АРМОНИ АКТРИСАИ ТОҶИК

Дар арафа ва рӯзҳои Соли нав аз телевизион одатан филмҳои мазҳакавӣ, ки ба кас хушҳолӣ мебахшанд, намоиш дода мешаванд.

Дар арафа ва рӯзҳои Соли нав аз телевизион одатан филмҳои мазҳакавӣ, ки ба кас хушҳолӣ мебахшанд, намоиш дода мешаванд. Ба офарида шудани қисмате аз ин гуна филмҳо бештар аз ним аср гузаштааст. Вале тавре ба назар мерасад, ин гуна картинаҳо куҳаншавӣ надоранд, бо вуҷуди ботакрор намоиш ёфтан ҳамон эътибори хурду калонро ба худ мекашанд.
Актрисаи поляк Барбара Присилка бо иҷрои нақши муаллимаи забон ва адабиёти рус Надя Шевелева дар филми «Ҳазли тақдир» ба Мукофоти давлатӣ тақдиронида шуд. Наталя Варлей дар «Асираи Қафқоз», ки 53 сол қабл аз ин ба сурат бардошта шуда буд, симои донишҷӯдухтар Нинаро офарид ва ба яке аз ситорагони кино табдил ёфт. Анастасия Вертинская бо нақши Гуттиэре аз «Одам-амфибия» шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Светлана Светличная дар тимсоли Анна дар филми «Дасти бриллиантӣ» қалби миллионҳо тамошобинонро тасхир сохт. Актриса Наталя Селезнёва бо Лида ва Зинаи худ аз филмҳои «Амалиёти «Ы» ва саргузаштҳои дигари Шурик» ва «Иван Василевич касбашро иваз мекунад», дар баробари ҳамин Александр Демяненко, Юрий Никулин, Георгий Витсин, Евгений Моргунов, Владимир Этуш, Фрунзик Мкртчян ва дигар чеҳраҳои намоёни ҳунар берун аз мамлакати шӯроҳо низ маълуму машҳур гардиданд. Ин симоҳои шинос ва бо маъное қадрдон имрӯз низ аз тариқи филмҳое, ки дар телевизион намоиш меёбанд, меҳмони хонадонҳо шуда, ба онҳое, ки Соли навро истиқбол мегиранд, хуштабъии дигар мебахшанд.
Дар қатори актрисаҳое, ки номашон зикр гашт, ҳунарпешаи тоҷик Сталина Азаматова низ ҷой гирифта ва ӯ метавонист ба Демяненкои машҳур (Шурик) ҳамроҳ нақш бозад. Вале насиб накарда будааст.
Раққоса, актриса, балетмейстер ва коргардон С. Азаматова, ки дар равнақи санъати тоҷик саҳми босазо гузошт, эътибори коргардони номӣ Леонид Гайдайро низ ба худ кашида буд. Ҳамсари ӯ Нина Гребешкова низ ба ҳунари волои Сталина таваҷҷӯҳ зоҳир мекард.
Дар филмҳои мазҳакавии Гайдай нақш бозидан кори ҳар кас набуд. Барои як нақш даҳҳо нақшофарони боистеъдод аз киносанҷиш мегузаштанд. Ҳунарпешагоне, ки ба назари Гайдай афтода ва аз имтиҳони сахти ӯ гузаштаанд, худро хушбахти хушбахтҳо мешумориданд. Вале Сталинае, ки таваҷҷӯҳи коргардону ҳамсари ӯро ба худ мекашид, чаро дар вақти даъватшуда ҳозир нагашт ва дар киносанҷиш иштирок накард? Агар иштирок мекард, эҳтимол, ба ҷои Наталя Варлей дар «Асираи Қафқоз» Нинаи шӯх ва шаддодро ӯ мебозид, бо симои тоҷикона филми машҳури Гайдай ҷозибаи дигар пайдо менамуд.
С. Азаматова соли 1940 ба дунё омада ва баҳори соли 2020 дар ҳаштодсолагӣ вафот кард. Нақш набозидан дар  «Асираи Қафқоз» ё худ «асираи Қафқоз» нагаштан як умр армон шуд дар қалбаш.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон С. Азаматова дар «Тақдири шоир», «Насриддин дар Хуҷанд», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Амалиёти кобра», «Зумрад», «Дӯст доштан-надоштан», «12 қабри Хоҷа Насриддин», «Рояли сафед» барин филмҳо нақшҳои асосию эпизодӣ бозида, ба дили тамошобин роҳ ёфтааст. 
Дар «Зумрад»-и Раҳимов ва Давидсон вай нақши агрономдухтар Гулчинро дар вазъе, ки духтарчаи думоҳа дошт, бо душворӣ бозид. Филм дар Ҳисор ба сурат бардошта шуд. Кабинети директори мактабро ба модараш, ки тифлро нигоҳубин мекард, супурданд. Холӣ, ки шуд, сӯи кабинет метохт, ба тифл шир медод.
Гулчин одатан велосипедсавор майдонҳои киштро давр мезад. Чи шуду велосипед аснои аз баландӣ бо суръат фуромада истодан ва дар муқобил пайдо шудани мошини боркаш чаппа шуда рафт. Хаёли Гулчин (Сталина) ба мурғобию чӯҷаҳояш, ки аз пеш баромаданд, низ банд шуда буд. Актриса рӯйнокӣ ба замин афтид, як бари гунааш захмӣ гашт. Маҷбур шуданд «сёмка»-ро боздошта ва то сиҳат ёфтани рӯи Сталина танаффуси думоҳа эълон кунанд. 
Асное Гайдай тарҳи «Асираи Қафқоз» мекашид, ба нақши асира Сталинаро аз ҳама мақбул мешумурд. 
Ба Душанбе аз ин бобат телеграмма фиристода, актрисаи тоҷикро дархост. Вале директори театре, ки С. Азаматова дар он кор мекард, ба Гайдай гуфт ходимаи мо бинобар ҳомиладор будан ҳозир шуда наметавонад. 
Директор дар ин бора ба актриса ҳатто маълум нанамуд. Баъде Л. Гайдай ва ҳамсараш, инчунин Дамяненко ва дигарон ба ҳафтавори санъат ба Душанбе омаданд, Сталинаро назди худ хонда ва гуфтугӯ  бо директорро ошкор сохтанд. Сталина сахт ба ҳаяҷон омад. Чӣ қадарҳо мехост дар кадом ҳолате набошад, таклифи Гайдайро пазирад, бахти худ санҷад. Афсӯс, насиб накарда будааст «асирагӣ» дар «Асираи Қафқоз». 
Бахт хандид ба Н. Варлей ва актрисаҳои зикршуда, ки дар филмҳои  машҳураш нақш бозиданд. Вале ба номбаршудаҳо бахти оилавӣ насиб накард: Барбара, Наталя, Анастасия, Светлана дуборарӯз ва себорарӯз шуданд. Танҳо Н. Селезнёва, ки дар 22-солагӣ Андрейи 37-соларо шавҳар ихтиёр кард, аз бахти оилавӣ осуд, вале бемориҳои сахт аз сар гузаронд. Мегуфт бемориҳоям бесабаб не, дуои бади зани аввалаи Андрей гирифт...
Сталина ва шавҳараш, ки рӯз ва рӯзгори обод доштанд, ду фарзандро ба воя расонданд. Вале дунёи армон низ будааст ин дунё. Вақте дар телевизион «Асираи Қафқоз» намоиш ёфт, ҳисси омехта бо алам ва армон ҳастии актрисаи тоҷикро ноором менамуд. 

Ш. ГУЛРУХСОР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: