувум насиб кард.
Соли гузашта ҳамватанони мо  дар байни низомиёни 32 кишвар дар ҷамъ 14 самт  ба 2 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм соҳиб гардида, дар ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷойи панҷумро ба даст оварданд. Имсол бошад, ба 3 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 3 ҷойи сеюм соҳиб гардида, дар ҳисоби умумиҷамоавӣ ба зинаи сеюми шоҳсуфа баромад.

Хуршид ҚОДИРОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: